Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷанги Украина чанд тоҷикистонӣ кушта шудааст?


Як таҳқиқоти журналистии ББС ва "Медиазона"  исми 72 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардааст, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, он ҷо кушта шудаанд. Ин омор аз маълумоти тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина ба маротиб камтар аст.

Дар он феҳрист аз ду моҳи пеш гуфта шудааст, ки аз 931 зодаи Тоҷикистон, 196 нафарашон кушта шудаанд.

Гузориши нави таҳқиқотии ширкати ББС дар умум ном ба ном шахсияти беш аз 118 ҳазор низомии русро ташхис ва шиносоӣ кардааст, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд ва дар байнашон хориҷиҳо ҳам ҳастанд.

Баъди нашри феҳристи бисёр ваҳшатноки омори ширкатдорон ва қурбониёни тоҷикистонии ҷанги Русия алайҳи Украина, зоҳиран, омори ахир дар назар гӯё камтар менамояд.

Чанде пеш тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина бо нашри як рӯйхат номи беш аз 900 тоҷикро эълон кард, ки ба ҷанги Украина рафтаанд ва 196 нафарашон кушта шудаанд. Таҳқиқи нави ББС, "Медиазона" ва ихтиёриён бар асоси маълумоти дақиқи ҳуввияти ҳар як қурбонӣ нашр кардааст.

Гузориш мегӯяд, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина дар беш аз чор соли гузашта, бино ба тасдиқи ном ба номи муҳаққиқон, беш аз 118 ҳазор низомӣ аз тарафи Русия ҷон додааст. Дар миёни онҳо 523 шаҳрванд аз 28 давлати хориҷӣ мебошанд, ки бар асоси қарордод ба ҷанг бурда шудаанд.

Дар ҷанги Украина чанд тоҷикистонӣ кушта шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Дар гузориш омадааст, ки эҳтимолан шумори бештарини қурбониҳоро шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ ташкил доданд ва шумори онҳо аз 600 нафар бештар буда метавонад, аммо санҷидани маълумот дар бораи ин гурӯҳи хориҷиҳо бисёр душвор аст.

Аз миёни ҷасадҳои ташхис ва тасдиқшудаи ин таҳқиқот, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама бештар, яъне 72 нафар будааст. Беш аз нисфи онҳо, ба таъкиди муҳаққиқон, аз зиндонҳо ба ҷанг бурда шудаанд ва созишномаро онҳо аксаран бо ширкати "ЧВК Вагнер", имзо кардаанд. Таҳқиқгарон мегӯянд, 43 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанг кушта шудаанд, бевосита аз зиндонҳо бурда шудаанд.

Дар панҷгонаи бештарин кушташудаҳои хориҷии ҷанг аз тарафи Русия – шаҳрвандони Непал, Узбекистон, Гурҷистон ва Украина ёд мешаванд.

Мақомот дар Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки мақомоти рус ба онҳо чунин маълумот намедиҳанд.

Соли 2023 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки тақрибан 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шудаанд. Аз он замон то кунун хабари даргузашти даҳҳо тоҷикистониҳо дар ҷанг расонаӣ шудааст.

Дар ҳолатҳои дигар мақомот ёдовар шудаанд, ки барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Аммо ба фарқ аз Узбекистони ҳамсоя, ки онҳо воқеан ҳам чандин нафарро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина ба зиндон фиристоданд, дар бораи чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон маълумоте нашр намешавад.

Он чӣ ки то ҳол маълум аст, дар миёни қурбониҳои тоҷикистонии ҷанг низомиёну ихтиёриёне ҳам ҳастанд, ки аз Русия тарафдорӣ мекунанд ва бо хости худ ба ҷанг рафтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG