Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Кӯлоб 50 дарсади мусофиронашро аз даст дод ва 15 млн сомонӣ зарар дид


Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ рафтуомади мусофирон тариқи Фурудгоҳи Кӯлоб 50 дарсад коҳиш ёфтааст ва дар ин муддат, ин муассиса тақрибан 15 миллион сомонӣ зарар дидааст.

Роҳбарияти фурудгоҳ сабаби аслии коҳиши мусофиронро, ба вазъи сиёсии Русия рабт медиҳанд.

Ба гуфтаи Нуралӣ Ҳомидзода, раиси Фурудгоҳи Кӯлоб, "рафтани мусофирон ба ҳолати сиёсии Русия вобаста аст, вазъ он қадар хуб нест, аз ҳамин хотир, талабот нисбати муҳоҷирони корӣ сахттар шудааст. Аз ин рӯ, кори мо нисбат ба соли 2025 панҷоҳ дарсад кам шуд".

Сокинон ҳам мегӯянд, ки баъди бозпас омадан, дигар то чанд сол ҳаққи рафтан ба Русияро надоранд. Мақомот ҳам эътироф мекунанд, ки як омили дигар камшудани сафар ба ин кишвар, ихроҷи муҳоҷирон аст.

Рафтуомад тариқи Фурудгоҳи Кӯлоб 50 дарсад кам шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Пеш аз ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консертии "Крокус" дар канори Маскав, ҳамарӯза аз Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия чаҳор парвоз сурат мегирифт. Аксарияти парвозҳоро ширкати русии "Ural Airlines" анҷом медод.

Баъди ин ҳодиса вазъ тағйир ёфт ва ҳоло "Ural Airlines" рӯзона танҳо як парвоз анҷом медиҳад ва он ҳам аксаран бо таъхир рӯбарӯ аст.

Нуралӣ Ҳомидзода, раиси Фурудгоҳи Кӯлоб ҳам мегӯяд, "тайи ду соли ахир вобаста ба ҳамлаи тайёраҳои бесарнишин ба фурудгоҳҳои Русия, парвозҳо дер меоянд".

Баъди ҳамлаи "Крокус", ки мақомоти Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он гумонзад медонанд, фишор болои муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфт. Шумори зиёде аз онҳо дар фурудгоҳҳои Русия боздошта шуда, ба ватан бозпас фиристода мешаванд.

Имрӯз бахши асосии мусофирони фурудгоҳи Кӯлобро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд, аммо теъдоди онҳо сол то сол кам мешавад ва фурудгоҳ низ ба мушкили молӣ дучор мегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG