Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳар рӯз як зан дар Тоҷикистон даст ба ҷони худ мезанад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба омори расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дастикам 164 зан худкушӣ кардаанд. Аксаран дар пайи ҷанҷол дар хонавода.

Фарзона дар хонаи шавҳар на фақат сухани неке намешунид, балки ӯро бо гумони он ки гӯё бемории сил дорад, дар оғилхона маҳкам мекарданду мерафтанд. Ба ғайр аз ин хушдоман ӯро ҳамеша бо таънаи он ки бо худ ҷиҳози кам овардааст, латту кӯб мекардааст.

Халосӣ дар ҳалқаи дор нест. Пардохте ба сабабҳои худкушии занони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим


Агар ин духтари ягона ва нозпарвари падару модар дар синни ҳамагӣ 22 даст ба ҷони худ намезад, шояд саргузашти талхи ӯ номаълум мемонд.

Падари Фарзона -- Ҷумъахон Назаров - мегӯяд, ӯ қудояшро қаблан намешинохт ва духтараш тасодуфан келини он оила шудааст. Вай меафзояд, Фарзонаро ҳамагӣ як моҳ баъд аз тӯйи писари ягонаашон тӯй кардаанд ва аз ин рӯ имкони хуби молӣ надоштанд, ки ҷиҳозашро хуб таъмин кунанд. Бо вуҷуди ин, ба шароити ногувори иқтисодии хонавода нигоҳ накарда, то қадри имкон барои духтар ҷиҳози арӯсӣ харидорӣ кардаанд.

Ҷиҳоз баҳона шудаву аз оғоз кудояшон, Майрамбӣ Ҳалимова арӯсро зери латту кӯб қарор додааст: «Ҳамон бегоҳ ман дар ҷои дигаре будам, ки занг зада гуфтанд, чунин воқеа шудааст. Омадам, ки худашро оташ задааст. 85 дар сади баданаш сӯхта буд. Ба беморхона бурдем, вале ҳамагӣ як моҳи дигар умр дид. Аз банди дастонам дошта, мегуфт, «отаҷон, маро бубахш, ки ин қадар ғам додаматон. Бубахш, ки гумон кардам, ҷонам халос мешаваду дигар дарду ғаматонро намебинам, лекин дарду ғаматонро якбора зиёд кардам...»

Марги Фарзона наметавонист сабаби таҳқиқи ҷиноӣ нашавад. Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Майрамбӣ Ҳалимоваи 52-соларо ба рафтори бераҳмона, пастзании мунтазами шаъну эътибори Фарзона ва дар ниҳоят ба худкушӣ расондани ӯ айбдор кард ва бар асоси қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ ба 4 соли шартии ҳабс маҳкум намуд.

Талошҳои мо барои тамос бо наздикони Ҳалимова ё ҳатто вакили ҳуқуқии ӯ самар надод. Ҳеҷ яке аз онҳо гӯшии телефони худро нагирифт.

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаҳои хушунати хушдоманҳо бо арӯсони ҷавон дар кишвар кам нест. Ба гуфтаи намояндагони ин ниҳод, ахиран як келини дигар низ дар натиҷаи таҳқиру латту кӯби пайвастаи хушдоман даст ба худкушӣ задааст.

Баҳрӣ Раҳимова, модари Наргиси ҷавонмарг аз ноҳияи Истаравшан мегӯяд, хушунатеро, ки хушдоман ба духтараш раво дидаааст, низ барои чизу чораи тӯй будааст. Ба гуфтаи Раҳимова, хушдоман борҳо Наргисро маҷбур мекардааст, ки аз падару модараш талаби харидани ҷиҳози хонаро кунад. Аммо хонаводааш тангдаст буд ва наметавонист ин талаби ҷониби дигарро ба ҷо орад. Ӯ меафзояд, ки қудояш аз шароити иқтисодии ӯ бохабар буд, аммо боз ҳам духтарашро зери зулм қарор медод.

Модари Наргис меафзояд:«Маҳкам карда, борҳо ӯро задааст. Аҷалат дар дасти ман аст, чашмонатро кофта мегирам - гуфта таҳдид мекард. Духтарам гиря карда, ин ҳамаро ба худам гуфта буд. Ман ман гуфтам, кадом хушдоман келинро мекушад? Билохира духтарамро кушт.»

Марги Наргис мармуз аст. Эҳтимол меравад, ки ӯ худкушӣ накарда, балки кушта шудааст. Муфаттишон таҳқиқи ин қазияро идома медиҳанд.

Бино бар маълумоти Кумитаи занони Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ мавридҳои худкушӣ ва худсузии занон назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст. Аз 311 нафаре, ки дар шаш моҳи аввали соли 2013 қасди ҷони худ кардаанд, 164 танаш занон будаанд. Яъне ба ҳисоби миёна, қариб ҳар рӯз дар Тоҷикистон як зан худкушӣ мекунад. Дар аксари ҳолатҳо баҳси чизу чора ва молу мулк сабаби моҷароҳои оилавӣ ва худкушии занон мешаванд.

Хонаводаҳо шояд он чизу чораро рӯзе ба даст оранд, аммо ин ҷонҳои инсониеро, ки бебозгашт аз даст мераванд, дигар пайдо нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG