Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: "Ниҳодҳои қудратӣ мехоҳанд, ки сензура ҷорӣ кунанд" (ВИДЕО)


Коршиносон даъвати як мақоми ниҳоди қудратии Тоҷикистонро барои худдорӣ аз пахши хабарҳо дар бораи "ҷиноятҳои вазнин" як навъ ҷорӣ кардани сензура дар фаъолияти расонаҳои мустақили кишвар унвон карданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ибрози назари Шариф Назарзода, сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Суғдро дар бораи худдорӣ аз пахши хабарҳои "баъзе ҷиноятҳои вазнин" сиёсати нодуруст хонд. Ӯ 15 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ​"ин маҳдуд кардани ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъ аст. Ин амали ғайриқонунӣ ва ҷорӣ кардани сензура аст."

Қаршибоев афзуд, ҳар расона ва хабарнигор дар интихоби мавзӯъ ва тарзи пӯшиши он озод аст ва ҳеч ниҳоди давлатӣ ҳаққи дахолат ба умури редаксияи ахбори умумро надорад.

Шариф Назарзода рӯзи 14 июл дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, ки мақомоти пулис дар пайи "муроҷиати модарон ва фаъолон" тасмим гирифтаанд, ки бархе факту рақамҳоро дар бораи ҷиноятҳои вазнин ба ҷомеа нагӯянд ва “ҷавононро ба ваҳшат наандозанд.”

Шариф Назарзода
Шариф Назарзода

Вай дар тавзеҳи ин амр афзуд, боре телевизионҳои маҳаллӣ дар бораи аз болои пул худро ба рӯди Сир андохтани як зан хабар доданд, чанд нафари дигар бо ҳамин роҳ қасди худкушӣ карданд. "Барои ҳамин гуфтем, ки дигар дар бораи баъзе ҷиноятҳои вазнин чизе намегӯем ва хабар пешниҳод намекунем," - гуфтааст Шариф Назарзода.

Зоҳиран манзури сардори пулиси Суғд аз истифодаи истилоҳи “баъзе ҷиноятҳои вазнин”, худкушӣ, кушторҳои ваҳшиёна, таҷовуз ба номус ва ҳамчунин гароиши бархе сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро аст, ки тайи солҳои охир муборизаи мақомот алайҳи онҳо сахттар шудааст.

Раиси идораи пулиси Суғд аз рӯзноманигорон даъват кард, ки ба ҷои нашри ин гуна хабарҳо, “тарзи ҳаёти солим, зебоии зиндагӣ ва дӯстдории он"-ро тарғиб кунанд, то мардум бештар ба зиндагӣ дилгарм шаванд. Аз ин пеш чунин даъват дар сайти хабаргузории расмии Тоҷикистон "Ховар" ҳам нашр шуд ва аз расонаҳои хабариву журналистон даъват шуд, ки дар бораи Тоҷикистон бештар "хабарҳои хуб" чоп кунанд.

Қаршибоев: "Озодии сухан қотили коррупсия аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Саидалӣ Сиддиқ, раиси Оҷонсии давлатии иттилотии “Ховар” аз нашрия ва расонаҳои давлатӣ даъват карда буд, "аз ҷанги иттилоотии расонаҳои хориҷӣ алайҳи Тоҷикистон аз манофеи давлат ҳимоят кунанд". Ӯ дар ҳамоиши “Муколамаи миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар рӯзи 30 майи соли ҷорӣ ба бозбинии сиёсати идораҳои ахбори умуми кишвар таъкид карда ва гуфта буд, "ин сиёсат бояд танҳо бо назардошти амнияту суботи Тоҷикистон роҳандозӣ шавад".

Нуриддин Қаршибоев бовар дорад, ки дар сурати пахш нашудани хабарҳо бо истинод ба манбаъҳои расмӣ ҷои онҳоро овозаю хабарҳои беасос мегиранд ва аз пинҳон кардани хабар воҳима ба миён хоҳад омад. Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ, мегӯяд, дар журналистика хабари баду хуб вуҷуд надорад ва ҳар гуна хабар бояд пахш шавад.

"Ба Шариф Назарзода тавсия медодам, ки ба ҷои эҷоди маҳдудият маркази матбуоти раёсат пурқувват шуда ва дар бораи ҳодисаҳои рухдода иттилои расмӣ ва воқеӣ пахш гардад. Агар хабари расмӣ пахш шавад, ба ҳангомасозию сару садоҳоҳо ҳоҷат намемонад," - шарҳ дод Хуршеди Атовулло.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Ба гуфтаи ӯ, даъвати Назарзода дар ростои дарёфти иттилои расмӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро вақте як ҷинояти мудҳиш аз назари ҷомеа пӯшида мемонад, журналистон ба манбаъҳои ғайрирасмӣ, аз ҷумла, ба овозаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меоранд.

Ҳамзамон, бархе аз хабарнигорон пешниҳоди Шариф Назарзода дар бораи худдорӣ аз пахши хабарҳои ваҳшатангезро то андозае дуруст шумурда, ин даъватро ба манфиати равонии ҷомеа низ медонанд. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабарҳои ҷиноии зиёд пахш шуда ва ҷомеа аз хабарҳои бад хаста шудааст.

Зимнан, пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 фишори ниҳодҳои давлатӣ болои расонаҳои мустақил афзоиш ёфта ва дастрасӣ ба чандин торнамои хабарӣ, бо шумули торнамои Озодӣ ва шабакаи Фейсбук маҳдуд шуд. Афзун бар ин, соли гузашта бар асоси як дастури ғайрирасмии давлати Тоҷикистон ҳамаи манбаъҳои сохторҳои ҳукумат вазифадор шуда буданд, ки хабарро нахуст дар ихтиёри Оҷонсии давлатии иттилотии “Ховар” гузоранд.

Абдулазизи Восеъ, сардабири хабаргузории "Озодагон" гуфт, дар чанд соли охир ба далели фишорҳои афзоянда расонаҳо ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба худсонсурӣ гузашта аз чопи матолиби интиқодӣ дар мавриди мансабдорони давлатӣ ва мавридҳои фасод дар сохторҳои ҳукумати кишвар худдорӣ мекунанд. Ҳамакнун мушкили дигаре ҳам дар дарёфти иттилоот аз манобеи расмӣ пеш модааст.

Ӯ гуфт, "ингуна даъвати Назарзода қобили қабул нест. Агар Вазорати корҳои дохилӣ гӯяд, ки хабари ҷиноятҳоро пахш накунед, баъд як ниҳоди дигар чунин талаб кунад, пас, расонаҳо аз кадом манбаи хабар истифода баранд? Масалан, мегӯянд, ки дар бораи ҷинояти ягон мансабдор хабар чоп нашавад, ки ин он обрӯи ниҳоди давлатиро мебарад. Пас хабаргузориҳо чӣ хел кор кунанд? Кадом хабарро пахш кунанд?" - суол гузошт ӯ.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки дар ду соли охир дар пайи мушкилоти иқтисодӣ ва фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон теъдоди расонаҳо ва нашрияҳои мустақил коҳиш ёфтааст. Аз сӯи дигар, мавқеи воситаҳои ахбори умуми расмӣ тақвият ёфта ва "пропагандаи давлатӣ" пурзӯр шудааст.

Ахиран созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои журналистӣ низ аз маҳдуд шудани доираи озодии баён ва монеаҳои сершумор дар роҳи воситаҳои ахбори мустақил дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар моҳи апрели соли ҷорӣ “ба маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён, озодии матбуот ва нашри озодонаи маълумот, бо шумули масдуд шудани чандин сомонаи хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон” таъкид шуда буд.

XS
SM
MD
LG