Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси доғ дар бораи Эрон дар ҷаласаи Шӯрои Амният


Нишасти Шӯрои амнияти СММ дар бораи Эрон

Шӯрои амнияти Созмони милал таниш дар Ховари Миёна, аз ҷумла ҳамлаи Амрико ба ниҳодҳои ҳастаии Эрон ва идомаи даргирӣ миёни Теҳрон ва Исроилро баррасӣ кард.

Дар ин нишаст, ки 22-юми июн дар Ню-Йорк баргузор шуд, намояндаи Иёлоти Муттаҳида аз ҳамлаи кишвараш ба се ниҳоди ҳастаии Эрон ҳимоят карда гуфт, вақти он расидааст, ки Вашингтон барои ҳимояи шаҳрвандон, манофеъ ва муттаҳидонаш "қотеона иқдом кунад."

Дорота Ши
Дорота Ши

Дорота Ши, кордори ИМА дар Созмони Милал ба Эрон ҳушдор дод, ки аз бадтар кардани вазъият худдорӣ кунад.

"Чил сол аст, ки давлати Эрон "марг ба Амрико" ва "марг ба Исроил"-ро фарёд мезанад. Эрон ва барои сулҳ ва амнияти ҳамсоягони худ, ИМА ва кулли ҷаҳон таҳдиди доимӣ эҷод кардааст,"-афзуд хонум Ши.

Намояндаи Амрико ҳамчунин аз Шӯрои Амният талаб кард, аз Эрон бихоҳад, ба талошҳои 47 солаи худ барои нобудии Исроил поён диҳад.

Амирсаид Иравонӣ
Амирсаид Иравонӣ

Амирсаид Иравонӣ, намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милал бо маҳкум кардани иқдомоти ба гуфтаи ӯ "таҷовузкорона”-и Иёлоти Муттаҳида гуфт, замон ва чигуна посух додани Теҳронро неруҳои ин кишвар таъйин мекунанд.

Иравонӣ ҳамчунин Амрикоро муттаҳам кард, ки «як бори дигар бепарво... тасмим гирифт, ки амнияти худро фидои муҳофизати Нетаняҳу кунад.»

Сафири Исроил дар Созмони Милал гуфт, дар муносибат бо Эрон дипломатия борҳо санҷида шуда, аммо низоми Теҳрон аз музокирот барои фиреб ва гирифтани вақт барои ғанисозии уран истифода мекард.

Дар нишасти Шӯрои Амният намояндагони бархе кишварҳо, азҷумла Чин, Русия, Покистон ва Ироқ ҳамлаҳои Амрико ба ниҳодҳои ҳастаии Эронро маҳкум карданд. Намояндаи Ироқ ҳамлаҳои Амрико “хатарнок” ва беэътиноӣ ба созишномаҳои байналмилалӣ хонд. Намояндагони Фаронса ва Бритониё хостори бозгашти Эрон ба мизи музокирот шуданд.

Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21 ба 22-юми июн ба 3 иншооти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи Амрикоро "такондиҳанда ва нанговар" хонд, ки "пайомадҳои мондагор хоҳад дошт."

Мақомоти Эрон мегӯянд, ду рӯз қабл аз ҳамлаи Амрико урани ғанишуда ва кормандони таъсисоти ҳастаиро ба дигар ҷой кӯчонда буданд. Доналд Трамп дар паёме ба мардуми Амрико эълом кард, ки ниҳодҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳони Эрон ба таври комил нобуд шудаанд.

Шӯрои амнияти Созмони Милал дар ҳоле вазъият дар Ховари Миёнаро баррасӣ кард, ки даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ҳамчунон идома дорад.

Расонаҳои эронӣ субҳи 23-юми июн аз шунидани садои таркиш дар минтақаҳои марказии Теҳрон хабар доданд. Хабаргузории “Нурнюз” аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба таъсисоти низомии Порчин дар ҷанубу шарқи Теҳрон хабар дод. Гузоришҳо аз шунида шудани садои таркиш дар Кирмоншоҳ ва Устони марказӣ низ нашр шудаанд. Хисороти расида дар пайи ин таркишҳо феълан маълум нест.

Артиши Исроил эълон кард, ки рӯзи якшанбе ба чанд нуқта, аз ҷумла системаи дифои ҳавоӣ дар Кирмоншоҳ ва Ҳамадон зарба задааст. Ба гуфтаи манбаъ, Исроил ҳамчунин ба чанд анбори таҷҳизот барои мушак дар чанд нуқтаи Эрон ҳамла кард.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи артиши Эрон гуфт, ки рӯзи 22-юми июн бо 40 мушак ба Исроил ҳамла карданд. Мақомоти Эрон мегӯянд, бори аввал аз мушаки баллистики “Хайбар” истифода кардаанд.

XS
SM
MD
LG