Намояндагони Ҳизби мардумии Покистон, яъне ҳизби худи Беназир Бҳутто, мақомоти давлатиро дар ин куштор муттаҳам кардаанд ва мегуянд, дар ин куштор давлат даст дорад ва маҳалли кушторро бо об шустааст, то ҳамаи далоилро аз байн бубарад. Вале Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон, ин идаъоро рад кард ва барои расидагӣ ба ин қазия аз Бритониё кумак хост.
Оқои Мушарраф дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, вай аз ҷараёни расидагӣ ба парвандаи ин куштор розӣ нест. Вай афзуд, "ман аз ҷараёни расидагӣ комилан қонеъ нестам. Бале, ман қабул дорам, ки маҳалли суиқасдро поккорӣ кардаанд ва ман аз ин кор розӣ нестам. Чаро онҳо ин корро карданд? Ин кор зарур набуд. Ин кор бояд намешуд. Аммо агар шумо фикр кунед, ки ин кор барои аз байн бурдани далоил анҷом гирифтааст, дуруст нест. Ман метавонам бигуям, ки ин танҳо саҳлангорист".
Шон Макк Кормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико, гуфт, Амрико низ аз тасмими Парвиз Мушарраф дар бораи даъвати бозрасони Бритонёӣ комилан ҷонибдорӣ мекунад. Вай афзуд, «мо фикр мекунем, ки ин кори хубест. Ин барои мардуми Покистон муҳим аст, то бидонанд, ки дақиқан чӣ рух додааст ва бо истифода аз имконоти мавҷуда собит кунанд, ки чӣ касоне масъуланд. Ва мо дар ин кор аз президент Мушарраф комилан ҷонибдорӣ мекунем".
Аз сӯи дигар «Ай-Сӣ-Ҷӣ», ё Гурӯҳи Байнулмиллалии Буҳронҳо, марказаш дар Бруксел, рӯзи ҷумъа гузорише мунташир сохта ва гуфтааст, ки баъд аз куштори Беназир Бҳутто Парвиз Мушарраф ба хотири таъмини оромӣ дар Покистон бояд аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо диҳад. Дар гузориши «Ай-Сӣ-Ҷӣ» омадааст, Парвиз Мушарраф, ки соли 1999 дар як табодулоти низомӣ ба қудрат расид, дигар наметавонад омили суботу оромӣ дар Покистон бошад ва Амрико бояд ин нуктаро бипазирад.
Аммо Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, мегуяд, бидуни дарназардошти ин ки дар интихоботи Покистон кӣ пирӯз мешавад ва бо Парвиз Мушарраф кӣ кор мекунад, Амрико ҳамчунон ҳамкори қавии Покистон боқӣ хоҳад монд.