Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди ҳиҷоб домани кӯтоҳ ҳадаф қарор гирифт. ВИДЕО, САДО


Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи занон ва оила дар Тоҷикистон
Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи занон ва оила дар Тоҷикистон

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, як ниҳоди тарғибгари либоси миллӣ, мегӯяд, ин иддао, ки дар кишвар маъракаи зидди пӯшиши исломӣ ҷараён дорад, бепоя аст. Зеро ба қавли масъулони ин ниҳод, либосҳои “беодобона” ҳам дар чаҳорчӯби фарҳанги миллӣ намеғунҷанд.​

Баҳси либоси миллӣ. Баъди ҳиҷоб навбати домани кӯтоҳ расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00
Линки мустақим

Мо давлати демократием. Давлати демократӣ ҳуқуқи интихоб додааст. Дӯст доштан, муҳаббат доштан, либос пӯшидан, як шахсро барои худ интихоб кардан ҳуқуқи шахсӣ аст.
Ойниҳол Бобоназарова

Марҳабо Олимӣ – муовини аввали раиси Кумитаи занон – рӯзи 28-уми июл бо хабарнигорон мулоқот кард ва мавқеи ҳукуматро дар ин мавзӯъ шарҳ дод. “Либосҳои беодобонае, ки баъзе аз духтарон ба бар мекунанд, хилофи арзишҳои миллӣ аст”, - гуфт Олимӣ. Ӯ афзуд, ба сурати умум, дар Тоҷикистон касе “ба муқобили сатру ҳиҷоб ва ҳаргуна либоси бегона мубориза намебарад”, балки танҳо “ташвиқу тарғиби либоси миллӣ” ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон гурӯҳҳои кории махсус барои ташвиқи либоси миллӣ ба кор оғоз кардаанд. Мақомот маъракаи худро ҳифзи арзишҳои милливу дунявӣ ва ҳиҷобиҳо поймол шудани ҳуқуқи азалиашон арзёбӣ мекунанд. Марҳабо Олимӣ гуфт, ки дар робита ба намунаи либоси миллӣ бо таърихдонҳо ва фарҳангшиносон машварат мешавад.

Марҳабо Олимӣ: "Мо зидди сатру ҳиҷоб нестем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00
Линки мустақим

Мавзӯи таблиғи либоси миллӣ солҳои ахир, дар пасманзари афзоиши шумори ҳавсмандони сатру ҳиҷоб суръати бештар касб кард. Ташвиқи бозгаштан ба либоси миллӣ ҳоло аз тариқи радиову телевизион ҷараён дорад. Дар тӯли ҳафтаҳои ахир, ки мақомоти вазорату оҷонсиҳо аз фаъолияти худ ба хабарнигорон гузориш доданд, пуштибонӣ аз либоси миллӣ ва танқиди "либоси бегона" борҳо садо дод. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл гуфт, ки ҳадафи ташвиқи либоси миллӣ на бозгашт ба асри сангӣ, балки ҳимояи фарҳанги миллӣ аст.

Қабл аз ин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти авоили моҳ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таъсири номатлуби "фарҳангҳои бегона" ҳушдор дод ва гуфт, "агар миллатеро нест карданӣ бошанд, аввал фарҳангашро нест мекунанд."

Бобоназарова: "Давлат сокинонро дурӯя мекунад"

Фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон танзими либоси ҷомеаро нақзи ҳуқуқ ва маҳдудияти озодии интихоб меноманд. ​Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф мегӯяд, ҷомеае, ки худро озоду демократӣ эълон мекунад, шаҳрвандон бояд дар интихоби либоси худ озод бошанд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

​“Агар давлати исломӣ бошад, дар онҷо маҷбуранд, мувофиқи меъёрҳои шариат ҳамин корҳоро кунанд. Мо давлати демократием. Давлати демократӣ ҳуқуқи интихоб додааст. Дӯст доштан, муҳаббат доштан, либос пӯшидан, як шахсро барои худ интихоб кардан ҳуқуқи ҳар фард аст. Инро намешавад ба воситаи қонун ба дӯши касе бор кард. Хоҳед нахоҳед, сокинон дурӯя мешаванд. Ин ҷо либоси хостаи худро ба бар мекунаду фардо ҷои дигар рафтанд, боз дигар хел мепӯшад.”

Баъди ҳиҷоб домани кӯтоҳ ҳадаф қарор гирифт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Аз замони таъсисёбии Тоҷикистон, ҳамчун ҷумҳурие дар ҳайати Шӯравӣ, дар авоили асри гузашта, либоси занону мардон дар ин кишвар дар қолабҳои фарҳанги милливу аврупоӣ рехта мешуд ва Тоҷикистонро як кишвари замонавӣ муаррифӣ мекард. Ҳоло зоҳиран тамоюл ба самти либоси мазҳабӣ аст. Шавқмандии занону мардҳо ба либоси мазҳабӣ баъд аз суқути Шӯравӣ ва боз шудани роҳ ба самти давлатҳои арабӣ оғоз шуд ва дар панҷ соли ахир шакли оммавӣ касб кард.

XS
SM
MD
LG