Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA як зина боло шуд


Тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) як зина боло шуд ва бо 1224,93 имтиёз дар байни 211 дастаи мунтахаб дар ҷойи 101-ум қарор дорад.

Дар ин феҳрист мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1877,18 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1873,33 имтиёз ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1870 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ Англия, Бразилия, Португалия, Нидерланд, Белгия, Олмон ва Хорватия дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (28-ум), Русия (33-юм) ва Узбекистон (50-ум) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (104-ум), Арманистон (106-ум), Қазоқистон (115-ум), Озарбойҷон (127-ум), Эстония (130-юм), Туркманистон (137-ум), Латвия (140-ум), Литва (146-ум) ва Молдова (158-ум) пеш буда, пас аз Украина (28-ум), Русия (33-юм), Узбекистон (50-ум), Гурҷистон (73-юм) ва Беларус (99-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳҳои октябр-ноябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар се бозӣ бар тимҳои Молдив (2:0; 3:0) ва Тимори Шарқӣ (5:0) пирӯз шуд.

Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳанд. Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии мусобиқот дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин, ки 31-уми марти соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, ҳал хоҳад шуд.

Тимҳои миллии Тимори Шарқӣ ва Молдив аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG