Киштии онҳо бо 18 муҳоҷири беҳуҷҷат рӯзи 9-уми июли имсол дар наздикии соҳилҳои Колумбия ғарқ шуд. Дар ин ҳодиса камаш як нафар ҷон бохт. Бойхон Жапақ, ҳамсар ва ду фарзандаш наҷот ёфтанд.
Барои ин сафари номуваффақ онҳо мошин ва чорвои худро фурӯхтанд. Хонаро ҳам ба гарав гузошта, қарз гирифтанд. То расидан ба Амрико ба онҳо 40 ҳазор доллар зарур буд.
Тибқи нақша аз Қазоқистон ба Узбекистон рафтанду аз он ҷо ба Қатар ва сипас ба Бразилия. Ин як хатсайри маъмулии ҳазорон муҳоҷири қазоқ аст, ки ба Амрико сафар кардаанд. Барои расидан то Амрико онҳо бояд аз Бразилия ба самҲоло мо дар ин ҷо мемирем. ти шимол ҳаракат карда, тавассути Колумбия, Салвадор, Никарагуа, Гондурас, Гватемала ба Мексика, марзи Иёлоти Муттаҳида, мерафтанд.
Ба гуфтаи ин хонаводаи қазоқ, мушкилоти иқтисодӣ ва талоши фароҳам овардани шароити беҳтар барои фарзандон онҳоро ба ин роҳ бурд. Бойхон Жапақ дар наздикии фурудгоҳи Алмаато таксӣ меронд. Мегӯяд, пули хуб ба даст меовард, аммо барои таъмини оилаи иборат аз 6 нафар намерасид.
“Барои пардохтани қарзи хона, харидани либоси кӯдакон ва хароҷоти мактаб аз кумакпӯлии кӯдакон истифода мекардем,” – гуфт Арай Жапарқуловаи 35-сола, ҳамсари Жапақ. Вай илова кард, ки “барои дарёфти пули иловагӣ кулчақанд пӯхтаву мефурӯхтам. Мо кори бисёр мекардем, аммо ҳеч вақт пули кофӣ надоштем. Барои зиндагии хуб ҳар моҳ ба 1,250 доллар ниёз дорем, аммо даромади мо бисёр кам буд.”
Нақшаҳои барбодрафта
Бо орзуи зиндагии беҳтар моҳи июн зану шавҳар бо ду фарзанди хурдӣ, Бекоси наврас ва Дарини 5-сола, ба сафари тӯлонӣ баромаданд. Қабидулло Қалӣ, сарошпаз аз Алмаато ҳам дар ин сафар ҳамроҳи онҳо буд. Хонаводаи Жапақ бо ӯ дар як гурӯҳи хоҳишмандони сафар ба Амрико шинос шуданд. Баробари расидан ба Бразилия мушкил сар шуд. Кормандони фурудгоҳи Рио-де-Жанейро ба онҳо иҷозаи парвоз ба Манагуа, пойтахти Никарагуаро надоданд.
“Мо билети бозгашт доштем ва дар Манагуа меҳмонхона ҳам гирифтем, вале ба мо иҷозаи парвоз надоданд. Мо нороҳат шудем,” – нақл кард Жапақи 36-сола. Кормандони фурудгоҳ ба онҳо гуфтаанд, Никарагуа рӯйхати мусофиронеро фиристодааст, ки бояд ба ҳавопаймо роҳ дода нашаванд.
Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ фишор меорад, ки пеши роҳи муҳоҷирони беҳуҷҷатро бигиранд ва барои гузаштан аз сарҳад тавассути қаламрави худ иҷоза надиҳанд. Вашингтон дар моҳи май Никарагуаро ба мусоидат дар қочоқи муҳоҷирон айбдор ва нисбат ба он таҳрим эълон кард.
Жапақ мегӯяд, ӯ ва оилааш тасмим гирифтанд, ба Қазоқистон баргарданд. Қалӣ, ҳамсафари онҳо билети парвоз ба Алматоро харид. Вале нақша дигар шуд ва онҳо барои ташкили сафар ба Никарагуа аз роҳи пинҳонии баҳрӣ ба қочоқбарон муроҷиат карданд.
Хонаводаи қазоқ мегӯяд, барои аз ҷазираи Сан Андерси Айленд то Никарагуа бурдан онҳо ба қочоқбарон 8,500 доллар доданд. Каме баъд, рӯзи ҳаштуми июл, ба гурӯҳи онҳо дар қайиқи начандон калон муҳоҷирони дигари ғайриқонунӣ аз Эрон, Эквадор, Колумбия ва Венесуела ҳамроҳ шуданд. Дар киштии моҳидорӣ, ки ҷойи нишаст надошт, бо шумули ду капитан 20 нафар ҷой гирифтанд.
“Ҳама чиз ба охир расид.”
“Баъд аз тақрибан 10 километр рафтан дар баҳр ҷазира аз чашм дур ва мавҷҳои об баланд шуданд, аммо мо аҳамият намедодем. Ҳама хомӯш ва дар банди хаёли худ буданд,” -- ба ёд овард Жапарқулова. Аммо дар як лаҳза ҳама чӣ тағйир ёфт ва мавҷи бузурге қайиқро чаппа карду муҳоҷирон бо ашёи худ дар баҳр паҳну парешон шуданд.
Дар ниҳоят оилаи Жапақ дар об якдигарро ёфтанд ва чанд соат бушкаи сӯзишвориеро дар об доштаву наҷот ёфтанд. Жапақ бо ёдоварӣ аз он ҳодиса гуфт: “Чӣ тавр бигӯям, ки он лаҳза дар фикрам чӣ мегузашт. Тамоми зиндагӣ аз пеши назарам гузашт. Ман барои кӯдакон метарсидам. Фикр кардам, ки вақте ба ҳавопаймои Рио роҳ наёфтем, бояд ба Қазоқистон бармегаштем. Ҳоло мо дар ин ҷо мемирем. Ҳамааш ба охир расид.”
"Мо бисёр тарсидем, вале кӯшиш кардем, ки ором бошем, то кӯдаконро натарсонем. Ба онҳо гуфтем, ки қаиқ омада, моро наҷот медиҳад", - гуфт Жапарқулова, ҳамсари Жапақ.
“Ман фикр мекардам, ки то мурдан дар ин баҳр чанд дақиқаи дигар дорем. Фикри ду кӯдаки дигарамонро мекардам, ки дар Қазоқистон мондаем ва дар фикри ин ду тифл будам, ки мо бо нимашабӣ дар баҳр афтодаанд,” – идома дод ӯ.
Жапарқулова нақл кард, ки мавҷҳои бузурги об баланд шуда, ба болои онҳо сарозер мешуданд: “Оби шӯр чашмонамонро месӯзонд ва мо онро фурӯ мебурдем. Худро бад ҳис мекардем. Мо кӯдаконро меқапидем, то ғарқ нашаванд.”
Билохира нерӯҳои баҳрии Колумбия тақрибан 15 муҳоҷир, аз ҷумла оилаи Жапақро наҷот доданд. Вале, Қалӣ ҳамсафари оилаи қазоқ дар ин ҳодиса ҳалок шуд. Наҷотбахшон аз баҳр ҷасади ӯро берун оварданд.
Бозгашт ба хона
Бағоҷу пулу либосҳои хонаводаи қазоқ ҳама дар баҳр аз даст рафтанд. Ба ҷуз шиносномаҳо, ки Жапақ пеш аз парвоз онҳоро бо “скотч” печонида буд. Вай лаҳзаи наҷот ёфтан ва ба маркази муҳоҷират рафтанашро ба ёд оварда, гуфт:
“Мо хаста ва дар ҳолати шок чизе гуфта наметавонистем. 3 рӯз моро нигоҳубин карданд. Ба мо либосу хӯрок доданд. Кормандони Маркази муҳоҷират кӯшиш мекарданд, ки аз он ҷо набароем. Як нафар ҳамеша моро то ошхона ва хоҷатхона ҳамроҳӣ мекард. Вале мо дигар аслан фикру талоши ба Амрико рафтанро надоштем. Мо фақат мехостем ба хона баргардем. Ман тамоми қарзҳоро фаромӯш карда, ба худ гуфтам, ки пулро боз меёбам.”
Мақомоти Колумбия талаб карданд, ки хонаводаи қазоқ фавран кишварро тарк кунанд. Баъд аз се рӯз наздикони онҳо дар Қазоқистон барояшон билети бозгашт хариданд. 14-уми июл Жапақ ва хонаводааш ба Алмаато баргаштанд.
Зану шавҳари ҳоло бекор ва бепул ва қарзи калон бар дӯш ва бо осеби сахти равонӣ талош доранд, зиндагии худро дубора бисозанд, аммо баъд аз ин ҳама онҳо аз орзуи амрикоии худ даст накашидаанд.