Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи ғуломдорӣ дар Русия


Кароматуллоҳ Шарифов, раиси созмони «Тоҷик диаспора», мегӯяд, 20 дарсади мардикорони тоҷик дар Русия дар ҳоли ғуломӣ ба сар мебаранд.

Вай меафзояд, сабаби бардагии муҳоҷирон ин аст, ки дар Русия қонунҳои муассири ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон мавҷуд нест ва ҳам мақомоти Тоҷикистон аз сарнавишти шаҳрвандони худ дар хориҷ бепарвост.

Раиси созмони «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» ин баёнияро дар ҳошияи озодсозии беш аз 50 нафар муҳоҷирони кории Узбакистон аз банди як ширкати тиҷоратӣ дар вилояти Маскави Русия эълом кард.

Ин гурӯҳи 50-нафарии шаҳрвандони Узбакистонро пулиси вилояти Маскави Русия дар пайи як амалиёти вижа рӯзи сешанбеи ахир озод кард. Бино ба гузоришот, кормандони як ширкати мевафуруши озарбойҷонӣ тайи чанд моҳ шаҳрвандони Узбакистонро дар таҳхона банд карда, онҳоро бепул кор мефармуданд ва ба занони онҳо дастдарозӣ мекарданд.

Коршиноси мустақили ҳуқуқи башар Татяна Холшевникова дар тавзеҳ ба ин ҳодиса мегуяд, дар Русия ҳудудан панҷ миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ба сар мебарад ва хатари афтодан ба ғуломӣ ба ин панҷ миллион таҳдид мекунад. Занон бештар ба гуломӣ меафтанд. Тоҷикон ва узбакҳо дар Русия беш аз ҳар гурӯҳи дигари муҳоҷирон асир мешаванд.

Светлана Ганушкина, раиси созмони «Имдод ба шаҳрвандон», одамрабоӣ ва ғуломӣ дар Русияро заъфи давлатдорӣ ва иҷро нашудани қонунҳои марбута медонад. Вай мегӯяд, дар Русия қонуни мубориза бо ғуломдорӣ мавҷуд аст, вале, мутаасифона, иҷро намешавад. Имрӯз истифода аз меҳнати ғуломон дар Русия як ҳодисаи маъмулӣ шудааст, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар дар солҳои ахир шурӯъ шуд. Муҳофизи ҳуқуқ ҳамчунин тавзеҳ кард, он муҳоҷироне ҳам, ки қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, дар ҳоли нимағуломӣ ба сар мебаранд.

Светлана Ганушкина меафзояд, корфармоён дар Русия моҳҳои дароз ҳаққи кори муҳоҷирини кориро намедиҳанд, то ки онҳо ихтиёри рафтан ба ҷой дигарро надошта бошанд. Ин амал марбут аст ба фасод ва маъмулан ба ин харобкорӣ пулис ҳам шарик аст, ба ҳамин далел мубориза бо он хеле мушкил шудааст.

Бино ба гузоришот, дар робита ба сарнавишти ғуломонаи 50 нафар муҳоҷирони кории Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Муҷримин то 15 сол зиндонӣ хоҳанд шуд ва аммо онҳо пинҳон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG