Фазои мулоқоти президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ва сарвазири Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғонро ваъдаи вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс фароҳам овардааст, ки охири ҳафтаи гузашта гуфт, Иёлоти Муттаҳида амалан ба Анкара дар саркӯб кардани ошӯбгарони Ҳизби коргари Курдистон мадад хоҳад кард. Хонуми Райс дар сафараш ба Анкара гуфт, Вошингтон масъалаҳои таҳкими табодули иттилоъ бо Туркияро баррасӣ мекунад. Вале вай ҳамзамон Анкараро ба хештандорӣ даъват кард ва афзуд, решакан кардани ошӯб фурсати бештар мехоҳад. Лекин сарони Туркия мегӯянд, косаи сабри онҳо лабрез шудааст ва гуфтушуниди Вошингтон бояд як мулоқоти ҳалкунанда бошад.
Мулоқоти Бушу Эрдуғон ба ақидаи бисёре аз нозирони авзоъ, шояд охирин талоши ҷилавгирӣ аз мудохилаи ҳарбии Туркия ба Ироқ аст. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки аз ин мудохила нигаронӣ дорад. Шимоли Ироқ дар ҳоли ҳозир яке аз минтақаҳои нисбатан ороми Ироқ аст ва иқдоми Туркия ин эътидоли нисбиро ба ҳам хоҳад зад. Туркия ин аломатро ҳам додааст, ки метавонад, аз нақшаи ҳамла даст бардорад, ба шарте ки посухи Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ дар ҳалли мушкили курдии он қобили мулоҳиза бошад. Биноан, Анкара аз мулоқоти Вошингтон қадамҳои ҷиддиеро интизор аст. Дастикам як аломати афзоиши фишори Амрико ва Бағдод ба курдҳои шимоли Ироқ шояд ин аст, ки рӯзи якшанбе ҳашт сарбози турк аз асорати нирӯҳои Ҳизби коргари Курдистон озод шуданд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Шон Маккормак, аз кӯмаки Ироқ дар озодии сарбозон истиқбол намуда, ба ҳамкории бештари миёни Туркия ва Ироқ даъват кард. Вале маълум шудааст, ки ин хабар аз шиддати авзоъ накостааст.
Барои Анкара муҳим ин аст, ки пойгоҳҳои Ҳизби коргари Курдистонро дар шимоли Ироқ аз байн барад ва марзҳои худро эмин гардонад. Дар ҳоле ки гуфтушуниди миёни Анкара ва Бағдод дар ин маъала идома дорад, Ҳизби коргари Курдистон маъракаи худро дар ҷабҳаи дигар, дар самти Эрон густариш медиҳад. Усмон Оҷалон, бародари раҳбари зиндонии Ҳизби коргари Курдистон Абдуллоҳ Оҷалон гуфтааст, ин ҳизб нирӯҳои худро дар шимоли Ироқ коҳиш дод ва ба самти Эрон ҳаракат дорад.