Дар ин бора рӯзи 27-уми март Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар як ҷаласаи байниидоравӣ изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷироне, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҳуҷҷат гирифтаанд, бояд дар баробари мансабдороне, ки асноди онҳоро қабул кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандӣ бо иҷрои шартҳои муайян, баъд аз тафтиш ва марҳилаҳои тӯлонӣ дода мешавад.
Медведев, ки яке аз мансабдорони тарафдори фишори бештар ба муҳоҷирон мебошад, гуфт: “Бояд иҷозатнома ва он санадҳое, ки барояшон додаанд, бекор карда шаванд ва худи шаҳрванди хориҷиро аз кишвар хориҷ намуд. Дар маҷмӯъ агар шаҳрвандии Русия ғайриқонунӣ гирифта шудааст, онро низ бояд лағв кард”.
Ба гуфтаи Медведев, маъмурони интизомии Русия мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро тақвият додаанд. Соли гузашта, ба қавли раиси Шӯрои амният, додситонӣ ҳангоми қонунигардонӣ дар кишвар ҳудуди 30 ҳазор қонуншиканиро ошкор кардааст.
Медведев таъкид намуд, ки мақомот бояд дар ҳама марҳилаҳо шурӯъ аз сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ зимни додани парвонаи иқомату кор ва дар рафти супоридани имтиҳони забон имкони сӯиистифодаро аз байн бубаранд.
Ин даъвати Дмитрий Медведов дар шароите садо медиҳад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар як соли гузашта дарёфти шаҳрвандии ин кишвар то ҳадди ниҳоӣ, дақиқатараш то 45 дарсад кам шудааст. Бар пояи омори нави ин ниҳод дар соли 2024 ҳамагӣ 209 ҳазор нафар шиносномаи русӣ гирифтаанд, ки пасттарин нишондиҳанда дар панҷ соли ахир аст.
Аммо теъдоди муҳоҷироне, ки аз Русия ихроҷ карда шудаанд, баръакс ба таври рекордӣ баланд шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ин равандро бо пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират рабт медиҳад. Аммо таҳлилгарон дар сӯҳбат бо нашрияи "Коммерсант" сабабро аз ҷумла ба ҳамлаи террористӣ дар «Крокус» ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги Украина пайванд додаанд.
Айни замон дар омори нашркарди Вазорати корҳои дохилии Русия дида мешавад, ки дар ин муддат 1757 касро аз шиносномаи русӣ маҳрум кардаанд.
Моҳи августи соли 2024 раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонун дар бораи сабтиноми ҳатмии ҳарбӣ пас аз гирифтани шаҳрвандии Русияро имзо кард. Риоя накардани ин талабот асос барои маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия мегардад. Ин қонун асосан ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дахл дошт.
Дар пайи ҳамин қонун ҳолатҳои зиёди бекор кардани шаҳрвандии зодагони Тоҷикистон расонаӣ шуд.
Гуфтугӯ