Як қарори "Толибон", ки рӯзи 10-уми декабри соли 2024 содир шуд, барои гурӯҳе аз мардуми бемор дар Афғонистон "тасмими марговар" шуд, чун онҳоро аз ягона роҳи наҷот маҳрум мекунад.
"Толибон" дар охири соли гузашта гуфтанд, пайванди узви бадани инсон як кори ғайриисломист ва набояд дар Афғонистон анҷом дода шавад. Баъд аз ин фармон гурӯҳе ҳам ба ҷуз аз интизори марги худ нишастан дигар илоҷе надоштаанд.
Навиди 19-сола, ки гурдаҳояш аз кор афтодаанд, худро ҷабрдидаи ин қарор медонад. Ягона умед барои наҷоти ин сокини Ҳирот пайванди гурдаи солим аст. Навид, ки хеле бемадор аст, дар бораи вазъи сиҳатиаш гуфт:
“Ду сол мешавад, ки ҳамин беморӣ дар ҷони ман пайдо шудааст. Дирӯз рафтам диализ кардам. Аз диализ тамоми қисматҳои дастам сиёҳ шудааст. Аз кор афтодааст. Табибон гуфтанд, ки пайванде бошад, ки гузорем. Дигар ҷойи шланг мондан надорам, ҷойе, ки диализ монанд. Дар азобам бисёр, рӯз дар миён диализ мегузорам."
Ҳукумати "Толибон" дар моҳи декабри соли гузашта пайванди аъзои бадани инсонро дар Афғонистон мамнуъ кард, чун ба иддаои онҳо "хилофи шариат ва каромати инсонист". Қарори "Толибон" барои онҳое, ки аз бемории гурда ранҷ мекашанд ва пайванди гурда танҳо роҳи дармонашон ба ҳисоб меравад, як қарори марговар аст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Карима, модари Навид, ки як гурдаашро ба фарзанди дигараш додааст, мегӯяд, агар "Толибон" қарорашонро бознигарӣ накунанд, намедонад бо писараш чӣ мешавад.
Ӯ мегӯяд: “Бисёре аз мусулмонон ин бемориро доранд. Бисёр. Агар "Толибон" дастурашонро аз байн баранд, тамоми ҷавонон аз ин беморӣ наҷот меёфтанд. Инро, ки манъ карданд, хеле беморон дар азобанду бадбахту бечора. Ягона роҳ диализ аст, агар диализ шавад хуб аст, агар не, дар азобанд. Ҳамин бачаи ман то субҳ бедор мешинад, дар азоб аст. Нафастанг."
Фурӯши аъзои бадан, бахусус гурда дар Ҳирот солҳост, ки роиҷ аст. Рангин яке аз онҳоест, ки чаҳор сол пеш яке аз гурдаҳояшро фурӯхт, то қарзеро баргардонад, ки падараш гирифта буд.
“Падарам хеле дар азоб буд, мариз буд. Худо биёмурзадаш фавтид. . Қарздоронаш маро ба танг оварданд, ки "қарзҳои падаратро бидеҳ". Тақрибан 250 ҳазор афғонӣ. Ман ҳам гурдаамро фурӯхтам, 200 000 афғонӣ қарзашро баргардондам. Дигар роҳаш намонда буд, чун дайнаш дар гардани ман мемонд.”
Монанди Рангин садҳо афғонистонии дигар аз қашшоқиву ночорӣ гурдаи худро фурӯхтаанд.
Дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон беш аз нисфи мардумаш камбизоат ҳастанд ва ба гуфтаи Созмони Милал хӯроки кофӣ барои хӯрдан надоранд.
Пайванди гурда дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон чун як равиши дармонӣ пазируфта шудааст. Созмони Байнулмилалии Тандурустӣ мегӯяд, пайванди узви бадан ва ё эҳдои он гоҳо ягона роҳи наҷоти беморон аст.