Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фикр мекунанд, ки шояд девонаем." Роҳи нави мубориза бо партовҳои зараровар


Як биологи қазоқ ба парвариши магасҳое машғул аст, ки ба гуфтаи вай метавонанд ҳар моҳ то 20 тонна партовҳои зараровари маиширо нобуд кунанд.

Ин ҳомии муҳити зист барои мубориза бо мушкили экологӣ лашкари магасҳои сиёҳро парвариш кардааст, ки метавонанд муҳитро аз партовҳои зараровар пок кунанд. Дар Қазоқистон 40 дар сади боқимондаҳои ғизо ба партовгоҳ меравад, ки барои муҳити зист зараровар мебошанд. Ин магасҳо метавонанд моҳе 15-20 тонна партови органикиро коркард карда, аз он барои кишоварзӣ нуриҳои фоидаовар тавлид кунанд, мегӯяд биологи қазоқ.

Дар Қазоқистон - як кишвари сарватманди Осиёи Марказӣ, мушкили партовгоҳҳои зараровару хатарзо ҳамоно ҳалношуда мемонад. Дар калонтарин шаҳраш - Алмато фаъолони зистмуҳитӣ ва соҳибкорони экологӣ тамоми талошро доранд, то аз роҳҳои дигар ва алтернативии коркарди партовҳо истифода баранд.

Ба Қазоқистон мисли кишварҳои дигар мубориза бо ин мушкил ба сахтӣ даст медиҳад. Ҳарчанд пештар ҳукумат уҳдадор шуд, ки то соли 2060 ба коҳиши ихроҷи гази карбон ноил шавад, барои даст ёфтан ба “иқтисоди сабз” бояд роҳи дарозро тай кунад.

Ба нафъи кишвар ва иқтисод аст, ки бартарӣ ба нафту газ дода шавад. Бино бар ин, партовҳои маишӣ дубора коркард намешаванд. Вале Бекжон Кайргалиев, соҳибкор аз Алмато умедвор аст, ки соҳибкории зистмуҳитӣ имкони рушд ва муваффақ шуданро дорад. Ба шарте ки, мегӯяд ӯ, мардуми зиёдтар аз он огоҳ шаванд.

“Мо дар як рӯз ҳудуди 400 кило маводи органикӣ мегирем. Аз он тақрибан 130-150 кило нурӣ тавлид мешавад,” – гуфт Қайргалиев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

“Ҳоло мо бо 27 тарабхона ҳамкорӣ мекунем. Мехоҳем ҳамкориро бо мактабҳо ҳам оғоз кунем," – афзуд вай.

Маҳз магасҳои сиёҳу металӣ бо дарозии ду сантиметр кори самарбахш доштаанд. Тухми гуруснаи онҳо, ҳамагӣ пас аз як ҳафтаи пайдо шудан, метавонанд миқдори зиёди партовҳои органикиро бихӯранд ва нуриву моддаи зиёди фоидаовар тавлид кунанд. Бо ин роҳ онҳо дар коҳиши тавлиди гази метан мусоидат хоҳанд кард ва таъсири гази гулхонаиро, ки пас аз карбон яке аз омилҳои аслии тағйири иқлим мебошад, кам кунад.

Магасҳои хос дар коркарди партобҳо саҳм мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Кумаки хурде барои ҳалли як мушкили бузург дар Қазоқистон

Дар конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Дубай, ки соли 2023 баргузор шуд, Қазоқистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ буд, ки ба созиши ҷаҳонӣ дар мавриди гази метан пайваст. Аъзои он уҳдадор шудаанд, ки партобҳои газро то соли 2030 сӣ дар сад кам кунанд.

Қазоқистон, чун кишвари манбаи истихроҷи метан уҳдадор шудааст, ки бештар таваҷҷуҳро ба бахши нафту газ равона кунад.

Бино ба маълумоти Эътилофи иқлим ва ҳавои тоза таҷрибаи Black Soldier Fly ё сарбозони сиёҳи болдор, ташаббусе, ки аз сӯйи лоиҳаи СММ оид ба муҳити зист дастгирӣ мешавад, яке аз ду роҳҳои камхарҷ, вале самаранок барои коҳиши зарарҳои партовҳои органикӣ мебошад.

Роҳи дигар сарпӯшҳои биологӣ аст, ки дар партовгоҳҳо истифода мешаванд. Дар баробари тавлиди навъи гуногуни нуриҳо, соҳибкороне, ки аз таҷрибаи Black Soldier Fly истифода мебаранд, метавонанд пилла ё тухми магасҳоро барои тавлиди маводи дигари фоидаовар, аз ҷумла дар бахши моҳипарварӣ ба кор баранд.

Қайргалиев аз давлат кӯмак намепурсад. Вай мегӯяд, тиҷораташ сердаромад аст, ҳарчанд нархи маводе, ки ӯ пешниҳоди харидорон мекардааст, ба фарқ аз нуриҳои анъанавӣ арзонтар аст. Аммо ба таъкиди вай, ҳукумат метавонист огоҳии мардумро дар ин мавзуъ боло барад ва пеш аз ҷамъоварӣ партобҳои маишӣ ба навъҳо ҷудо карда шавад. Қаблан мақомот дар ин замина каме талош карда буданд.

“Як вақт контейнер ё қуттиҳои зард пайдо шуданд. Ин аслан кор надод. Дар ниҳоят боз як мошини партовкашонӣ меомад ва ҳамаро бурда ба партовгоҳи калон мепартофт,” – гуфт ӯ.

Коҳиши партов дар кураи замин

Ҳукумати Қазоқистон эътироф кард, ки дар масъалаи безараргардонии партовгоҳҳо талошҳояш кофӣ набуд. Ба гуфтаи мақомот, соли гузашта аз 4 миллион тонна партовҳои маишӣ танҳо як ҳиссаш коркард шудааст.

Омори дигар вазъро бадтар бозгӯ мекунанд. Дар як ҳамоише дар Қазоқистон гуфтанд, ки соли 2023 аз 100 ҳазор тонна пластикае, ки дар партовгоҳҳо ҷамъоварӣ шуда буд, танҳо 3,5 дар сади он коркард шудааст.

Баҳори имсол Ерлан Нисанбоев, вазири муҳити зисти Қазоқистон, ваъда дод, ки ояндаи наздик дар кишвар 37 корхонаи коркарди партовҳои сахт сохта мешавад. Яке аз созмонҳое, ки кӯшиш дорад, огоҳии мардумро дар бораи замин боло барад, Recycle.Birge аст, ки пайваста дар Алмато “шанбегиҳои экологӣ” ташкил менамояд. Вале ҳадаф аз ин маъракаи поксозӣ, ҷамъоварӣ ва ба навъҳо ҷудо кардани партов, яъне дар қуттиҳои махсус, партовҳои пластикӣ, метал, ороишӣ ва тиббиву бисёр чизҳои дигарро бояд алоҳида ҷамъ овард.

Ташаббускорони баъзе аз чунин маъракаҳо “соҳибкорони экологӣ” ҳастанд, ки аз партов маҳсулот тавлид мекунанд. Мисли Юрий Кирдюшкин, ки дар доираи лоиҳаи Plastic Harahura давоми ду сол бо истифода аз 3 тонна партовҳои пластикӣ ашёи гуногун сохтааст.

Ба бовари ҳомиёни зистмуҳитӣ, муҳимтарин чиз боло бурдани фарҳанги коркард ва ба мардум расонидани он аст, ки чӣ гуна ашёҳоро метавон дубора мавриди истифода қарор дод.

Лайло Муҳиддинова бо як иқдоми начандон калоне талош дорад, дар ин кор саҳми худро гузорад. Вай дар WhatsApp гурӯҳеро бо номи Eco-Guardians таъсис додааст, ки он ҷо ҳама дар мавзӯи коркарди партовҳо ва зарару пайомадҳои он суҳбат мекунанд.

Муҳиддинова мегӯяд, барои кам кардани зарар ба муҳити зист вай беш аз 20 сол боз барои худ либос нахаридааст. Аксари аъзои ин гурӯҳ ҳоло партовҳои худро дигар ба партовгоҳ намебаранд ва барои хӯроки мурғу чорво ба Лайло медиҳанд. Вай аз он хушҳол аст, ки ҳоло аъзои гурӯҳаш огоҳ шудаанд ва ба иқдоми коҳиш додани маводи зараровар дар партовгоҳҳо ҳамроҳ мешаванд.

“Чунин чатҳо муҳиманд. Аз берун шояд кори мо аҷиб ба назар мерасад, гоҳе ҳатто хешовандон фикр мекунанд, ки мумкин мо девонаем. Маҳз ба ҳамин хотир мо бояд якдигарро дастгирӣ кунем. Одамон бояд донанд, ки танҳо нестанд,” – хулоса кард ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG