Меҳмед Бозоров, як хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 4-и шаҳри Левакант дар вилояти Хатлон пас аз зарбаи сангини муаллимаш дар пушти сар беҳуш шуда бо осеби косахонаи сар давоми 15 рӯз дар беморхонаи шаҳри Левакант бистарӣ шуд.
Дар як навори видеоие, ки рӯзи 25-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, ки Меҳмеди 17-сола беҳуш аст ва муалимону сокинони атроф болои сараш ҷамъ шудаанд ва талош доранд, ки ӯро ба ҳуш оранд ва ба беморхона баранд. Ин ҳолат рӯзи 6-уми сентябр рух додааст. Тавре худи Меҳмед Бозоров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро муаллими мактаб Фарҳод Назаров бераҳмона задааст. Меҳмедро ҳамон рӯз бо осеби пӯшидаи косахонаи сар дар беморхонаи Левакант бистарӣ карданд.
Дар санадҳои ташхиси тиббии беморхона, ки 29 сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, навишта шудааст, ки 6-уми сентябр хонандаи синфи 11 латтукӯб шудааст ва бар асари зарба дар пушти гарданаш майнаи сараш осеб дид.
Талошҳои мо барои суҳбат бо Фарҳод Назаров, омузгоре, ки ба гуфтаи хонаводаи Бозоровҳо писари онҳоро осеби ҷиддӣ расонидааст, натиҷа надод. Дар ин мактаб ба мо гуфтанд, ки ин омӯзгор телефони ҳамроҳ надоштааст.
Вале як омузгори ҳамин мактаб, ки муаллими Меҳмед Бозоров аст, ба шарти нашр нашудани номаш гуфт, бар асари зарбаи омӯзгор Меҳмед 15 рӯз дар беморхона табобат гирифт ва ташхиси пизишкҳо захми майнаи сари ӯро ошкор карданд. Вай афзуд, ин ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр рух дод ва то ҳол Меҳмед ба дарс барнагаштааст, зеро пизишкҳо иҷоза намедиҳанд.
Меҳмед Бозоров пас аз ҷавоб шудан аз беморхона дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми сентябр гуфт, он рӯз дар вақти танаффус аз муаллим хоҳиш кардаст, ки раваду аз берун (ручка) қалам биёрад. Муаллим Фарҳод Назаров ба ӯ иҷоза медиҳад, вале таъкид мекунад, ки дари синфро напӯшад, аммо, ба иддаои Меҳмед, ӯ ин ҳарфи муаллимро нашунида ва дарро пӯшидааст.
«Замоне дарро бастаму мехостам барои ручка равам, муаллим зуд дарро боз карду дар пушти гарданам зарбаи сангин зад. Дигар намедонам чӣ шуд ва вақте ба худ омадам, дидам, ки дар беморхона бистарӣ ҳастам», нақл кард Меҳмед.
Меҳмед дар суҳбати телефонӣ гуфт, рӯзҳое, ки дар беморхона бистарӣ буд, муаллим Фарҳод Назаров на ба хабаргирии ӯ ва на ба назди падараш наомад.
Файзулло Раҳимзода, мудири маорифи шаҳри Леваканд рӯзи 29-уми сентябр бо шунидани суол дар бораи баррасии осеб дидани шогирд аз дасти муаллим мавзӯъро на рад кард ва на тасдиқ, вале гуфт, ки ҳамаи паҳлуҳои масъаларо мебинаду занг мезанад.
Вале то замони нашри ин гузориш ҳеҷ тамосе аз ин масъули идораи маориф сурат нагирифт.
Волидони Меҳмед Бозоров мегӯянд рӯзе, ки фарзандашон аз дасти муаллим осеб дид, онҳо ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Левакант аризаи шикоятӣ навиштаанд, вале то ҳол ҷавобе нагирифтаанд. Меҳмед Бозоров бо вуҷуди ҷавоб шуданаш аз беморхона, бо маслиҳати тиббии пизишкҳо дар хона қарор дорад.
Гуфтугӯ