Дар Қазоқистон нархи хона бо суръати рекордӣ боло меравад. Махсусан дар шаҳрҳои калоне, чун Алмаато ва Остона. Таҳлилгарон мегӯянд, болоравии беисти нархҳо сокинонро аз орзӯи деринаашон, яъне соҳиби хона шудан, рӯз ба рӯз дуртар мекунад.
Бино бар хабари Телеграм- канали Data-Hub, аз оғози соли равон дар баландошёнаҳои нави Алмаато нархи хона тақрибан 8 дар сад боло рафтааст. Дар Остона ин рақам камтар ба 4,5 дарсад баробар аст. Онҳое, ки талош доранд, то ҳадди аққал, қисме аз пулро барои пешпардохт ҷамъ оранд, мегӯянд, аз имкони расидан ба орзӯи худ ҳарчӣ дуртар мешаванд.
"Ба ин шароит ҷамъ кардан номумкин аст. Ман 250 ҳазор танга маош мегирам, вале ин намерасад. Бояд миллион кор кард, то тамоми хароҷот бароварда шавад ва боз миқдоре дар дастат монад,"-мегӯяд як сокини Алмаато.
Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, "агар ин хел нигарӣ, албатта нархи хона боло меравад. Пули мардум ба ин намерасад. Вале агар кори хубтар бошад ва як одам дар оила кор кунад, фикр мекунам 700-800 ҳазор кофӣ аст."
Ба ҳисоби миёна нархи хонаи ду ҳуҷрагӣ, аз 20 миллион танга ($39 ҳазор) сар мешавад. Барои пешпардохт, тақрибан 20-30 дар сади маблағ лозим аст. Баъзе оилаҳои ҷавон барои 25 сол ипотека мегиранд.
Аз болоравии беназми нархҳо дар порлумон ҳам нигаронӣ карданд. Вакил Бахтиҷон Бозорбек гуфт, беш аз 20 сол аст, ки бинокорони Қазоқистон аз имтиёз бархурдоранд. Бо ҳадафи коҳиши нархи хона, онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловагӣ озод карда шудаанд. Вале дар ниҳоят ширкатҳои сохтмонӣ на танҳо натавонистан нархҳоро поин нигаҳ доранд, балки онро 21 баробар боло бурданд. Зоҳиран талоши дастгоҳҳои давлатӣ барои сокинонии одии Қазоқистон бенатиҷа буд, чун хона ҳамоно дастнорас монд.
Бахтиҷон Бозорбек, вакили порлумони Қазоқистон мегӯяд, "ҳукумат аз соли 2001 ҳимояву пуштибонӣ мекард ва муттаваҷеҳ нашуд, ки чӣ тавр ба лоббисозии фоидаи ширкатҳои сохтмонӣ сар кардааст. Аксари бинокорон дар ин давра бо истифода аз ин ки аз молиёт аз арзиши иловагӣ озод буданд, ба феҳрасти Форбс шомил шуданд. Баъзеҳо дороиҳои худро ба хориҷа бурданд, барои бархи дигар имтиёзот кофӣ набуд, ки ба фиреби харидорон даст заданд.”
Серик Ҷумангарин, муовини сарвазири Қазоқистон ин иштибоҳро эътироф кард. Нақша воқеан ба ҳам зад, аммо пешниҳоди як вакили маҷлисро, ки гуфт, ширкатҳои бинокор водор карда шавад, ки пули аз ҳисоби озодӣ аз андоз ба даст овардаанд, ба буҷа баргардонанд, вай рад кард. Ҷумангарин гуфт, худи мансабдорон онҳоро аз молиёт озод карда буданд.
Абар Олҷай, коршиноси қазоқ мегӯяд, "тиҷорат ҳамин аст. Ҳама чӣ аз он вобаста аст, ки давлат чӣ имтиёз медиҳад. Ширкатҳои сохтмоние, ки аз андоз озод буданд, дар ниҳоят ду ё се баробар, даромад мегиранд. Ва мо тартиби нархгузорӣ барои як метри мукаабро намебинем. Чунин маълумот дар дастрасии озод нест.”
Дар ҳукумат изҳор доштанд, ки сар аз соли 2026 аз шевае кор хоҳанд гирифт, ки имкон медиҳад, нархи хона танзим шавад, вале ҷузъиёти он маълум нест. То он замон болоравии нарх идома хоҳад кард.