Дар кишвари Австралия аз рӯзи 10-уми декабр гирифта, истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғони то 16-сола манъ шуд. Ҳамакнун бархе қонунгузорон дар Аврупо ҳам мегӯянд, ки бояд чунин маҳдудияте дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо низ ҷорӣ шавад, то аз таъсири манфии шабакаҳо ба зеҳнҳои наврасон пешгирӣ гардад.
Австралия аввалин давлати ҷаҳон гардид, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоии мисли TikTok, YouTube, Instagram ва Facebook-ро барои наврасони то 16-сола расман манъ кард. Нахуствазири Австралия Энтони Албаниз гуфт, “ин як рӯзи пурифтихор” аст. Бархе қонунгузорон дар Иттиҳоди Аврупо ҳам мехоҳанд, ин ташаббусро ба хотири ҳимояти сиҳҳатии равонии ноболиғон дар кишварҳои худ ҷорӣ кунанд.
Вакили парлумони Аврупо Кристел Шалдемосе таҷрибаи Австралияро намунаи хуби ибрат номид.
Ӯ гуфт, “дар порлумони Аврупо чанде пеш мо барои қабули як ташаббуси аввалияи худ овоз додем, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро пешбинӣ мекунад. Мо мехоҳем то 16-солагӣ бошад, вале агар волидон иҷоза диҳанд, то 13-солагӣ метавонад бошад. Мехоҳем ин маҳдудият назорат шавад”.
Видеоро инҷо бинед:
Даъват ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои синнусолӣ дар дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар дигар нуқоти Аврупо вокунишҳои гуногунеро ба бор овардааст.
Эмма, модаре аз Бритониё мухолифи қатъи дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
“Манъ кардан? Намедонам. Ба фикрам ин қарори бисёр сахт аст. Шояд беҳтар аст назорате ҷорӣ кунанду як барномае худаш муайян кунад, ки ба кадом корбар чӣ андоза маҳсулот бидиҳаду чӣ не. Вале ин шояд барои алгоритм мушкил шавад. Шояд беҳтар аст бо назардошти кӯдакон тағйироте ҷорӣ шаваду манъ накунанд”.
Ҳарри Блеки, коргари бонк аз Бритониё тарафдори манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасон аст.
“Ин фикри хуб аст, вале назорати иҷрои он мушкил мешавад. Кори волидон ҳам осон хоҳад шуд, чунки ба онҳо зарур намеояд, фарзандонашонро дар Интернет назорат кунанд. Ба назари ман, шабакаҳои иҷтимоӣ аз назари маълумоти фаровон ва ҳам маҳсулоти бепардаашон паҳлуҳои торики зиёде дорад. Барои ҷавонони Бритониё хуб мешавад”
Дар Порис, пойтахти Фаронса бисёр ҷавонон бо қарори маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоие, ки дар Австралия ҷорӣ шуд, розӣ нестанд. Адел Гатто, донишҷӯе аз Порис ин қарорро “шармандагӣ” номид.
Ба гуфтаи ин донишҷӯ, “шабакаҳои иҷтимоӣ барои огаҳии ҷавонҳо чизи хубанд: онҳо дигар телевизион тамошо намекунанд, радио гӯш намекунанд ва нашрия ҳам намехонанд. Аз сӯи дигар мушкилоти мисли озори интернетӣ ё мӯътодӣ, дур шудан аз зиндагии воқеӣ ва мисли ин чизҳо ҳастанд ва шояд беҳтар буд маҳдуд кунанд, вале пурра набанданд. Ба бовари ман мо бояд ба ҷаҳони воқеӣ баргардем. Ман соли 2002 таваллуд шудаам ва аллакай чунин ҳис дорам, ки миёни ҷавонони имрӯза ва мактабхонҳову давроне, ки ман 6-7-сола будам, тафовути бисёр калоне вуҷуд дорад”.
Донишҷӯён дар ғарби Олмон аксаран тарафдори манъи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасонанд, ҳарчанд мегӯянд, иҷрои он мушкил хоҳад буд.
Ба гуфтаи Ҷозефин Дорренбехер, хонандаи 15-сола аз мактабе дар Бонн “шабакаи иҷтимоӣ одамро гирифтор мекунанд. Хабарҳои дурӯғин ҳам зиёд нашр мешавад. Ин ки дар Австралия манъ карданд, бисёр хуб шуд. Ба наврасон назорат кардан ба кори худ осон нест”.
Зимнан, як қатор ширкатҳои ҷаҳонӣ ҳукумати Австралияро барои қарори манъи истифодаи наврасон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба додгоҳ кашидаанд. Вале вазири беҳдошти Австралия Марк Батлер гуфт, ки таърих бисёр ҳодисаҳоеро шоҳид аст, ки ташаббусҳои ҳимоят аз шаҳрвандон бо монеаҳои ашхос ва гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатдор рӯбарӯ мешаванд. “Вале мо дар тасмими худ қотеона амал мекунем”, гуфт вазир.