Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ


29-уми сентябр дар доираи Бозиҳои III кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил)-2025 дар Озарбойҷон мусобиқаҳо дар риштаҳои шиноварӣ, бокс, самбо, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, волейбол, футбол, тирпаронӣ баргузор шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар риштаҳои таеквондо WT ва самбо чаҳор медал ба даст оварданд. Дар риштаи таеквондо WT Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни то 54 кило ва Нурулло Муродов дар вазни то 74 кило медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ду медали дигари биринҷиро паҳлавонони ҷавони тоҷик дар риштаи самбо соҳиб шуданд. Назаралӣ Холов дар вазни то 64 кило ва Ёсин Ҳукуматов дар вазни то 71 кило ҷойҳои сеюмро азони худ карданд.

Ин аввалин медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ-2025 мебошад.

Инчунин дар риштаи футбол дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 7:1 шикаст дод.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо, ки то рӯзи 8-уми октябр давом мекунад, 2400 нафар ҳайатҳои варзишии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин Туркия, Покистон, Умон, Куба ва Кувайт ширкат доранд.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин Бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 142 варзишгар, дохиланд.

Чунонки сомонаи расмии Бозиҳо хабар додааст, мусобиқот дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шудааст.

Варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар 18 намуд: баскетбол, батут, бокс, волейбол, гуштии озод, гуштии юнону румӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таеквондо WT, тирпаронӣ, футбол, шамшербозӣ, шиноварӣ, ҷудо ва ғайра ширкат меварзанд.

Дар ҳамин ҳол дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 49 медал (34 тило, 8 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Озарбойҷон бо касби 38 медал (5 тило, 17 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 32 медал (4 тило, 13 нуқра ва 15 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Инчунин Узбекистон бо касби 20 медал (3 тило, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 15 медал (3 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 4 медали биринҷӣ дар ҷойи ҳафтум мебошанд.

Варзишгарони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Умон то ҳоло медал ба даст наовардаанд.

XS
SM
MD
LG