Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 12 даста иштирок мекунад


Маросими қуръакашии 34-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 7-уми феврал дар Душанбе доир гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олии кишвар, ки 7-уми март оғоз меёбад, 12 даста иштирок мекунад: «Истиқлол», КМВА (Клуби мараказии варзишии артиш, ҳарду аз Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунода), «Барқчӣ» (Ҳисор), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ), “Ҳулбук” (Восеъ).

Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввали мусобиқа дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: “Панҷшер” – “Ҳулбук”, КМВА – “Ҳосилот”, “Барқчӣ” – “Регар-ТадАЗ”, “Истиқлол” – “Хуҷанд”, “Вахш” – “Эсхата”, “Равшан” – “Истаравшан”.

Тақвими пурраи бозиҳо дар мавсими нави қаҳрамонии Тоҷикистон бо истифода аз ҷадвали шатранҷбоз ва олими маъруфи австриягӣ Бергер тартиб дода мешавад.

Мисли соли гузашта қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мегардад. Дастае, ки дар соли 2025 дар мусобиқаи Лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи порсолаи Лигаи олии Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» бо 59 имтиёз ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфта буд. Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори сездаҳум ва маротибаи ёздаҳум пайиҳам соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуд.

Дастаи “Хуҷанд”, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 43 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт, барандаи медалҳои нуқра гардид. Дастаи “Равшан”, ки бо 41 имтиёз зинаи сеюмро касб кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш Федератсияи байнулмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) бар асоси натиҷаҳои соли 2024 феҳристи қавитарин мусобиқоти қаҳрамониро дар ҷаҳон нашр карда буд.

Дар ин феҳрист Серия А-и Италия ҷойи аввал, Ла Лигаи Испания ҷойи дуюм ва Премйер-Лигаи Англия ҷойи сеюмро касб карданд. Ба даҳгонаи беҳтаринҳо, инчунин, мусобиқоти қаҳрамонии Бразилия, Олмон, Аргентина, Португалия, Фаронса, Белгия ва Нидерланд шомил гаштаанд. Дар маҷмӯъ, ба феҳрист 100 мусобиқоти қаҳрамонии миллӣ дохил шудааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин феҳрист мусобиқоти қаҳрамонии футболи Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон шомил шудаанд. Аммо Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон дохил нашудааст.

XS
SM
MD
LG