Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футзали Тоҷкистон бар Макао бо ҳисоби бузург пирӯз шуд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С тими миллии Макаоро бо ҳисоби бузурги 10:2 шикаст дод.

Ин бозӣ 20-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид. Футзалбозони тоҷик дар нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи меҳмонон чаҳор голи беҷавоб заданд. Дар нимаи дуюми дидор мизбонон шаш гол ва футзалбозони Макао ду гол ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври якум дар гурӯҳи С тими миллии Ҷопон бар дастаи мунтахаби Камбоҷа бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С мунтахаби Тоҷикистон бо Камбоҷа рақобат мекунад. Ин бозӣ 22-юми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Пеш аз ин дидор тимҳои миллии Макао ва Ҷопон (соати 17:00) вориди рақобат мешаванд.

Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, гуфт, “дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳон-2024 дар ҳайати даста каме тағйирот ворид кардем. Мақсади мо баромадан ба қисми ниҳоии мусобиқот мебошад. Соли гузашта дар гурӯҳи худ ҷойи якумро гирифтем ва кӯшиш мекунем, ки ин натиҷаро такрор намоем.”

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов, Фирӯз Бозмамадов;

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Муҳаммад Раҷабов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Хусрав Холиқназаров, Умед Қузиев, Баҳодур Хоҷаев;

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Бояд гуфт, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026-ум дар Индонезия доир мегардад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

20-уми сентябр (шанбе)

Ҷопон – Камбоҷа – 5:0

Тоҷикистон – Макао – 10:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи С

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Тоҷикистон1100 10-23
2Ҷопон11005-03
3Камбоҷа10010-50
4Макао10012-100

Даври 2-юм

22-уми сентябр (душанбе)

17:00 – Макао - Ҷопон

20:00 – Камбоҷа - Тоҷикистон

Даври 3-юм

24-уми сентябр (чоршанбе)

17:00 – Макао - Камбоҷа

20:00 – Ҷопон - Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG