Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудои Тсиндао муайян шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо - Qingdao Grand Prix 2025, ки рӯзҳои 26-28-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин доир мегардад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тсиндао иштироки 200 варзишгар (117 мард ва 83 зан) аз 26 кишвари 5 қора дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳафт гуштигир дар рақобатҳо байни мардон ва ду нафар миёни занон намояндагӣ хоҳанд кард.

Меҳрзод Сӯфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило, Абубакр Шеров ва Масъуди Аҳмадзод, ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар сабқати мардон, инчунин Александра Кан дар вазни то 57 кило ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кило дар сабқати занон рақобат мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Ҳйесунг Ҳванг аз Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат мепардозад. Меҳрзод Суфиев низ аз даври дуюм вориди сабқат шуда, бо ғолиби ҷуфти Йуантао Ванг аз Чин ва Тувшинтур Туменҷаргал аз Муғулистон қувва меозмояд.

Обид Ҷебов, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Нурмуҳаммад Ботабой аз Қазоқистон ва Кантемир Замбатов аз дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) рӯбарӯ мешавад.

Абубакр Шеров ҳам дар даври аввал озод аст. Вай дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Энхдул Лхамаа аз Муғулистон ва Эҷдер Токтай аз Туркия рақобат мекунад. Масъуди Аҳмадзод низ сабқатро аз даври дуюм шуруъ намуда, бо ғолиби ҷуфти Стевен Болдбаатар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Рамазон Коҷаков аз Баҳрайн қувваозмоӣ хоҳад кард.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо намояндаи Чин Саилике Сонгҳайер ба рақобат мепардозад. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳансу Ким қувва меозмояд.

Александра Кан дар даври аввал бо Яқи Гонг аз Чин ва Виктория Киселёва дар даври аввал бо Сун Шаоҳан аз Чин нерӯсанҷӣ мекунанд.

Барномаи мусобиқот:

26-уми сентябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

27-уми сентябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

28-уми сентябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ба ҷуз аз медал, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд, ки 20 фисади маблағи ҷоизаҳои варзишгарон барои мураббиёнашон муқаррар шудааст.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии IJF мегарданд.

Рақобат ниҳоят шадид хоҳад буд: ин мусобиқот аз рӯи анъана гуштигирони зӯртарини ҷаҳонро гирди ҳам меорад ва марҳилаи муҳими омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон, инчунин сабқати интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес мебошад.

XS
SM
MD
LG