Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл: Гуфтугӯ созанда буд, аммо дар бораи сулҳи Украина ба созиш нарасидем


Мулоқоти Владимир Путин ва Стив Виткофф дар Маскав. 02.12.2025.
Мулоқоти Владимир Путин ва Стив Виткофф дар Маскав. 02.12.2025.

Русия мегӯяд, бо Амрико дар бораи тарҳи пешниҳодии сулҳ дар Украина гуфтугӯҳои "судманд" анҷом додааст, аммо ҳанӯз ҳеч тавофуқе наздик нест.

Ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико рӯзи 2 декабр дар Кремл бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва мақомҳои ҳамроҳи ӯ наздик ба панҷ соат дар бораи тарҳе гуфтугӯ карданд, ки ҳадафи он поён додан ба ҷанги Русия дар Украина аст.

Пас аз ин нишаст Юрий Ушаков, мушовири президенти Русия дар умури хориҷӣ, зимни нишасти хабарӣ дар Кремл гуфт, ки сулҳ ҳанӯз наздик нашудааст, аммо дур ҳам нест.

Ӯ "масоили қаламрав"-ро яке аз муҳимтарин нуқтаҳои мавриди ихтилоф донист ва афзуд, ки ду тараф бештар дар бораи моҳияти тарҳ сӯҳбат карданд, на ҷузъиёти он. Ушаков афзуд, бархе пешниҳодҳо барои Русия қобили қабул буд ва дар бораи бархе дигар интиқодҳо доштанд.

Ӯ таъкид кард, "бе ҳалли масъалаҳои қаламрав ҳеч шонсе барои поёни бӯҳрони Украина намебинем. Акнун замони он расидааст, ки Маскав ва Вашингтон барои расидан ба пешрафти воқеӣ, ба таври ҷиддӣ корро оғоз кунанд".

Стив Виткофф дар бораи гуфтугӯҳои анҷомшуда изҳори назари фаврӣ накард ва пас аз тарки Кремл ба Сафорати Амрико дар Маскав рафт.

Қабл аз оғози гуфтугӯ бо Виткофф, раисҷумҳури Русия Владимир Путин хитоб ба ҳомиёни аврупоии Украина гуфт, ки Маскав алоқае ба ҷанг ва даргирӣ бо онҳо надорад, аммо агар Аврупо ба дунболи ҷанг бошад, Русия ҳам комилан омода аст.

Путин рӯзи 2 декабр иддоа кард, ки қудратҳои аврупоӣ хостори "таҳмили навъе созиши сулҳ бо Украна" ҳастанд, ки аз нигоҳи Маскав "комилан ғайри қобили қабул аст".

Раисҷумҳури Русия қудратҳои аврупоиро муттаҳам кард, ки бо ироаи пешниҳодҳое, ки ба гуфтаи ӯ, "ба хубӣ медонанд барои Маскав ғайри қобили пазириш хоҳад буд", ба талошҳои Доналд Трамп барои поён додан ба ҷанги сесола миёни Русия ва Украина латма мезананд.

Путин иддао кард, ки қудратҳои аврупоӣ бо қатъи робита бо Русия, амалан худро аз гуфтугӯҳои сулҳи Украина берун кардаанд.

Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар сафар ба Ирландия, хостори поёни қатъӣ ҷанг шуд, на созиши кутоҳмуддат дар даргириҳо.

Ӯ рӯзи 2 декабр дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Ирландия бар зарурати барқарории як "сулҳи шарафмандона" таъкид кард ва гуфт, барои таҳқиқи ин амри муҳим "ҳама бояд аз сулҳ пуштибонӣ кунанд".

Ӯ як рӯз қабл дар Порис пас аз мулоқот бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфт, барномаи сулҳ бисёр хуб аст, аммо баҳс дар мавриди вогузории сарзаминҳо барои Украина мавзуи бисёр печида ба шумор меравад. Зеленский ҳифзи тамомияти арзии Украинаро авлавияти аслӣ хонд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG