Қалбинур Сиддиқ дар яке аз урдӯгоҳҳои бадноми боздошти дастаҷамъӣ барои уйғӯрҳо ва дигар ақаллиятҳои мусалмон, ки дар кунҷу канори вилояти ғарбии Шинҷон ҷойгиранд, кор кардааст.
Ин омӯзгори забони чинӣ мегӯяд, ки маҷбур дар ду урдӯгоҳ дарс медод ва дар ҷойҳое, ки ба қавли ӯ, боздоштшудагон шиканҷаву таҳқир ва бо зӯр безурёт карда мешуданд. Пас аз тақрибан 9 моҳи кор дар урдӯгоҳҳо Қалбинурро ҳам дар соли 2017 безурёт карданд. Ин таҷрибаи ваҳшатнок ӯро маҷбур сохт, ки соли 2019 ба Ҳолланд муҳоҷират кунад.
Ин зани 55-сола ба бахши балкании Радиои Озодӣ гуфт:«Илтиҷо кардам, ки маро ба ҷарроҳӣ набаранд. Ба онҳо гуфтам, ки ман наметавонам ва намехоҳам фарзанди дигаре дошта бошам. Аммо боз ҳам маро ҷарроҳӣ ва безурёт карданд.»
Бовар меравад, ки беш аз як миллион аққалиятҳои мусулмон ба мисли уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизу тоҷикон ва узбекҳо дар 8 соли гузашта дар шабакаи густардаи урдӯгоҳҳои зиндоншакл дар Шинҷон нопадид шудаанд.
Пекин иддао мекунад, ки ин урдӯгоҳҳо марказҳои бозомӯзии касбӣ ва барои мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ ҳастанд. Аммо фаъолон, гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва боздоштшудагони собиқ аз таҷовузу исқоти маҷбурии ҳамл ва кори маҷбурӣ дар урдӯгоҳҳо мегӯянд ва гузоришҳо ҳам нашр кардаанд.
Бархе аз гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва порлумонҳои кишварҳои ғарбӣ барои нигаҳ доштани чунин урдугоҳҳо Чинро ба наслкушӣ муттаҳам кардаанд. Иддаое, ки Пекин онро рад мекунад.
«Фиғонҳоро мешунидам»
Сиддиқ, муалллимаи узбектабор дар як мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Урумчи дар маркази Шинҷон дарс медод, ки мақомот моҳи феврали соли 2017 ба идораи худ хонданд.
Ӯро маҷбур карданд, ки кори дигареро бигирад ва он ҳам омӯзиш додани забони чинӣ дар як урдӯгоҳи мардон. Сиддиқ савганд хӯрдааст, ки роҷеъ ба кораш ва урдӯгоҳ ба касе чизе намегӯяд ва як афсари пулис ӯро ҳамеша ба ҷойи кори наваш мебурд ва меовард.
Ӯ дар як маросиме дар шаҳри Сараево ба бахши балкании Радиои Озодӣ гуфт: «Мардумро мебастанд ва маҷбур мекарданд, ки мисли чорво ба синфхона ворид шаванд. Онҳо ба ҳар навъи мумкин ранҷ мекашиданд. Гоҳ вақт фарёд ва фиғонҳо барои кумак аз утоқҳои дигарро мешунидам.»
Сиддиқ гуфт, ки тамоми боздоштшудагон уйғӯр, яке аз ақаллиятҳои қавмии туркзабон дар вилояти Шинҷони ҳаммарз бо Тоҷикистон будаанд. Шинҷон дар гузашта саҳнаи як ошӯби хурди ҷудоиталабон шуд шуд ва баъдан шоҳиди саркӯби бераҳмонаи давлатӣ.
Сиддиқ иддаои мақомотро, ки мегӯянд, урдӯгоҳҳо барои омӯзиши «бесаводон» ҳастанд, рад мекунад ва мегӯяд, боздоштшудагон «фақат донишмандони динӣ, ё рӯҳониён набудаанд, балки аз тамоми табақаҳои ҷомеа ба мисли донишҷӯён, бозаргонон, пизишкон ва ҳатто касоне ҳастанд, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд.»
Ӯ афзуд: «Ин афрод ниёзе ба таҳсили бештар надоштанд, бештари онҳо таҳсилкарда буданд. Танҳо гуноҳашон ин буд, ки уйғӯр буданд.»
Дар урдӯгоҳҳо, ба боздоштшудагон забони чинӣ меомӯзанд, маҷбур мекунанд, сурудҳои меҳанпарастонаи чинӣ хонанд ва ба онҳо филмҳои таблиғотӣ дар бораи сиёсатҳои Ҳизби коммунисти Чинро нишон медиҳанд. Бештари ин мардум дар ҳуҷраҳои зиндоншакл зиндагӣ мекунанд.
Безурётсозии маҷбурӣ
Пас аз шаш моҳ, Сиддиқ ба як урдӯгоҳи занона бурдаанд, ҷое ки ӯ шоҳиди безурёткунии маҷбурӣ шудааст.
Ӯ гуфт: «Ҳамаи онҳоро маҷбур безурёт карданд. Ба онҳо доруҳои номаълуме медоданд, ки ҳайзи онҳоро мутаваққиф мекард. Ҳатто духтарони издивоҷнокардаро ҳам безурёт мекарданд.”
Яке аз занонро ба қавли Сиддиқ табибон бо ароба бурданд ва ӯ баъдан даргузашт.
Сиддиқ мегӯяд: "Ӯ ҳадди аксар 19 сол дошт. Фикр мекунам, бинобар сабаби тамоми доруҳое буд, ки маҷбуран мегирифт. Баданаш дигар тоб наёвард."
Ба худи Сиддиқ ҳалқаи дохилираҳмӣ гузоштаанд, то ки бордор нашавад, агарчӣ 47-сола ҳам буд. Ҳалқа ҳам боиси хунрезии сахт мешуд ва доимо дардаш мегирифт. Вақте бемориаш тӯлонӣ ва маҷбур ба бознишастагии зудҳангом шуд, ӯро ҳам маҷбуран безурёт карданд.
Ӯ гуфт: "Дар ниҳоят маро ҳам безурёт карданд. Ба ман мисли дигарон маҷбур дору намедонанд, аз ин сабаб маро ҷарроҳӣ карданд."
Тарки Чин
Мақомоти Чин берун рафтани уйғӯрҳо ва дигар ақаллиятҳои мусалмон аз кишварро тақрибан ғайримумкин кардаанд.
Аммо Сиддиқ тавонист пас аз бартараф кардани расмиёту коғазбозиҳо ба Аврупо муҳоҷират кунад.
Духтари Сиддиқ, ки дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад, ба модараш даъватнома додааст, то ба Аврупо биёяд. Сиддиқ тавонистааст, ки шиноснома бигирад ва барои он ҳудуди нӯҳ моҳ мунтазир мондааст. Шавҳараш, ки уйғӯр аст, аз ҳаққи тарки Чин маҳрум шудааст.
Ӯ гуфт: «Муҳимтарин чиз ин буд, ки ман узбек ҳастам. Агар уйғӯр мебудам, ҳаргиз хориҷ шуда наметавонистам.»
Сиддиқ пас аз вуруд ба Ҳолланд дар соли 2019 ҳаққи паноҳандагӣ гирифт. Ӯ алайҳи саркӯби уйғӯрҳо ва дигар ақаллиятҳои мусалмон дар Чин суҳбат мекунад ва ин кораш ӯро ба ҳадафе барои Пекин табдил додааст. Пулиси Чин бо Сиддиқ тамос гирифтааст ва ва шавҳараш ҳам таҳдид кард.
Сиддиқ мегӯяд: «Онҳо ба ман гуфтанд, ин корро накун. Агар ба мо гӯш кунӣ, ба шавҳарат кумак мекунем, то аз кишвар хориҷ шавад, ё ту метавонӣ баргардӣ ва дубора бо ҳам хоҳед буд.»
Аммо ӯ напазируфта ва чунин гуфтааст: "Ҳар коре мехоҳед, бикунед. Ман сукут нахоҳам кард."
Сиддиқ меафзояд, шавҳараш маҷбур ӯро талоқ додааст ва акнун ҳеч тамосе бо ӯ надорад.
Гуфтугӯ