Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бозор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баста шудааст

Бозори наздимарзии Рузвай, миёни Дарвози Тоҷикистон ва Нусайи Афғонистон.
Бозори наздимарзии Рузвай, миёни Дарвози Тоҷикистон ва Нусайи Афғонистон.

Бозори Рузвай дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, дар наздикии сарҳад бо Афғонистон, ду ҳафта боз баста аст. Мақомот расман шарҳ намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ ин тасмимро ба вазъи амниятӣ вобаста донистанд.

Рӯзҳои гузашта ноҳияи Нусайи Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳиди даргирии шадид миёни нерӯҳои "Толибон" ва як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ буд.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Дарвоз, вазъ ҳамакнун дар Нусай ором аст, аммо ба эҳтимоли зиёд, бо сабабҳои амниятӣ, ин бозори наздимарзӣ баста боқӣ мемонад. Маълум нест, ки он кай боз мешавад.

Ин бозори наздимарзӣ дар деҳаи Рузвайи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст ва сокинони ду тарафи марз ҳақ доштанд, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҷамъ омада, хариду фурӯш кунанд. Бозор чанд сол пеш ҳам бо сабаби бозгашти "Толибон" ба қудрат баста шуда буд. Мақомоти тоҷик дертар ба бозкушоии он иҷозат доданд.

Як сокини ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тоҷирони тоҷик ба бозори "Рузвай" асосан тарбуз, харбуз, ангур, помидор, бодиринг, себ ва гӯшту тухм меоварданд. Харидорони тоҷик ҳам бештар ба собун, либосворӣ, ашёи техникӣ ва анвои гуногуни матоъ ва ашёи рӯзгор таваҷҷуҳ доранд ва бо нархи арзон онро дастрас мекунанд."

Ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзҳои 11-17-уми август шоҳиди даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, буд. Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро маҳкум карда, ба ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ёддошти эътирозӣ фиристоданд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар посух "ибрози таассуфи амиқ" карда, онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донист, аммо аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт.

Дар пасманзари ин ҳодиса, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 19-уми август эълон кард, ки кормандони ҳукумати ин кишвар муваққатан аз сафар ба минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, бавижа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), манъ шудаанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG