Амрико дар сӯгвории 12 нафаре нишастааст, ки дар бедодгарии як ҷавони мусаллаҳ дар дохили кинотеатре дар аёлати Колорадо кушта шуданд. Шоми ҷумъа ба шанбе ин ҷавон дар дохили кинотеатр зимни намоиши филми “Бетмэн” аввал ду бӯшкаи газро тарконида ва сипас ба сӯи тамошобинон тир андохта ҳамчунин 58 нафари дигарро замхӣ кард.
Ба гуфтаи Дан Оатес, раиси пулиси шаҳри Аврора 30 захмии дигар дар бемористонанд ва вазъи сиҳатии 11 нафари онҳо бисёр бад аст. Ҷеймс Ҳолмс, ҷавони 24-солаи амрикоӣ, ки ба тирандозӣ муттаҳам мешавад, баъди расидани пулис ба маҳалли ҳодиса таслим шуд. Ҷавонтарин қурбонии ин ҳодисаи фоҷеъабор кӯдаки шашсола будааст.
Муфаттишон ҳамчунин дар хонаи Ҷеймс Ҳолмс, дигар абзори тарканда пайдо кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, тирандозиро маҳкум карда ва амр дод, то ба хотири гиромидошти хотираи қурбониён, парчамҳои Амрико барои 5 рӯз нимаафрошта бошанд. Хадамоти тафтишотии Амрико рабти ин ҳодиса бо терроризмро рад кардааст.

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, ки хабари куштор дар кинотеатри Аврора Колорадо ӯро такон дода ва андӯҳгин кардааст. Квентин Колдвелл як сокини Амрико, ки он соат дар кинотеатр қарор дошт дар бораи ҳодиса чунин гуфт:
"Ман фаҳмидам, ки чизе рух додааст. Дар пушти ман таркише садо дод ва баъд дар фазо дуде пайдо шуд. ман аввал фикр кардам, ки ин як шӯхӣ ё оташакбозӣ аст. баъдан дидам, ки мардум кинотеатрро тарк мекарданд. Дар лаҳзаҳои аввал касе воҳимаву ҳаросе нишон намедод, аммо баъд мардум босуръат ба самти баромадгоҳ давида ҳамаи мо дар қисмати болоии театр ҷамъ шудем. Аз ҳамон ҷо дидем, ки полис бо силоҳ расида омад.