Пайвандҳои дастрасӣ

Соатҳои пурталотум. Моҷароҳои мусофирон дар нақлиёт. ВИДЕО


Хабарнигорони Радиои Озодӣ роҳи мушкили мусофиронро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Тоҷикистон таҷруба карданд.

Ронандаҳое, ки мехоҳанд даромади бештар бинанд, микроавтобусҳои “Спринтер”-ро ба автобус табдил додаанд.

Бо вуҷуди инки мақомот барои ба танзим даровардани кори нақлиёти ҷамъиятии пойтахт талошҳое ба харҷ додаанд, дар соатҳои доғи корӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракат бо мусофирбар ҳамоно мушкилоти худро дорад.

Донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои пойтахт мегӯяд, ҳар субҳ на дер аз соати 7 ба роҳ барояд. "Таъхири 15-дақиқаӣ метавонад барномаи сафарро то донишгоҳ то 40 дақиқа ба ақиб андозад", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Репортаж аз дохили мусофирбарҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Вале на ҳама сокинони пойтахт аз рӯи нақшаву барнома кор мекунанд. Бисёриҳо талош мекунанд бо назардошти дур набудани роҳашон то макони дарсу кор аз хона берун шаванд ва дар ҳамин асно дарк мекунанд, ки дар қатори даҳҳо мусофири дигар дар истгоҳ дармемонанд.

“Спринтер”-ро ба автобус табдил додаанд

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми январ, соати 7:15-и субҳ, дар истгоҳи назди Сирки давлатӣ интизори мусофирбар истоданд. Ҳаво боронӣ ва каме сард буд. Ҳадаф пайдо кардани микроавтобуси хатсайри рақами 33 буд, то ба истгоҳи “Садбарг” бирасанд. Аз онҷо бояд то "Кохи Ваҳдат" мерасиданд.

Соати доғ барои мусофирбарҳо аз 8 то 8:30-и субҳ аст. Шояд ба ҳамин хотир, микроавтобуси зарурӣ баъд аз интизории 15-16 дақиқа расид. Микроавтобуси навъи "Мерседес-Бенс Спринтер" ба истгоҳи Сирк расид, вале дохилаш пур буд. Шояд бархе ба дохили чунин мошин ворид намешаванд ва интизори микроавтобуси холитар мешаванд. Вале сардӣ маҷбур мекунад ба дохили маршрутка ворид шаванд.

Дар дохили "Спринтер" бо назардошти хусусиятҳои фаннии ин мошин барои 22 нафар ҷои нишаст пешбинӣ шудааст, вале шумори воқеии мусофирон ин навбат хеле бештар аз он аст. Онҳое, ки рост истодаанд, талош мекунанд дастаи дар шифти мошин насбшударо сахт бидоранд, то аз по наафтанд.

Ронандаҳое, ки мехоҳанд даромади бештар бинанд, микроавтобусҳои “Спринтер”-ро ба автобус табдил додаанд. Ҳар панҷ дақиқа мусофироне аз дохил берун ва мусофирони нав вориди мошин мешаванд. Мусофироне, ки дар канори роҳ истода ё нишастаанд, маҷбур мешаванд ҳамроҳи онҳо берун шуда, боз дубора бо мусофирони нав вориди мусофирбар шаванд.

Мошин ҳам гӯё резинӣ бошад...

Ногаҳон ронанда мошинро манъ мекунад, ҳамаи мусофирон сахт такон мехӯранд. Ронанда онеро, ки ба гуфтааш, пеши роҳашро гирифтааст, сахт дашном медиҳад. Мусофирон медонанд, агар дар чунин лаҳзаҳо аз даста надоранд, аз по меафтанд.

Як хусусияти хуби мусофирбарҳои Тоҷикистон ин аст, ки бо вуҷуди пур будани дохили мошин бо дидани зани кӯҳансол ё кӯдак ҳатман барояш ҷой медиҳанд. Зоҳиран, бархе бонувон ҳам бо назардошти ин фарҳанги хуб бо ҳар роҳ талош мекунанд дохили мусофирбари пур шаванд. Ҳоло ҳам чанд мусофире бо халтаву сумкаҳои пур ва кӯдакон дар истгоҳи маъруф ба "Текстил" худро бо сахтӣ ба дохили микроавтобус ҷой мекунанд. Мошин ҳам гӯё резинӣ аст, онҳоро қабул мекунад.

Дохили фазои мошин ғуборолуд, нафаскашӣ душвор аст, ҳар лаҳза садои "кондуктор" ба гӯш мерасад, ки аз мусофирон пул ҷамъ мекунад. Кас мехоҳад то истгоҳи зарурӣ нарасида, ба ҳавои тоза барояд, вале мусофирбари хурд танҳо то истгоҳи маъруф ба "Танк" расидааст ва то "Садбарг" чанд истгоҳи дигар аст. Пиёда рафта намешавад.

Вале бо ин вуҷуд, рӯҳияи мусофирон ором аст, ҳама тоқат мекунанд. Мардум оромтабиатанд ва ин хусусияти миллии мардумӣ ҳам ба фоидаи ронанда аст. Гоҳ-гоҳ моҷаро бармехезад. Дар наздикиҳои ронанда як зани солхӯрда барои баргардондани бақияи пулаш баҳс мекунад. "Кондуктор" қисми пули ин занро ҳам баргардондан намехоҳад.

Баҳс сари бақияи пул

Як хусусияти дигари мусофирбарҳои Душанбе – баҳс сари баргардондани бақияи пул аст. Арзиши расмии хадамоти мусофирбар 1 сомониву 60 дирам аст, ки барои ду бахши роҳ пардохт мешавад. Мусофир маъмулан 2 сомонӣ дароз мекунад. Бақияи пул – 40 дирамро гирифтан мушкил аст. "Кондуктор"-ҳо майли бозгардони пулро надоранд ва бо истифода аз нармии мусофирон, ин бақияро азхуд карда, гоҳе мегӯянд, арзиши роҳ ҳамин аст.

Танҳо дар истгоҳи "Голубой экран" дохили мошин аз одам камтар мешавад. Нишастан ҳам роҳаттар шуд, вале пойи кас шадидан дард мекунад. Ҷои холӣ ҳамоно пайдо намешавад. Бо ҳамин, аз "Сирк" то меҳмонхонаи "Душанбе", ки дар наздикии "Садбарг" ҷойгир аст, рост истода расидем. Ин роҳ дар маҷмӯъ 45 дақиқа вақт ва 2 сомонӣ маблағро тақозо кард. Бақияи пул ба даст наомад.

Роҳ идома дорад. Аз истгоҳи назди "Садбарг" бояд аз роҳ гузашта ба нақлиёти дигар бинишинӣ. Дар маркази пойтахт вазъи мусофирбарҳо беҳтар аст. Ҳадди ақал рӯзона. Соли гузашта бо як амри мири шаҳр ҳаракати таксиҳои арзони сесомонӣ манъ шуд ва ҷои онҳоро автобусҳои нави сохти Туркия гирифт. Ҳаракати автобусу троллейбусҳо дар ин масир беҳтар аст ва гоҳе мешавад аз таксиҳои шахсӣ истифода кард.

Дар истгоҳ лаҳзаҳои интизории мусофирбар бо чанд нафар ҳамсӯҳбат шудем. Як сокини Душанбе гуфт, барои расидан ба кор ҳамеша дар як вақту соат берун мешавад ва сари вақт ба ҷои кор мерасад.

"Ман дар телевизиони «Сафина» кор мекунам, - гуфт як мусофири дигар. – Аз ду маршрутка истифода мекунам. Якеаш то бозори Шоҳмансур мебарад ва аз он ҷо савори маршруткаи 18 то телевизион мерасам. Роҳ осон нест. Мебинед, ки мошин кам аст ва ҳамааш пур меояд".

Агар худи мо қоидаро риоя накунем, кӣ мекунад?

Шаҳрдорӣ соли 2017 хатсайри бархе мусофирбарҳоро тағйир дод. Бархе аз онҳо ба хотири инки дар роҳ корҳои сохтмонӣ мегузаранд, бояд гардишҳои калоне анҷом диҳанд. Ин ҳолат боис ба ҷамъ шудани мусофирони зиёд дар истгоҳҳои ғайрирасмӣ мешавад. Яке аз ин истгоҳҳо дар назди донишгоҳи Славянӣ ва поликлиникаи рақами 1 мебошад.

Омӯзгори ин донишгоҳ Шаҳбози Давлатёр мегӯяд, бисёр чиз аз фарҳанги мардум ҳам бастагӣ дорад: "Ба назари ман бисёр вақт мардум кори худро худашон мушкил мекунанд. Чаҳор нафар дохили мошине мешаванд, ки барои се нафар пешбинӣ шудааст. Агар худи мо қоидаро риоя накунем, кӣ мекунад? Ронанда? Барои ӯ ҳеч фарқ надорад. Кори ӯ рӯзи дароз ронандагӣ аст, вай бояд ба оилааш нон диҳад. Худи мардум бояд масъулият нишон диҳанд".

Ниҳоят мусофирбари мо ҳам расид ва баъди 18 дақиқа дар ҷои кор будем. Дар маҷмӯъ, аз рӯи ҳисоби мо, бо назардошти 15 дақиқаи интизорӣ дар назди Сирк, 29 дақиқаи роҳ то «Садбарг», 5 дақиқаи интизорӣ дар истгоҳи ин макон ва то расидан ба «Кохи Ваҳдат» беш аз 1 соат вақт сарф шуд. Бархе мегӯянд, дар соатҳои доғ роҳи онҳо дар ҳамин масир то ду соатро дар бар мегирад.

Моҳи апрели соли 2017 шаҳрдории Душанбе 40 автобуси навъи Isuzu-и сохти Туркияро вориди пойтахт кард. Ин автобусҳо хеле роҳатанд, дорои системаи электронии пардохт мебошанд. Дар дохили 25 ҷои нишаст ва 70 ҷой барои рост истодан пешбинӣ шудааст. Вале ин автобусҳо танҳо дар ду хатсайр - №1 ва №3 ҳаракат мекунанд. Мақомот мегӯянд, ки мехоҳанд дар оянда боз 40 автобуси нав ворид кунанд.

Ширкати мусофирбари байнишаҳрии AsianExpress, ки тавассути автобус ва такси кор мекунад, гуфтааст, ки барои ҳаракат дар кӯчаҳои пойтахт ният дорад ду ҳазор мошини нави навъи JAC ва Peugeot-и сохти Қазоқистонро ворид кунад. 120 адади ин мошинҳо аллакай дар кӯчаҳои шаҳр ҳаракат мекунанд. Соли гузашта дар пойтахт чанд ширкат маҳаллии таксӣ аз роҳи барномаҳои мобилии Android ва iOS хадамоти пешрафтаи фармоиши мошинро ба роҳ монд. Вале ин ширкатҳо ҳам наметавонанд мушкили камбуди мусофирбарҳои пойтахтро пурра ҳал кунанд. Бисёр сокинон бо ҳасрат аз кори таксиҳои сесомонӣ ёд мекунанд, ки аз назари суръат ва арзиши роҳ кори онҳоро осон мекарданд.

Фирдавс, ки аз хадамоти таксӣ парҳез мекунад, мегӯяд, бояд бо ҳамин пешниҳоди амалкунанда қаноат кунад. “Чаро ман ба роҳе, ки 2 сомонӣ арзиш дорад, 20 сомонӣ пардохт кунам? Вақте аз бозор харид кардам, дар ин сурат бояд ки такси гирам, вале барои хароҷоти ҳамарӯза ҳеҷ гоҳ харҷи барзиёд намекунам”, гуфт Фирдавс.

XS
SM
MD
LG