Пайвандҳои дастрасӣ

Шабнам то 17 октябр дар боздошт мемонад


Шабнам Худойдодова
Шабнам Худойдодова

Мақомоти Беларус замони боздошти шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодоваро, ки дар кишвари зодгоҳаш ба “ифротгароӣ” айбдор мешавад, барои ду моҳи дигар тамдид кардаанд.

Замони боздошти Шабнам Худойдодова, як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро, ки бо дархости Душанбе дар Беларус дастгир шудааст, то 17 октябр тамдид кардаанд. Шабнам Худойдодова дар Тоҷикистон ба “ифротгароӣ” ва пуштибонӣ аз “Гурӯҳи 24” айбдор мешавад.

Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, мақараш дар Порис, рӯзи 2 сентябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски Шабнам Худойдодова аз Беларус дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст, замони баррасии ин дархост ва ҳамчунин дархости истирдоди ӯ ба Тоҷикистон фурсати зиёдтареро талаб мекунад. Ҳамин тавр, фурсат лозим аст, то мақомоти Беларус мавқеи худ нисбат ба истирдод кардан ё накардани Шабнам Худойдодова ба Душанберо ниҳоӣ кунанд. Аз ин рӯ, замони ҳабси Шабнам боз ду моҳи дигар тамдид шуд.”

Шабнам Худойдодоваи 29-сола аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба пуштибонии фаъол аз созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва нашри матлабҳои интиқодӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Интернет айбдор мешавад. Шабнам Худойдодова зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон буда, солҳои охир дар Русия кору зиндагӣ мекард. Ӯ рӯзи 12 июни соли равон дар истгоҳи роҳи оҳани Брест-Восточний дар марзи Беларус бо Полша (Лаҳистон) боздошт шуд ва инак қариб 3 моҳ боз дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздоштгоҳи шаҳри Брест қарор дорад.

Надежда Атаева
Надежда Атаева

Надежда Атаева мегӯяд, ба ақидаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, парвандаи Шабнам Худойдодова оҳанги ошкоро сиёсӣ дорад, то ҷиноӣ: “Ӯ чӣ ҷиноят кардааст? Мо вақте навиштаҳои ӯро дар Интернет монитор кардем, дидем, ки аз вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ кардааст. Аз аҳволи худаш гуфтааст, ки маҷбур аст, дур аз духтараш дар ғурбат кору зиндагӣ кунад. Аз ин шиква кардааст, ки дар Русия бо касби худаш – омӯзгорӣ – коре пайдо карда наметавонад ва ночор барои пайдо кардани як қути лоямут ҳар кореро ки пеш ояд, бояд анҷом диҳад. Магар изҳори норозигӣ ҷиноят аст?”

Аммо дар дархости истирдоди Шабнам Худойдодова, ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон алакай ба Беларус фиристодаанд, ӯ бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии ин кишвари Осиёи Марказӣ, ба “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” айбдор мешавад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, агар чунин даъват “бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи Интернет содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. “

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар аз 9 октябри соли 2014 фаъолияташ мамнӯъ ва бо ҳукми дигари ҳамин додгоҳ аз моҳи декабр созмони экстремистӣ эълон шудааст. Ин созмонро соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис додааст, ки моҳи марти соли равон дар Истамбул кушта шуд.

Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш дар шаҳрҳои Русия як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро ташкил дода, аз мардум хостанд, то рӯзи 10 октябр дар як эътироз дар майдони марказии Душанбе ҷамъ шаванд. Ин гирдиҳамоӣ дар ниҳоят доир нашуд, вале ба таъқиби фаъолон ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” оғоз гузошт.

Собир Валиев
Собир Валиев

Охирин нафари боздоштшуда бо иттиҳоми узвият дар “Гурӯҳи 24” муовини раиси ин созмон Собир Валиев мебошад. Валиеви 27-соларо рӯзи 12 август дар Кишинёв, пойтахти Молдова боздошт карданд ва ҳафтаи гузашта додгоҳи Молдова замони ҳабси ӯро то 22 сентябр тамдид кард. Собир Валиев дар Тоҷикистон ба даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ ва ташкили созмони экстремистӣ айбдор мешавад.

Дмитрий Флютсаренко, вакили мудофеи Собир Валиев, рӯзи 2 сентябр ба Озодӣ гуфт, онҳо аз ин ҳукм ба Палатаи таҷдиди назари додгоҳи Кишиинёв шикоят бурдаанд: “Душанбе бо гузашти се ҳафта аз боздошти Собир Валиев ба Кишинёв танҳо як номаи электронӣ фиристодааст, ки дар он аз мақомоти Молдова то замони расидани дархости истирдодаш дар ҳабс нигоҳ доштани муваккили маро тақозо кардааст. Далели чунин таъхир кардани мақомоти Тоҷикистон дар фиристодани дархости расмии истирдод қобили фаҳм нест. Аз ин рӯ, мо дар шикояти худ хостем, то Собир Валиев то замони расидани дархости истирдоди расмиаш дар ҳабси хонагӣ бимонад, на дар боздоштгоҳ”, гуфт вакил.

Ба сурати умум, то имрӯз дар бораи маҳкумияти дастикам 5 тан аз фаъолони “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон гузориш шуда, ба гуфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, танҳо дар Русия боз 7 тан аз ҳаводорони онҳо дар интизори баррасии парвандаи истирдодашон ба Душанбе қарор доранд. Ин афрод дар Русия тавассути Интерпол ва бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG