Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии сармураббӣ Фарҳод Холбеков дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола аз тими Малайзия бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “А” шоми душанбеи 13-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид.
Ҳамлагари малайзиягиҳо Лайло Сиямила Нур дар нимаи якуми дидор, дар дақиқаи 16-ум, ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Илая Дишана аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ дар дақиқаи 86-ум ба самар расонд.
Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Филиппин (U-17) бар тими Сурия (U-17) бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дармарҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «А» дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Филиппин, Малайзия ва Сурия барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мубориза мебаранд.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шудааст.
Духтарони футболбози тоҷик дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «А» дар даври 2-юм рӯзи чоршанбеи 15-уми октябр бо дастаи Филиппин ва дар даври 3-юм рӯзи ҷумъаи 17-уми октябр бо тими Сурия вориди рақобат мешаванд.
Баъди натиҷагирии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “А” Филиппин ва Малайзия бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо филиппиниҳо дар ҷойи аввал ва малайзиягиҳо дар ҷои дуюм ҷарор доранд. Духтарони футболбози Тоҷикистон ва Сурия бидуни имтиёз дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
13-уми октябр (душанбе)
Филиппин – Сурия – 5:0
Малайзия – Тоҷикистон – 2:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | Филиппин | 1 | 1 | 0 | 0 | 5-0 | 3 |
2 | Малайзия | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
3 | Тоҷикистон | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
4 | Сурия | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-5 | 0 |
Даври 2-юм
15-уми октябр (чоршанбе)
14:00 – Сурия - Малайзия
17:00 – Тоҷикистон - Филиппин
Даври 3-юм
17-уми октябр (ҷумъа)
14:00 – Филиппин - Малайзия
17:00 – Тоҷикистон – Сурия
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тайланд ва Ветнам ҷараён дорад.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола 27 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил шудааст: се гурӯҳ аз чаҳор даста ва панҷ гурӯҳ аз седастаӣ иборат мебошанд. Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола, ки дар Чин доир мегардад, роҳ меёбанд.