Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармеъмори ноҳияи Рӯдакиро бо гумони ришвахорӣ дастгир кардаанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Рустам Раҳмонзода, сармеъмори ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони гирифтани ду миллион сомонӣ ришва аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шудааст.

Агарчӣ худи ин ниҳод, ҳеч хабаре дар бораи боздошти ин фард надодааст, вале ду манбаи Радиои Озодӣ аз мақомоти тафтишотӣ ва ҳукумати Рӯдакӣ ин хабарро тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, Рустам Раҳмонзодаи 31-сола аз як соҳибкор барои додани қитъаи замин ду миллион сомонӣ, баробар бо 200 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, соҳибкор тасмим доштааст, ки дар ин порчаи замини ноҳияи Рӯдакӣ ва наздик ба шаҳри Душанбе хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бисозад.

Яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфт: «Нисбат ба сармеъмор бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми калон парванда боз шудааст, тафтиш идома дорад. Худи ӯ дар боздошт аст.” Назари вакили дифоъ ва наздикони Рустам Раҳмонзода маълум нест.

Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз сераҳолитарин ноҳияҳои Тоҷикистон дар канори Душанбе ҷойгир аст. Наздикӣ ба пойтахт сокинони зиёдеро аз гӯшаву канори Тоҷикистон барои соҳиб шудани замин барои сохтани манзили зист ба ин ноҳия кашидааст. Мақомот борҳо эълон карда буданд, ки аз ҳама бештар дар ин ноҳия мавридҳои ғайриқонунии фурӯш ва ишғоли замин ошкор шудааст.

Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот дар соли 2020 маълум карда буд, ки дар тақсими ғайриқонунии замин раиси онвақтаи ин ноҳия—Рустам Акрамзода низ даст дорад. Далелҳои пайдошуда нишон доданд, ки ӯ ба чанд тан аз наздикони худ замин барои бунёди манзили зист додааст. Пас аз нашри мақола ӯ аз мансаб барканор шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳама бештар дар қиёс бо дигар навоҳии Тоҷикистон шаҳрвандон талоши зиндагӣ дар ин ноҳияро мекунанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир аҳолии ин ноҳия 125 ҳазор нафар зиёд шудааст. Шумораи он ба ҳудуди ним миллион нафар расидааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG