Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бор дар таърих. Узбекистон ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум роҳхат гирифт


Рӯзи 5-уми июн мунтахаби футболи Узбекистон дар шаҳри Абузабӣ қувваозмоияш бо футболбозони Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби сифр бар сифр ба анҷом расонида, барои аввалин бор дар таърих ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум роҳхат гирифт.

Дастаи мунтахаби футболи Узбекистон, ки бо лақаби "Гургҳои сафед" машҳур аст, ҳамроҳ бо мунтахаби Эрон аз гурӯҳи аввали бозиҳои интихобии Осиё дар рӯйхати 48 дастае ҷойгир мешавад, ки соли оянда дар ИМА, Канада ва Мексика барои Ҷоми ҷаҳонии футбол мубориза хоҳанд бурд.

Ба қавли шореҳон, дар қувваозмоии ҳалкунандаи рӯзи панҷшанбе бо дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб дарвозабони узбек нақши муҳим дошта, ба вижа, дар қисмати дуюми бозӣ, чандин зарбаи хатарноки футболбозни Иморотро безарар кард.

Дар дақиқаи 54-ум футболбози узбек Аббосбек Файзуллоев низ имкон дошт тӯбро ба ҳадаф расонад. Хуллас, Узбекистону Эрон ба таври мустақим роҳхати Ҷоми ҷаҳонӣ гирифтанду Имороти Муттаҳидаи Араб , ки соҳиби ҷой сеюм дар гурӯҳи А шудааст, дар даври чорум барои роҳхати Ҷоми ҷаҳонӣ мубориза хоҳад бурд.

Узбекистон ба Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 роҳхат гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Пирӯзи тими Узбекистонро дар Тошканд гарм истиқбол гирифтанд.

Ҳаводорони футбол дар майдонҳои марказии пойтахти Узбекистон ҷамъ шуда, бозиро тамошо ва пирӯзиро ҷашн гирифтанд.

Мунтахаби футболи Узбекистон, ки соли 1994-ум Ҷоми Осиёро ба даст овардааст, то ин замон ҳафт дафъа бидуни муваффақият барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии футбол талош карда буд.

Аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Узбекистон барои рушди футбол нерӯву сармояи зиёде харҷ кардааст. Имрӯз футболбозони узбек дар дастаҳои беҳтарини Аврупову Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд.

Баъди қувваозмоии 5 июн президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев тавассути телефон сармуаббии даста Темур Кападзе ва варзишгарони узбекистонро бо ин дастоварди таърихӣ табрик кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG