Рӯзи 4-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 дар риштаи футзал баргузор мегардад.
Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, бозӣ барои Суперҷом шоми шанбе миёни ду дастаи пойтахт - «Соро Компания» (сармураббиаш Пайрав Воҳидов) ва «Истиқлол» (сармураббиаш Владимир Чурляев) доир шуда, соати 19:00 оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе бори аввал барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон гардида буд. Барои Суперҷом "Истиқлол", қаҳрамони Суперлигаи кишвар, бо "Соро Компания", барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқот, мубориза бурд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Соро Компания”, ки 12-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир гардид, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 4:3 хотима ёфт.
Голҳои “Истиқлол”-ро Рустам Ҳамидов, Муҳаммад Шарипов, Абдуқаюм Умаров ва Шавкат Ҳалимов ба самар расонданд. Дар ҳайати “Соро Компания” Самандар Ризомов ду гол ва Файзалӣ Сардоров як гол заданд.
Дар мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки 2-юми август шуруъ шуд, ҳашт даста иштирок дорад. Панҷ даста – «Соро Компания», «Истиқлол», КМВА (Клуби марказии варзишии артиш), «Амонатбонк» ва «Сомон» - аз шаҳри Душанбе, инчунин «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб мебошанд.
Бояд зикр намуд, КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб дастаҳои нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Мусобиқоти имсолаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо бо системи "хона – сафар" бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила дастаҳои беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот мубориза хоҳанд бурд.
Марҳилаи аввали мусобиқот ба поён расид. Баъди натиҷагирии бозиҳои ҳафт даври мусобиқот дастаи “Сипар”, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шуд, дар ҷадвали бозиҳо бо 21 имтиёз дар ҷойи аввал аст.
Дастаҳои “Соро Компания” ва “Истиқлол” бо 16-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Се даста – “Сомон”, “Амонатбонк” ва КМВА – 9-имтиёзӣ гирифтаанд. “Равшан” се имтиёз дорад, аммо “Регар” ҳанӯз имтиёз ба даст наовардааст.