Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович, мутахассиси 58-солаи сербиягӣ, дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Молдивро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ин бозии гурӯҳи «А» 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушод. Голи дуюми мизбононро ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд. Дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони тоҷик чандин лаҳзаҳои хуби голзаниро аз даст доданд ва ҳисоб тағйир наёфт.
Ин аввалин бозии тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович буд, ки шартномааш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон то 31-уми марти соли 2026 баста шудааст.
Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ дар майдони худ аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Ҳамаи голҳо дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Гали Фрейтас, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 47-ум ҳисобро боз кард. Сипас чаҳор голи филиппиниҳоро ҳамлагар Бйорн Кристенсен ба самар расонд.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Футболбозони тоҷик дар даври аввали мусобиқот, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм 10-уми июн бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буданд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Филиппин | 3 | 2 | 1 | 0 | 10-4 | 7 |
| 2 | Тоҷикистон | 3 | 2 | 1 | 0 | 5-2 | 7 |
| 3 | Тимори Шарқӣ | 3 | 1 | 0 | 2 | 2-5 | 3 |
| 4 | Молдив | 3 | 0 | 0 | 3 | 1-7 | 0 |
Даври чорум
14-уми октябр (сешанбе)
15:30 - (бо вақти Душанбе) - Молдив – Тоҷикистон
Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив
16:00 (бо вақти Душанбе) - Филиппин – Тимори Шарқӣ
Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити