Яке аз наздикони ин 9 нафар аз деҳаи Хонаободи ҷамоати Даҳана рӯзи 16 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти ин афрод, нимашаби 14-ум ба 15-уми май сурат гирифтааст ва ҳамаи онҳо ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд, ки ҷазои сахте дорад. Мақомот расман дар ин бора хабаре надодаанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин муқими Фаронса ва соҳиби вебсайти "Ислоҳ" аст ва ҳукумати Тоҷикистонро бо лаҳни тунд танқид мекунад. Саҳифаҳои ӯро Додгоҳи олӣ ифротӣ эълон кардааст ва ба зидди худаш ҳам дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароии исломӣ парванда боз кардаанд.
Ин афрод дар кадом шароит боздошт шудаанд, маълум нест.
Як сокини ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кулоб бидуни зикри номаш гуфт, дар ибтидо даҳ нафарро боздошт карданд ва рӯзи 15-уми май як нафар аз онҳоро раҳо намуданд.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ба нафари раҳошуда мақомот гуфтаанд, ки ба волидони боздоштшудаҳо хабар расонад, ки фарзандонашон дар боздоштгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилаи Кулоб ҳастанд.
Наздиконашон мегӯянд, таи ин ду рӯзе, ки аз боздошти фарзандонашон мегузарад, намедонанд дар чӣ шароит нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар як тамос худи Муҳаммадиқболи Садриддин ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз соли 2023 ба ин тараф ҳеҷ сурат-ҳисобе надорад ва "Ислоҳ.нет" ҳам сурат-ҳисоби бонкӣ надорад". Ӯ гуфт, мақомот "аз номи худи Муҳаммадиқболу суратҳисобаш барои боздошти сокинон як баҳонае сохтаанд ва дар асл ин иттиҳомҳо асосе надорад".
Мақомот дар Тоҷикистон дар давоми солҳои охир чандин нафарро барои сӯҳбат бо Муҳаммадиқболи Садриддин, ҳамкорӣ, ирсоли маълумот ваё мукотиба бо ин мунаққиди ҳукумат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
Гуфтугӯ