Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳонии се гаравгон дар Ереван


Унан Погосян, муовини пулиси Арманистон, 18 июл ба рӯзноманигорон гуфт, ки гурӯҳи мусаллаҳи тундрав аз 7 гаравгон се гаравгони дигарро раҳо кардааст. Як нафари онҳо корманди пулис ва дигаре ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” будааст. Намояндагони мусаллаҳи гурӯҳи мухолифони тундрав дар қаламрави полки пулис дар Ереван ҳамчунон панҷ гаравгони дигарро нигоҳ медоранд.

Ҳангоми ҳамла ба пулиси ноҳияи Эребунии Ереван Артур Ваноян, сарҳанги пулис кушта шуда, чор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ҳамлакунандагон низ як нафар захмӣ шудааст. Дар миёни гаравгонон Вардан Егиазарян, муовини раиси пулиси Арманистон ва Валерий Осипян, муовини раиси пулиси Ереван низ ҳастанд.

Унан Погосян, муовини пулиси Арманистон, ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки бо аъзои гурӯҳи тундрав музокира идома дорад. Вале вай иҷрои дархости гаравгонгирон, яъне раҳоии раҳбари “Порлумони муассис” Жирайр Сефилянро рад кард.

Артак Амабарсумян, хабарнигори бахши армании Радиои Озодӣ дар Ереван наздик ба маҳалли ҳодиса қарор дорад. Дар мусоҳибаи телефонӣ нахуст аз ӯ дар бораи чигунагии вазъ пурсидем.

Амбарсумян: “То як километр ба бинои пулиси Эребунӣ наздик шудан имкон надорад. Ҳамаи роҳҳои вурудӣ ба ин маҳал аз ҷониби нирӯҳои пулису афроди дигари низомипӯши мусаллаҳ баста шудаанд. Вале ҳеҷ тараф даст ба амал назадаанд, вазъ яксон номаълум боқӣ мемонад. Унан Погосян, муовини пулиси Арманистон имрӯз ба назди рӯзноманигорон омад ва гуфт, ки гурӯҳи мусаллаҳи тундрав ду гаравгони дигарро раҳо кардааст. Як нафари онҳо корманди пулис ва дигарӣ ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” будааст. Ба гуфтаи Погосян, раҳоии ин ду нафар дар натиҷаи музокирот имконпазир шудааст. Вале гурӯҳи мусаллаҳ нахостааст силоҳи худро ба замин гузорад ва худро ба мақомот таслим кунад. Дар айни замон, ки мову шумо сӯҳбат мекунем, нирӯҳои интизомӣ мегӯянд, ки онҳо ҳар роҳу имкони мавҷударо барои ҳалли сулҳомези вазъият истифода мебаранд.”

Суол: Ҳар ду ҷониб ҳам барои раҳоии одамони худ талош доранд. Дар асл оё ҷонибҳо ба дархости якдигар гӯш медиҳанд?

Амбарсумян: “Ман аз Унан Погосян пурсидам, ки оё имкони раҳоии одамон аз ҳар ду ҷониб вуҷуд дорад? Вай дар ҷавоб гуфт, ки ин кор имкон надорад. Пурсидам, оё музокира на бо гурӯҳи мусаллаҳи гаравгонгирон, балки бо нирӯҳои мухолифон имкон дорад? Вай гуфт, ки чунин кор имкон дорад, вале дар айни замон чунин кор анҷом нагирифтааст. Талаби дигари гаравгонгирон ин будааст, ки Серж Саргисян аз мақоми раёсати ҷумҳури Арманистон истеъфо диҳад.”

Суол: Жирайр Сефилян, раҳбари мухолифон чӣ гуна шахсиятест?

Амбарсумян: “Жирайр Сефилян шахсест, ки дар солҳои ҷанги Қарабоғ, яъне дар солҳои навадум шӯҳрат пайдо карда буд. Ҳоло вай ташаббуси нирӯҳои мухолифро ҳамоҳанг месозад. Ин нирӯҳоро бо номи “Порлумони муассис” мешиносанд. Вайро моҳи июн барои бо худ доштани силоҳи ғайриқонунӣ боздошт карданд. Кумитаи тафтишот мегӯяд, вай ба пайравони худ дастур додааст, ки аслиҳаро ба ҷойҳое бибаранду пинҳон кунанд ва агар фармон содир шавад, бояд онро истифода баранд. Вале Сефилян ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳамеша талош кардааст, ҳар кореро аз роҳи сулҳомез анҷом диҳад.”

Суол: Жирайр Сефилян дар миёни аҳолӣ эътибори зиёд дорад?

Амбарсумян: “Дақиқ гуфта наметавонам, ки вай ҷонибдорони зиёд дорад. Вале агар эътирозҳоеро, ки вай созмон дода буд, дар назар бигирем, дар ин эътирозҳо маъмулан дусад нафар ё бештар аз он ширкат мекарданд. Ҳаичун сиёсатмадор ҳам ба мушкилӣ метавон гуфт, ки вай эътибори зиёд дорад.”

Ёдовар мешаваем, ки Хадамоти амнияти миллии Арманистон шаби 17 ба 18 июл изҳор дошт, ки нирӯҳои вижа ба ҳолати омодабоши низомӣ дароварда шудаанд, вале онҳо барои гирифтани бинои пулис ё вориди амал шудан дастур нагирифтаанд. Ҳоло ба Эребунӣ нирӯҳои пулис ва артиш оварда шудаанд. Дар болои боми хонаҳои атрофи бинои пулис нишонзанҳо ҷой гирифтаанд. Як қисми сокинони маҳал берун бурда шудаанд.

Аз сӯи дигар, нирӯҳои амниятии Арманистон 50 нафареро, ки пештар ба гумони иртибот бо нирӯҳои тундрав боздошт шуда буданд, раҳо кардаанд. Дар ин бора дафтари Омбудсмени Арманистон хабар дод. Пештар пулис гуфта буд, ки тақрибан 200 нафарро ба шӯъбаи пулис овардаанд, то имкони робитаи онҳо бо гурӯҳи мусаллаҳи ҳамлакунандаро бисанҷанд.

XS
SM
MD
LG