Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони ҷавони тоҷик дар Индонезия 3 медал гирифтанд


Паҳлавонони тоҷик, Икром Шамсов ва Мадина Қурбозода
Паҳлавонони тоҷик, Икром Шамсов ва Мадина Қурбозода

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 13-14-уми сентябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF, дар ин мусобиқот миёни ҷавонон 198 варзишгар (106 писар ва 92 духтар) аз 20 кишвари қора иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷавонон 6 нафар (5 писару 1 духтар) муаррифӣ карданд: дар сабқати писарон - Икром Шамсов дар вазни то 60 кило, Умар Шеров дар вазни то 66 кило, Муҳаммадин Лоиқов дар вазни то 73 кило, Абдулло Лоиқов дар вазни то 81 кило ва Суруш Саломов дар вазни то 90 кило; миёни духтарон - Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило.

Мадина Қурбонзода, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Ҷиҳо Баек аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда, дар зергурӯҳи “С” пирӯз гардид. Аммо вай дар даври ниманиҳоӣ аз Яй-Ҳси Шен аз Тайпейи Чин мағлуб шуд. Мадинаи 17-сола барои медали биринҷӣ Чану Леишангтеми 19-соларо аз Ҳиндустон шикаст дод.

Икром Шамсов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Мин-Янг Лаи аз Тайпейи Чин, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҳю Ле Лам Гиа аз Ветнам пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Вале Икром дар даври ниманиҳоӣ аз Самариддин Қучқорови узбекистонӣ ноком шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик барои медали биринҷӣ бар Сидҳарз Рават аз Ҳиндустон ғалаба кард.

Абдулло Лоиқов дар даври аввал бар Добеан Ёо аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, сипас аз Самариддин Муҳибиддинови узбекистонӣ шикаст хӯрд. Лоиқов дар даври тасаллобахш бар Адитя Соланки аз Ҳиндустон дастболо гардид. Абдулло барои медали биринҷӣ бар Самуэл Даниэл Олаия аз Тайпейи Чин ғолиб омад

Умар Шеров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Темурбаатар Бахтичиги муғул ғолиб омад. Аммо дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Дилшодбек Ҳамроеви узбекистонӣ мағлуб гардид. Умар дар даври тасаллобахш Муҳаммад Фатур Роҳманро аз Индонезия ва Алӣ Болатро аз Қазоқистон шикаст дод. Аммо Шеров барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Ерассил Ержанови қазоқистонӣ бохт ва мақоми панҷумро касб намуд.

Муҳаммадин Лоиқов бошад, дар даври аввал Баиел Исоқовро аз Қирғизистон мағлуб намуда, баъдан аз Бунёд Сафарови узбекистонӣ ноком шуд. Лоиқов дар даври тасаллобахш аз Муҳриддин Маъруфови узбекистонӣ шикаст хӯрд.

Пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот миёни ҷавонон дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 14 нишон (8 тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 8 медал (3 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Ҳиндустон бо касби 6 медал (2 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқот миёни ҷавонон бо касби 3 медали биринҷӣ ва як мақоми панҷум дар байни 20 даста дар зинаи ҳаштум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, чаҳор медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF, дар ин мусобиқот миёни наврасон 196 варзишгар (111 писар ва 85 духтар) аз 21 кишвари қора иштирок доштанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти наврасон чаҳор нафар (3 писару як духтар) муаррифӣ намуданд. Рошид Неъматов, Бобоҷон Шаропов, ҳарду дар вазни то 73 кило, Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кило дар сабқати писарон ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило миёни духтарон рақобат карданд.

Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило дар даври ниҳоӣ Нигина Умурзоқоваро аз Узбекистон мағлуб намуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни духтарон аст.

Рошид Неъматов дар вазни то 73 кило дар даври ниҳоӣ бар ҳамватани худ Бобоҷон Шаропов пирӯз шуд. Шаропов бо медали нуқра сарфароз гашт. Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кило барои медали биринҷӣ бар гуштигири муғул Мунгундул Батҷаргал дастболо шуд.

Дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 18 нишон (7 тилло, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 7 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 14 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғолДар рӯзи дуюми мусобиқот карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар байни 21 даста чаҳорум шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG