Пайвандҳои дастрасӣ

Малика: Маро ҳам бо Хуршед ҳабс кунанд. ВИДЕО


Малика Соҳибназарова
Малика Соҳибназарова

Малика Соҳибназарова, духтари 23-солае, ки рӯзи 1 март аз ҷониби дӯстписараш Хуршед Азизов шадидан латукӯб шуд, се рӯз баъди ҳодиса мегӯяд, ки «худаш гунаҳгор буд» ва аслан намехоҳад, ки Азизов барои ин ҳодиса пушти панҷара равад.

Ман аз номери таксӣ занг задам, соати 5 саҳар буд. Вай гуфт, ки маро огоҳ (предупреждать) карда буд. Асабош вайрон шуд, доду вой кард, рафтам пешаш

Соҳибназарова субҳи 4 март дар ҳоле, ки дар хонаи волидонаш воқеъ дар канори Душанбе қарор дошт, ба чанд саволи Радиои Озодӣ посух дод. Ӯ гуфт, ки бо Азизов аз соли 2015, наздики панҷ сол аст мулоқот мекунад ва дар ҳодисаи латукӯб шуданаш на ӯ, балки худашро гунаҳгор медонад. Дар ҳоле, ки ба ҳар гуфтаи Соҳибназарова волидон ва бародараш мухолифат ва бисёр гуфтаҳои ӯро рад мекарданд, худи ӯ гуфт, хостори озод шудани Хуршед мебошад.

Ҳодиса субҳи 1 март дар назди донишгоҳи омӯзгории Душанбе рух дод. Дар навори видеоие, ки як раҳгузар сабт карда баъдан онро дар шабакаи Фейсбук нашр кард, дида мешавад, ки ҷавонмарде духтарро аз дохили сандуқи мошин бо як шеваи хеле дағалона берун оварда, шадидан латукӯб мекунад. Садои баланди фиғони духтар пеши роҳи латукӯбҳои шадидро нагирифт.

Ин навори видеоӣ бисёр тамошобинонро дар даҳшат гузошт ва дар шарҳҳои бешумори корбарон талаби пайдо ва муҷозот шудани ин ҷавон карда шуд. Дар шарҳ корбарон ба муҷозоти рафиқони ҷавони ҳамлагар ҳам даъват мекарданд, чунки дар тамоми ин саҳнаи хушунатомез ҳеҷ талош накарданд пеши роҳи латукӯби бераҳмонаи духтарро бигиранд. Баъди чанд соат полиси Душанбе дар бораи боздошт шудани Хуршед Азизови 23-сола хабар дод, ки ҳамакнун бояд бар асоси моддаи авбошӣ дар баробари қонун посух диҳад. Барои авбошӣ қонунҳои Тоҷикистон аз 55 то 110 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Малика Соҳибназарова: Хуршед не, ман гунаҳгорам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

"Зодрӯзи Хуршед буд..."

Малика Соҳибназарова, духтаре, ки аз дасти Азизов шадидан латукӯб шуд, ба гуфтаи худаш, субҳи дигари баъди дастгир шудани Азизов ба назди ӯ ба боздоштгоҳ бо ғизои гарм рафт.

Малика дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки он рӯз Хуршед зодрӯз дошт ва ба ӯ гуфт, ки дар маркази тафреҳии «Галлаксӣ» ҳамроҳ бо рафиқонаш ҷашн мегирад. «Ман аз номери таксӣ занг задам, соати 5 саҳар буд. Вай гуфт, ки маро огоҳ (предупреждать) карда буд. Асабош вайрон шуд, доду вой кард, рафтам пешаш”. Ба нақли Малика, вақте ӯ ба назди Хуршед рафт, бо ӯ ҷанҷол кард, “дар багаж бор кард” ва баъд латукӯб кард. Вале Малика мегӯяд, ки ин гуноҳи худи ӯ буд, ки кор то ин ҷо расид ва ӯ бояд гапи Хуршедро гӯш мекард.

Ба саволи ин ки чаро намехоҳад Хуршед аз рӯи қонун ҷазо бинад, гуфт, “дар ҳақаш хиёнат мешавад”, чун ӯ барояш “кӯмак мекунад”. Малика мегӯяд, ба полис ҳам гуфтааст, ки нисбати Азизов ҳеҷ даъво надорад ва бигузор озодаш кунанд. Ӯ мегӯяд, агар Хуршедро панҷ сол зидонӣ кунанд, "маро ҳам ҳабс кунанд”.

Ба саволи Радиои Озодӣ, ки то куҷо чунин муносибати пурхушунати мард ба ӯ дуруст аст, гуфт, “рост мегӯед, туғрӣ намегирад, лекин ман шикоят кардан намехоҳам”. Ӯ гуфт, ки онҳо ҳатман оштӣ мекунанд ва муносибати онҳо “хуб мешавад”.

"Моҳира Ятимова пеши чашмам омад"

Ин дар ҳолест, ки ба қавли волидонаш Малика тобистони соли гузашта ҳам як бори дигар бо осори латукӯб дар рӯяш ба хона баргашта буд. Бародари Малика, ки зоҳиран аз ин ҳодиса ва муносибат ба хоҳараш бисёр нороҳат аст, мухолифи ин аст, ки хоҳараш ҳодисаро нодида гирифта гуноҳи ҷавонро бубахшад.

Ҳодисаи латукӯби шадиди Малика аз ҷониби дӯстписараш мавриди интиқодҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамаи онҳое шуд, ки ин навори видеоиро тамошо карданд.

Бархе корбарон гуфтанд, ки латукӯби бераҳмонаи як зан дар мазҳари ом баёнгари амиқ будани мушкили хушунат нисбати занон дар Тоҷикистон аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки мизони хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон хеле баланд аст, вале ба фарқ аз ин ҳодисаҳо, дар мазҳари ом ва ба чунин бераҳмӣ латукӯб шудани як зан ҳодисаи нодир ва хеле такондиҳанда буд.

Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, вақте саҳнаи латукӯби як духтари тоҷикро дар видео дид, дар навбати аввал ҳодисаи марги фоҷеабори як ҷавонзани тоҷик аз дасти ҳамсараш дар соли гузашта – Моҳира Ятимоваи 33-сола, модари се фарзандро ба ёд овард, ки дар пеши чашми фарзандон бо 13 зарби корди ҳамсар Бобоҷон Ширинзода кушта шуд. Шаҳноз Комилзода гуфт, ки аввалин вокунишаш ба ин ҳодиса – шикоят ба полис буд, то ки ин марди озордиҳанда пайдо ва муҷозот шавад.

“Ман, ростӣ, хеле асабонӣ ва озурда шудам. Набояд то ин ҳадд зан худро поймол кунад, чунин беарзиш кунад”. Комилзода гуфт, ин андешаро, ки мегӯянд, “ин духтар ошиқ аст”, қабул надорад ва “зан набояд иҷоза бидиҳад, ки бо ӯ чунин рафтор шавад”.

Донишманди тоҷик ва як фаъоли ҳуқуқи зан Зулайхо Усмонова гуфт, ки муносибати духтар нисбат ба озордиҳандааш мавриди ташвиш ва нигаронӣ аст, чунки дар сурати идома ёфтани ин равобит, духтар ҳаёти худро таҳти хатар қарор медиҳад.

"Ҷавон бояд аз рӯи қонун муҷозот шавад"

Дар шарҳи бархе гуфта шуд, ки эҳтимолан зиндагии фақиронаву ниёзманди оила ин духтарро дар ҳолати вобастагии тамом аз ҷавоне гузоштааст, ки бар ивази муҳаббат ва муносибати дағал, таъминоти моддиву маишии ӯро ба ӯҳда дорад. Вале боз ҳам назари онҳое, ки чунин муносибатҳоро бо лаҳни шадид танқид мекунанд, бештар аст.

Бархе фаъолон мегӯянд, ки ҳоло бо вуҷуди ин ки Малика Соҳибназарова намехоҳад Хуршед Азизов муҷозот ва зиндонӣ шавад, полис ва додгоҳ бояд нисбати рафтори ин ҷавон мувофиқ бо қонун амал кунад. Бархе мегӯянд, ки муҳокимаи ин ҷавон бояд ошкоро сурат гирад, то ки ба дигарҳо ҳам дарси ибрат шавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз мизони баланди хушунат нисбати занон изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, ки дар бисёр ҳолатҳо худи қурбониҳои хушунат хостори муҷозоти озордиҳандагонашон нестанд, чунки фикр мекунанд, ки дар ин сурат мавриди муҷозоту маҳрумиятҳои бештар қарор мегиранд. Инро бархе равонпизишкон бо истилоҳи "синдроми Стокҳолм" ёд мекунанд, ки зани қурбонии хушунат дар ниҳоят ошиқи озордиҳандааш мешавад.

Бархе фаълони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, дар чунин ҳолат масоили эътимод ба нафс, эҳтиром ба ҳуқуқ ва шарафи инсонии зан дар навбати дуюм қарор мегирад. Аз сӯи дигар, наздикони марди озордиҳанда ҳам занро накӯҳиш мекунанд, ки боиси эҷоди мушкил барои ин мард шуд.

Соли 2017 бунёди ҷамъиятии “Нотабене”-и Тоҷикистон, Созмони ҳамкории байналмилалӣ ва Бунёди Хелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо нашри як гузориши муштарак гуфтаанд, ки аз ҳар панҷ зан дар Тоҷикистон як нафараш мавриди хушунат қарор гирифтааст. Аксари ин ҳодисаҳо дар шароити хона сурат мегирад ва аз чашми ҷомеа пинҳон мемонад. Ба фарқ аз қазияи Малика ва Хуршед, ки дар чанд рӯзи ахир бисёр сокинони Тоҷикистонро водор кард дар бораи амиқ будани масъалаи хушунат андеша кунанд.

XS
SM
MD
LG