Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазои "хиёнат ба ватан" ҳабси абад мешавад


Дар сурати қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ин ба баъд ҷазо барои ҷинояти "хиёнат ба ватан", ҳабси абад хоҳад буд.

Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ҷазои афроди муттаҳам ба хиёнат ба давлат сахттар шавад. Бар асоси ислоҳоте, ки ҳукумат ба Кодекси ҷиноӣ пешниҳод кардааст, барои нафари муттаҳам ба хиёнат ба давлат 25 соли зиндон ё ҳабси абад бо мусодираи молу мулк тақозо мешавад. Ин ҷазо дар ҳоли ҳозир аз 12 то 20 соли зиндон аст.

Масъулони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 12 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, “тағйирот аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси Намояндагон ироа шудааст”. Онҳо гуфтанд, ислоҳоти пешниҳодии ҳукумат ба моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон рабт дорад.

Ибораи "хиёнат ба давлат ё ватан" солҳои охир дар расонаҳо, бахусус расонаҳои таҳти идораи ҳукумат зиёд истифода мешавад. Як ҷустуҷӯи сарсарӣ дар Гугл ҳам кофист, ки бо навиштани ибораи "хиёнат ба ватан" беш аз 250 ҳазор матлаб пайдо шавад. Дар ин матлабҳо мафҳуми хиёнат ба давлат ё ватан ба гунаҳои мухталиф истифода шуда, дар яке аз онҳо пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, мухолифат бо сиёсати ҳукумат, ҷосусӣ, баргузории эътирозҳо дар хориҷ ва ҳатто хӯрдани пули барқ ба унвони хиёнат шинохта шудаанд.

Моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, хиёнат ба давлатро, “ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расондани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст” медонад. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ мегӯяд, нафари муттаҳам “агар ихтиёрӣ ва бо сари вақт огоҳондани мақомоти ҳокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расондашаванда мусоидат карда бошад ва дар кирдорҳои ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”.

​Хиёнат, махсуcан хиёнат ба ватан дар таърихи тоҷикон бисёр бозтоб ёфтааст. Дар даврони Шӯравии собиқ дар баробари ин вожа аз “душмани халқ” низ истифода шуда, ба гуфтаи таърихнигорон чанде аз рӯшанфикрон маҳз қурбони ибора шуданд.

Дар чанд соли гузашта дар Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, сардори пешини Оҷонсии зидди маводи мухаддир бо ҷурми хиёнат ба ватан ҳукм гирифта, дар ҳоли адои ҷазои ҷиноист. Тайи ду соли охир мақомоти интизомӣ Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъро ба хиёнат ба ватан муттаҳам карданд. Аммо аввалӣ берун аз Тоҷикистон дар ҳайати "Давлати исломӣ" меҷангад ва дувумӣ соли гузашта дар пайи талоши боздошташ дар дараи Ромит кушта шуд.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG