Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Горан Стеванович тими миллии Ганаро дар солҳои гуногун роҳбарӣ карда, бо ин даста дар Ҷоми миллатҳои Африқо ширкат кардааст.
Ҳамчунин ин мутахассис дар дастаи мунтахаби то 21-солаи Сербия низ ифои вазифа намудааст. Стеванович дар Ҷоми ҷаҳон-2006 ба ҳайси ёвари мураббии тими миллии Сербия фаъолият кардааст.
Дар сатҳи бошгоҳӣ бошад, Стеванович ба дастаҳои футболи Сербия, Юнон ва Чин роҳбарӣ кардааст.
Ба ситоди Горан Стеванович ду ҳамватанаш шомил хоҳад шуд. Радмило Азаниятс, ки қаблан дар бошгоҳҳои Қазоқистон (“Тараз” ва “Атирау”) кор кардааст, ёвари ӯ хоҳад буд.
Милан Павлович, ки корномаи мураббигиаш дар бошгоҳҳои Сербия, Чин ва Юнон идома ёфтааст, ёвари дуюми Стеванович мешавад.
Ба Стеванович Алифбек Беромов, сармураббии дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор низ кӯмак мекунад. Алишер Тӯйчиев дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо фаъолияташро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, пас аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ” («CAFA Nations Cup 2025»), ки тими миллии кишвар дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифт шартномаи ҳамкорӣ бо Гела Шекиладзе, мутахассиси 54-солаи гурҷӣ, қатъ карда шавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён бо раҳбарии Горан Стеванович омода мекунад.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Футболбозони тоҷик дар даври аввали мусобиқот, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм 10-уми июн бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.
Бозии даври сеюм дар гурӯҳи «А» байни тимҳои миллии Тоҷикистону Молдив рӯзи 9-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.