Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиши баҳра ё фоизи қарзҳои бонкӣ хабар дод. Фирдавс Толибзода рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, "фоизи миёнаи қарзҳо аз 28 то 22 дарсад поин омад." Вале баҳраи пули муштариён, ки бо умеди гирифтани фоида дар бонкҳо мегузоранд, андак будааст.
Зиёд будани баҳраи қарзҳои бонкӣ ва мушкили дастрасӣ ба онҳо ҳамеша мояи нигаронии муштариёну корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Корбаре бо номи Муҳаммад Исмоилов дар "Фейсбук" навиштааст, ки "фоизи ҳамаи бонкҳо миёншикан аст, ба фоидаи халқи миёнаҳол нест. Инро бояд аз сари нав дида бароянд, ғами мардуми бечораро бояд хӯрд."
Бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2024 тақрибан 25 миллиард сомонӣ қарз додаанд. Тақрибан 30 дарсад ё 5,6 миллиард сомонӣ бештар нисбат ба як соли пеш.
"Қарзҳои додашуда ба соҳаи истеъмолӣ 47,1 дарсад, савдои хориҷӣ 14,6 дарсад, кишоварзӣ 12,7 дарсад, саноат 12,4 дарсад, хидматрасонӣ 6,9 дарсад, сохтмон 3,9 дарсад ва дигар соҳаҳо 2,3 дарсад рост меояд. 13 миллиард сомонӣ қарз дар соли 2024 ба соҳибкорон рост меояд," – гуфт дод Фирдавс Толибзода.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Агар бонкҳои низомсоз муфлис намешуданд..."
Ба назари иқтисоддон Баҳром Шарифов, муфлисшавии чанд бонки замоне низомсоз дар солҳои охир эътимоди мардумро ба амонатгузорӣ дар бонкҳои кишвар коҳиш дод ва ин раванд ба сатҳи баҳра ё фоизи қарзҳои бонкӣ бетаъсир намемонад.
"Агар бонкҳои низомсоз муфлис намешуданду аз ҳисоби онҳо сари вақт маблағи суғурта пардохт мешуд, боварӣ зиёд мешуд. Имкони ҷалби маблағ ба бонкҳо зиёд мешуд. Ҳозир сандуқи қарзии бонкҳоро гиред, 42 дарсад ба қарзҳои истеъмолӣ рост меояд. Ҳоло он ки ба саноат 15 фоиз. Бонкҳо бештар ба додани қарзҳое моиланд, ки тез гардиш кунанд," – гуфт Баҳром Шарифов.
Баъд аз соли 2017 чор бонки калони кишвар –"Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" – муфлис шуданд. Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.
Дарёфти қарз аз бонкҳои Тоҷикистон он тавре ки дар эълонҳои таблиғотии бонкҳо дида мешавад, чандон содаву осон нест.
Муштарӣ пеш аз он ки аз бонк қарз гирад, бояд дар бораи ҷойи кору маош ва ҷойи иқоматаш маълумот дода, ба бонк кафил ё гарав (амволи ғайриманқул) пешниҳод кунад. Дар сомонаҳои расмии бонкҳои тиҷоратӣ муҳлати қарз то 36 моҳ пешбинӣ шудааст. Ҳарчанд дар бонкҳо мегӯянд, муҳлати қарз барои хариди манзил ё ипотека аз ин бештар аст.
Ба иттилои расмӣ, то 31-уми декабр пасандозҳо дар бонкҳои кишвар 25,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 30 дарсад зиёд будааст. Дар Тоҷикистон дар умум 16 бонк ва 65 ташкилоти қарзӣ аст.