Пайвандҳои дастрасӣ

Вахш. Хонаи директори мактабро кӣ оташ зад?(ВИДЕО)


Хонаи директори мактаби шумораи 30 дар ноҳияи Вахш, ки ба оташ кашида шудааст.
Хонаи директори мактаби шумораи 30 дар ноҳияи Вахш, ки ба оташ кашида шудааст.

Як пора коғазе, ки аз ҳавлии Раҷабалӣ Каримов, мудири мактаби рақами 30-и ноҳияи Вашх пайдо шуд, ба гардани ҳамкораш Икромалӣ Сайдалиев ҷинояти марбут ба терроризмро бор кард.

Ин хулосаест, ки хонаводаи муаллим Сайдалиев ба он қотеъона бовар доранд. Аммо мақомот бо пахши як барномаи муфассали телевизонӣ Икромалӣ Сайдалиевро ба тундгароӣ ва тарконидани мағозаи директори мактаб муттаҳам карданд. Муҳтавои намоиши телевизионӣ ин буд, муаллим Сайдалиев бар пояи норозигӣ аз манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактаб, хостааст мошини мудирро битарконад, вале чун ба ҳадаф нарасидаст, дар иваз мағозаи ӯро оташ задаст. Икромалӣ Сайдалиев дар мактаб аз фаннӣ таърих дарс мегуфт ва ҳам ба гурӯҳе аз талабагон хатти ниёгонро меомӯхт.

Ҳодиса, ки дар назари аввал хеле соддаву осон, яъне бархӯрди зовияҳои мазҳабиву дунявӣ ба назар марасад, дар асл хеле печидааст. Ин қиссаро хомӯшии ҳамсояҳо, ки ҳар яке ба суоли мо дар бораи ҳодисаи мунфаҷир шудани мағозаи директори мактаб бо ишораи инкор - яъне “намедонам” сар меҷунбонид, мармузтар мекард. Муаллим Сайдалиев ва мудири мактаб Раҷабалӣ Каримов дар ду деҳаи начандон дур аз ҳам ба сар мебаранд.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Икромалӣ Саидалиев, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш ва омӯзгори мактаби 30-и ин ноҳия, шаби 27-уми апрел ба деҳаи Деҳқонобод ба хонаи мудири мактаб омада, қасди тарконидани мошини ӯро кардааст. Аммо пас аз он, ки тарконидани мошин ба вай муяссар нашудааст, мағозаи Раҷабалӣ Каримовро оташ задааст.

Сафармоҳ Каримова, ҳамсари Раҷабалӣ Каримов, мудири мактаби 30-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, ҷумъаи 16-уми май дар ҳавлии зисташ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, касе надидааст, ки мағозаро кӣ оташ зад. Танҳо пас аз аланга гирифтани оташ, ки эҳтимол дошт ба хонаҳои дигар низ зарар расонад, соатҳои 3:30, келини хонадон падаршӯяш - Раҷабалӣ Каримовро бохабар кард. Ба гуфтаи Хонум Каримова, саҳаргоҳ вақте келини ӯ ба мағоза рафтаст, то бубинад чӣ сӯхту чӣ монд, ҳангоми берун шудан аз мағоза, коғазеро аз замин пайдо кард, вале хона натавонист, чун бо ҳуруфи форсӣ буд.
Даромадгоҳи мактаби шумораи 30 дар ноҳияи Вахш.
Даромадгоҳи мактаби шумораи 30 дар ноҳияи Вахш.
Хонум Каримова гуфт: «Дар ҳамин вақт кормандони сӯхторхомӯшкунӣ ва ШКД дар ҳавлӣ нишаста буданд. Рамазон ном як муаллим ҳам будааст. Келинам коғазро ба муаллими Рамазон додааст. Вай гирифта хондааст, ки бо хатти форсӣ гапҳои таҳдидомез навишта шудааст. Огоҳнома навиштааст, ки мошинатро тарконида натавонистам, хонаатро оташ задам! Муаллим Рамазон варақаро бурда ба мақомот медиҳад. Даҳони баки мошин ҳам канда дар ҳавли партофта буд, ки вақте ташхис карданд, изи дасти муаллим Икромалӣ Саидалиев баромадааст. Мактуби ёфтаи келинамро ҳам вақте хонда баромадан диданд, ки гӯё бо ҳусни хати муаллим Саидалиев монанд будааст.»

Сӯҳбат бо худи Раҷабалӣ Каримов ба хабарнигори Радиои Озодӣ даст надод. Чун мудири мактаб на дар хонааш пайдо шуд на коргоҳаш.

Баъзе аз корбарони Фейсбук дар баҳси намоиши телевизионӣ бо иттиҳоми терроризм дар саҳифаҳои худ навиштанд, ки ин муаллим ҳамеша пӯшидани ҳиҷобро ба духтарони мактабхон талқин мекардааст ва гӯё иҷозат намедодаст, ки духтарҳо бидуни рӯсарӣ ба дарс ҳозир шаванд. Дар зимн, пӯшидани либоси исломӣ дар макотибу донишгоҳҳои Тоҷикистон мамнӯъ буда, бар пояи қонунҳои ҷорӣ муаллим ҳақ доштааст донишҷӯ ё талабаеро, ки сатр ё русарӣ дорад, аз дарс берун кунад.

Аммо Мижгона Саидисмонова, хонандаи синфи 8-и ин мактаб, ки гуфта мешавад, маҳз танбеҳ гирифтани ин хонанда ва хоҳари бузургаш аз ҷониби мудири мактаб боиси хусумат дар байни муаллим ва мудири мактаб шудааст, мегӯяд, касе онҳоро ба пӯшидани ҳиҷоб ё бастани руймол тарғиб накардааст.

«Ману апаам, ки синфи 10 мехонад ҳиҷоб надоштем. 27-уми апрел мо дар гарданамон шарф овезон карда ба дарс омадем. Дар роҳ директори мактаб моро бо шарфамон дида буд. Аз сабабе, ки дер карда будем, моро дар ҳавлии мактаб нигоҳ доштанд. Апаам пеш аз ба ҳавлии мактаб даромадан шарфашро дар сумкааш монда буд. Баъд директори мактабамон ба ман гуфт, шарфатро бидеҳ. Ба апаам гуфт, аз сумкаат шарфатро барор. Апаам шарфашро бароварда ба директор дод. Мудири мактаб шарфҳоямонро бо қайчӣ пора карда, гуфт, овехтани шарф хилофи низомномаи мактаб аст.»

Мижгона мегӯяд, чандин муаллим, бо шумули муаллим Саидалиев шоҳиди пора кардани рӯсарии талабаҳо буданд, вале касе аз онҳо бо мудир вориди баҳс нашуд. Рамазон Ханҷаров, муовини мудири мактаби рақами 30 ҳам инро тасдиқ кард, ки ягон нафар аз хонандагони мактаб дар ҳавлии мактаб сатр намепӯшанд. Танҳо шаш нафар аз духтарони мактаб аз болои руймолашон боз руймоли калон ҳам мебанданд, ки баробари расидан ба назди мактаб, онҳоро гирифта ба сумкаҳояшон мегузоранд.
Юсуфҷон Юсуфзода
Юсуфҷон Юсуфзода
Ҷаноби Ханҷаров афзуд, ҳарчанд омӯзгор Саидалиев чандон ҷонибдори либоси ягонаи мактабӣ ва ё баргузор кардани ҳар гуна чорабинӣ дар мактаб набуд, аммо боре ҳам эътироз накардааст: «Саидалиев қабул надошт, ки хонандагон рақсу сурудхонӣ кунанд. Ё бо либоси ягона ба мактаб биёянд. Лекин ягон маротиба эътироз накардааст. Ҷуръати эътироз карданро намекард. Аммо ман рӯзи 27 апрел дар мактаб набудам. Танҳо шунидам раҳбари мактаб, ки бастани шарф хилофи низомномаи мактаб аст, хонандагонро сарзаниш кардааст. Барои ҳамин гӯё муаллим Саидалиев нисбати директори мактаб хусумат пайдо карда, мағозаи ӯро оташ задааст. Директори мактаб ҳамеша кӯшиш мекунад ҳама қонунҳои Тоҷикистонро риоя кунад.»

​Ҳоло додситонии вилояти Хатлон муаллими таърих ва ҳуқуқи мактаби рақами 30-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, Икромалӣ Саидалиев -ро тибқи моддаи 179 Кодекси ҷиноӣ ба «терроризм» мутаҳҳам кардааст. Юсуфҷон Юсуфзода, додситони ноҳияи Вахш панҷшанбеи 15-уми май бо тадсиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Икромалӣ Саидалиев дар таркондани мошин ва хонаи мудири мактаби рақами 30-и ноҳияи Вахш, Раҷабалӣ Каримов, айбдор дониста мешавад. Ӯро 1-уми май боздошт карданд.

Ба қавли ҷаноби Юсуфзода, Икромалӣ Саидалиев аллакай ба гуноҳаш иқрор шудааст ва гуфтаст, ки шаби 27-уми апрел мехост мошини мудири мактабро тарконад, аммо таркиш ба амал намомад ва баъдан тасмим гирифт, ки мағозаи ӯро оташ бизанад, ки ҳамшавати хонааш буд. Ҷаноби Юсуфзода гуфт: «Икромалӣ Саидалиев ҳамеша хонандагонро ба хурофотпарастӣ ва либосҳои исломӣ, аз қабили пӯшидани фаранҷӣ ташвиқ мекардааст. Ба духтарҳо мегуфтааст то бе рӯймол ба дарс наоянд. Ҳамчунин як хатчае пайдо кардем дар он «пеши роҳи исломро касе гирифта натавонист, атеисти ифлос, ин огоҳӣ барои ту каллаатро каллаи хук барин мебуранд....» ва монанди инҳо навиштаҳо буд, ки ташхис нишон дод он бо хатти ҳамин муаллим навишта шудааст.»
Хайриниссо Абдулқадимова, ҳамсари Икромалӣ Сайдалиев
Хайриниссо Абдулқадимова, ҳамсари Икромалӣ Сайдалиев
Аммо пайвандони Икромалӣ Саидалиев, иддаои мақомотро рад мекунанд. Хайриниссо Абдулқадимова, ҳамсари муаллим Саидалиев, ки бо мо дар манзили зисташ сӯҳбат мекард, чандон мазҳабӣ ба назар намеомад ва рӯймолаш ҳам аз рӯймоли занҳои дунявӣ фарқ надошт. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд шавҳараш панҷ вақт намоз мехонад, аммо ягон маротиба касеро барои ба бар кардани либоси исломӣ маҷбур накардааст. Ҳатто худи ҳамсараш Хайриниссо Абдулқадимоваро низ.

Ҳамсари Саидалиев иддаое, ки ҳамсараш пайваста амри маъруф гӯш мекард ва ҳар гуна китобҳои динӣ мехондро беасос хонд. Ӯ гуфт, ки дар манзилашон як китоби Қуръони Карим аз шодравон падари Саидалиев ба мерос монда буд.
«Рӯзи дастгир кардани шавҳарам 7 кормани амнияти ноҳия омада хонаамро кофтанд. Ҳама дискҳоро гирифта бурданд. Ҳатто диски туйи як хешамонро. Ман худам шоҳид будам, ки дар миёни дискҳо ҳамагӣ як диски амри маъруф буд, ки на Ҳоҷӣ Мирзо буд ва на Эшони Нуриддинҷон. Як нафари дигар буд, ки мавъиза карда буд.»

Икромалӣ Саидалиев дар боздоштгоҳи КДАМ буда, қарор аст рӯзҳои наздик парвандаи ӯ бо моддаи 179 терроризм, ё анҷом додани таркиш ва моддаи 255 (қасдан несту нобуд кардани амвол) ба Додгоҳи олӣ ирсол шавад.

Зимнан, Кумитаи амнияти миллӣ навори суҳбатҳои муалими мактаби Вахш Икромалӣ Саидалиевро аз тариқи шабакаҳзои телевизионии давлатӣ пахш намуд, ки вай дар содир кардани ҷиноят иқрор аст ва гуфт, ҳамаро ба хотири зиндагӣ бар пояи шариат анҷом додааст. Аммо маълум нест, ки ин эътироф таҳти чӣ шароите ба даст омадааст.
Наздикони муаллиме, ки бо "тероризм" муттаҳам мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:34 0:00
XS
SM
MD
LG