Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар бозии охиринаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд, дар гурӯҳи С мақоми дуюмро касб кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Бозии футзалбозони тоҷик бо қаҳрамони чаҳоркаратаи Осиё шаби 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардид.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба суди футзалбозони тоҷик хотима ёфт. Голро Самандар Ризомов дар дақиқаи 13-ум ба самар расонд.

Дар нимаи дуюми бозӣ ҷопониҳо ба дарвозаи мизбонон се гол заданд. Голҳоро Сора Каназава, Митсури Накамура ва Казуя Шимизу ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид карданд. Ҳамин тавр, бозӣ бо ғалабаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.

Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи С тими миллии Камбоҷа бар дастаи мунтахаби Макао бо ҳисоби 11:2 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С Ҷопон бар Камбоҷа бо ҳисоби 5:0 ва Тоҷикистон бар Макао бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуда буданд. Дар даври дуюм Ҷопон бар Макао бо ҳисоби 13:0 ва Тоҷикистон бар Камбоҷа бо ҳисоби 7:1 ғалаба карданд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқот дар гурӯҳи С Ҷопон бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи худ бо касби 6 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Бояд тазаккур дод, дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026-ум дар Индонезия доир мегардад, ба ғайр аз дастаи мизбон, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм иштирок хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 чунин буд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов, Фирӯз Бозмамадов;

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Муҳаммад Раҷабов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Хусрав Холиқназаров, Умед Қузиев, Баҳодур Хоҷаев;

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи С

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Ҷопон3300 21-19
2Тоҷикистон320118-66
3Камбоҷа310212-143
4Макао30034-340

XS
SM
MD
LG