Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонпаҳлавон Сомон, вориси Рустами Дастон


Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Ин мустанад дар бораи Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии Олимпии Порис-2024 нақл мекунад ва корномаи варзишии ин ҷудокори 26-соларо дар бар мегирад. Мустанад дар доираи озмуни Радиои Озодӣ, Шахсияти варзишии Осиёи Марказӣ таҳия шуд.

Номи Сомон Маҳмадбеков на танҳо бо ҳунари волояш дар варзиши ҷудои тоҷик шӯҳраи хосу ом гаштааст, балки ӯ дар ин ришта барои Тоҷикистон рекордҳои зиёде гузоштааст.

Як видео дар финали вазни то 81-килои рақобатҳои ҷудои Бозиҳои осиёии Ҳангжоу 2022, ки Фотеҳ Маҳмадбеков, мураббии Сомон Маҳмадбековро нишон медод, ба матлаби рӯзи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт ва миллионҳо бинанда овард.

Ин видео аз сӯйи яке аз ҳайатҳои варзишии кишварҳои дигар бардошта шуда буд, ки дар он мураббии тоҷик бо печутоби бадании номаъмуле лаҳзашумориву беқарорӣ мекард. Роҳи Сомон ба баландтарин қуллаҳои ҷудои ҷаҳонӣ, бо ҳамингуна ранҷу машаққатҳо ҳамвор шудааст.

Ин тифли навроҳ раҳи чандсола меравад…

Сомон Маҳмадбеков, серунвонтарин ҷудокори тоҷик, ҳоло яке аз садрнишинони вазни то 81 килои раддабандии ҷаҳонии ҷудо аст. Тифли тоҷике, ки соли 1999 дар рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон аз 1100-солагии давлати Сомониён таҷлил мешуд, дар Иркутски Русия ба дунё омад ва ба ин ифтихор Сомон ном гирифт, корномаҳоеро дар ҷудои тоҷик асос гузошт, ки то ин вақт касе ба онҳо дастёб нашуда буд. Сомон аз падари донишманди улуми сиёсӣ ва модари пизишк ба дунё омад, вале ба дунболи варзиш рафт.

Моёншоҳ Маҳмадбеков, падари Сомон мегӯяд, вақте писараш 3-4 сола шуд ва дид, ки амакҳову аъзои дигари хонавода ба варзиш сару кор доранд, завқи калон пайдо кард.

Сомон Маҳмадбеков бо писарамакаш Маҳмадбек Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков бо писарамакаш Маҳмадбек Маҳмадбеков.

"Аҷоиб ин аст, вақте ҳамагӣ 6 сол дошт, ки он замон ман ман аспирант будам, ҳар шаб гиря мекард, ки маро ба ягон ҷой баред, то машқ кунам. Маҷбур шудам, ки пеши устоди варзиш Муҳаммадшариф Сулаймон бибарам",-мегӯяд падараш.

Аммо Сомон хеле хурд буд ва мураббӣ ба падараш мегӯяд, ки ин ҷо аз 10-солаҳо боло машқ мекунанду ҳамсолони Сомон нестанд. Падараш хоҳиш мекунад, ки писараш ҳаваси зиёде дорад, бигзор биояду кам-кам машқу бозӣ кунад. Баъдтар амакҳояш аз Иркутск омаданду бо мураббӣ ҳамсӯҳбат шуданд ва ба хулосае расиданд, ки дар Сомон як қуввае ҳаст.

Амакҳои Сомон, ки дар Иркутски Русия бошгоҳи варзишӣ доштанд, бо машварати волидайнаш барои таҳсил ва тамрини касбӣ дар 9-солагиаш ӯро дигарбора ба шаҳре бурданд, ки дар он ҷо ба дунё омада буд.

"Сомон вақте рафт, синфи 3 буд, хеле пазмон мешудем. Зиқ мешудем. Ёдаш мекардем. Вақти аввал бисёр душвор буд. Ҳар як лаҳзаҳои бозиҳои Сомонҷона ёд мекардем. Чун ба варзиш бисёр завқ дошт, ҳамроҳи падараш ба хулосае омадем, ки равад, машқ кунаду ба муроду мақсадаш расад",-ба ёд меорад он рӯзҳоро Ҷамила Парвонаева, модари Сомон, ки розӣ шуд нахустфарзанд ва он замон ягона писарашро ба Русия бибаранд.

Сомон Маҳмадбеков бо падар ва модараш.
Сомон Маҳмадбеков бо падар ва модараш.

Сомон мегӯяд, дар Русия дар хонаи амакаш Эргаш эҳсоси дурӣ аз падару модарашро надошт, зеро амакаш ӯро мисли писараш тарбият мекард.

Сомон Маҳмадбеков аз насли паҳлавонони Ванҷ аст. Амакҳо, бародарзодаҳо ва бобояшон аз чанд пушт паҳлавонанд.

Шодмон Маҳмадбеков, бобои Сомон ҳам паҳлавони суннатӣ ҳасту ҳам дар риштаи варзиши донишгоҳ таҳсил кардааст.

"Мо аз чанд пушт паҳлавонем. Дар насли мо додарам дар сабқатҳои ноҳиявӣ куштигирӣ мекард. Ғолиб буд доим. Бачаи амакамон Дод Муродов, вай ҳам паҳлавони хуб буд. Шумо мефаҳмед, ки дар деҳа толори варзиш набуд, мо худамон машқ мекардем. Рафта-рафта фарзандҳои мо Эргашу Шоҳину Фотеҳу Маҳдиву Хайёму Ҳамдиву Соҳибу дигарон паҳлавон шуданд. Баъдтар вақте каме имконият пайдо шуд, бачаҳо машқу куштиро ҷиддӣ гирифтанд",-мегӯяд Шодмон Маҳмадбеков, бобои Сомон.

Паҳлавоне, ки аз қиссаҳоро воқеият сохт…

Сомон дар кӯдакӣ ба диёри бобоӣ, деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ омада ва он паҳлавононеро, ки замоне шӯҳрат доштанд, борҳо вохӯрдааст ва қиссаҳои паҳлавонии ин сарзаминро аз насли бузургсолтар шунидааст. Ба гуфтаи бобояш, чор сол дар тобистонҳо омада буд. Меомад бозӣ мекард, чӯҷабонӣ мекард.

"Бисёр бачаи гапгир буд. Боре гуфтам, индюкора нигаҳ кун, мо ҷойе рафтему аз онҷо омадем, таги як дарахти себ нишаста буд, аммо ҳар сӯро нигаҳ мекард. Ҳамон лаҳзаҳо хӯрок оварданд, яке чашмаш хӯрд, ки аз поёнтар индюкҳо пайдо шуданд, хесту кафкӯбӣ кард. Гуфт, индюко гум буданд бобӣ, лекин ман шумора нагуфта будам",- ёд меорад кӯдакиҳои набераро бобояш.

Ҷаҳонпаҳлавон Сомон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:31 0:00

Дар диёри бобоии Сомон қиссаҳои паҳлавонӣ аз насл ба насл нақл мешаванд ва ба сифати ангезаи наслҳо хидмат мекунанд.

Салоҳиддин Сулаймонов, ҳамдиёри Сомон яке аз ин қиссаҳоро ин гуна ба ёд меорад: "Таваккал дар Техарв раиси ҷамоат будаст. Бо Ҳимматпаҳлавон гӯштин гирифтанд. Аммо Таваккал чандон гуштингирӣ номӣ набудааст. Вақти зӯрозмоӣ сари почаи Ҳимматро гирифта зӯр задааст, ки кӯки он то миён кандааст. Ҳиммат барои он, ки танаш намоён нашавад худро хам кардаву ҷойи даридаро пӯшондаву ором шудааст. Баъди ин мардум, вовайло кардаанд, ки тамом, Таваккал задаш. Ҳарчанд хоҳиш кардаанд, Таваккал дигар гӯштин нагирифтааст. Дар ҳама ҷо овоза, ки гӯё Ҳимматро задааст. Пас аз чанде, вақте Ҳимматпаҳлавон барои овардани арӯс меравад, омада дар деҳаи Жовуд зодгоҳи Таваккал, мегӯяд, ки ӯро пайдо кунанд. Агар маро зад, ҳамин зану асп ройгон аз Таваккал. Ҳар қадар талош мекунанд, Таваккал розӣ намешавад. Мефаҳмидаст, ки Ҳиммат паҳлавони зӯр аст, тарсидаст. Маҳмаднабӣ амаки Таваккал, гуфтааст, ки ту номус дорӣ? Биё биравем, гӯштин бигир, зани тайёра, мегирӣ мерай. Розӣ мешавад. Вақте даст ба гиребон шудаанд, Ҳиммат сахт гирифта гирди боғ як давр дода, ҳалук андохта задасташ. Сари Таваккал каме калон будааст. Ҳиммат ҳамеша шӯхӣ мекард, ки ҷойи сари Таваккал дар боғ то ҳол чуқур аст".

Роҳи Сомон аст, осонаш магир…

Аввалин қадамҳояшро Сомон дар куштии ҷудо дар Русия гузоштааст. Ҳарчанд маҳораташ аз дигар ҳамсолонаш кам набуд, аммо чун волидайнаш шаҳрвандии ин кишварро надоштанд, наметавонист Русияро намояндагӣ кунад.

Фотеҳ Маҳмадбеков, мураббӣ ва амаки Сомон Мааҳмадбеков, мегӯяд, "соли аввал дар он ҷо қонун тағйр ёфта буд, Сомон, ки дар Русия таваллуд шуда буд, вале падару модараш шаҳрванди Русия набуданд, аз ин рӯ Сомон наметавонист ба тими мунтахаби ҷудо Русия шомил шавад. Вақте ки мо ҳуҷҷатҳояшро дуруст мекардем, соли дуюм ҳам ба тими Русия шомил шуда натавонист. Ба Тоҷикистон занг зада, гуфтем ки ба хотири нашикастани руҳияи Сомон, хостем аз тими ҷудои Тоҷикистон баромад кунад. Дар муддати кӯтоҳ шиносномаи тоҷикӣ кардем, ба ҷоми Аврупо рафтем. Сомон дар се рақобат ғолиб омад. Ман ба Сомон бовар мекардам".

"Аввалин ҷоизаи ман дар Ҷоми Африқо дар соли 2017 буд. Баъди 2 моҳ дар ҷоми Аврупо медали тилло гирифтам, дар Руминия. Баъд дар чемпионати ҷаҳони ҷавонон соли 2017 ҷои сеюм гирифтам",-мегӯяд худи Сомон.

Сомон Маҳмадбеков бо мураббиаш Фотеҳ Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков бо мураббиаш Фотеҳ Маҳмадбеков.

Барои пайвастани Сомон ба тими мунтахаби Тоҷикистон низ роҳ ҳамвор набуд. Вале чун аз чандин сабқати ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон ҷоиза овард, маҷбур шуданд, ки маҳорати ӯро эътироф кунанд.

Дастовардҳои Сомон дар ҷудои тоҷик кам нестанд, аммо чаҳор медали ӯ барои варзиши Тоҷикистон таърихиянд.

Эргаш Маҳмадбеков, ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, Сомон бо гузоштани рекордҳои зиёд роҳро барои ҷудокорони дигар ҳамвор кард.

"Нахустин тоҷик аст, ки медали тилло ва қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 шуд. Пеш аз ин медали биринҷии ин қаҳрамониро соҳиб шуд, ки дар таърихи ҷудои мо нахустин буд. Медали тиллои Бозиҳои осиёии 2022-ро ба кишвар овард, ки ягона аст ва арзиши баланде барои ҷудои мо дорад. Дувумин медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2024-ро ба Тоҷикистон овард. Ва албатта медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж дар соли 2024, ки низ пас аз 16 сол дигарбора барои Тоҷикистон насиб шуд. Ин медалҳоро нахустин бор 17 ва 16 сол пеш Расул Боқиев соҳиб шуда буд",-мегӯяд Эргаш Маҳмадбеков.

Обрӯ, мақом ва эътибори ҷаҳонӣ…

Паймудани қуллаҳои фатҳношудаи ҷудои тоҷик Сомонро ба паҳлавони эътирофшудаи байналмилалӣ табдил дод.

Бенҷамин Аксус, ноибқаҳрамони ҷудои ҷаҳон аз Фаронса мегӯяд борҳо бо Маҳмадбеков сабқат кардааст, ки бисёр ҳарифи қавӣ аст.

"Аз ин ки ӯ хеле зуд вазнашро дигар кард, ман хеле ба ваҷд омадам ва дар ҳамин вазни нав ҳам хеле қавӣ аст. Дар вазни худ дар ҷаҳон рақами аввал аст, ки ин қобили ситоиш аст. Ҳамаи мо медонем, ки ӯ арзандаи ин мақом аст, чун воқеан хеле неруманд аст",-эътироф мекунад паҳлавони фаронсавӣ.

Адам Копеский, қаҳрамони ҷудои ҷаҳон аз ҷумҳурии Чех бар ин аст, ки Сомон ҷудои аврупоӣ ва тоҷикиро омезиш дода, воқеан хеле қавӣ шудааст. "Хусусан дар муборизаи наздик. Ӯ шеваҳои гуногунро дар ҷудо омӯхтааст. Ин чизест, ки ман дар ӯ пайдо кардам. Ҳамаи ҳамин маҳоратҳояш ҳаст, ки ӯро ҷудокори дараҷаи аввал кардааст",-мегӯяд Копеский.

Сомон Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков.

"Ман рақобатҳои Сомонро аз хеле пеш пайгирӣ мекунам. Ӯ 8-9 сол аст дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ рақобат мекунад. Медонам, ки ҷавони хеле заҳматкаш аст. Вақте вориди толор мешавед, мебинед, ки чи қадар барои омодагӣ заҳмат мекашад. Ин мисоли он аст, ки як ҷудокори ҳирфаӣ бояд ин гуна бошад. Маҳз ҳирфаӣ будан, заҳмат ва талошҳои мудовим кашидан натиҷаи ин мешавад, ки ӯ ҳамаи унвонҳоро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ аз худ кардааст. Бо хости Худо, ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимӣ медалҳои хушрангарро низ ба даст меорад",-бовар дорад, Расулу Абдулҳақ, мурабии тими миллии ҷудои Озорбойҷон.

Барои Абубакр Шеров, ҷудокори номошнои тоҷик, Сомон Маҳмалбеков, рамзи як паҳлавони боодоб, ботамкин ва пуртаҷриба мебошад.

"Яке аз усулҳои Сомон дар невазаро ман истифода мебарам. Усуле, ки дар замин дасти ҳарифро меқапад ва ҳолати "осаэкомӣ"-ро ба вуҷуд меорад",-мегӯяд Абубакр.

Садҳо тан мехоҳанд Сомон шаванд…

Пирӯзиҳои пайдарпай Сомон Маҳмадбеков дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ ангезаеро дар миёни наслҳои гуногун ба бор овард. Садҳо наврасу ҷавон ба мактабҳои варзишӣ рӯ оварданд, ки ҳосили ҳунар ва ҳаводорӣ аз зӯри бозуи Сомонанд.

Сомон Маҳмадбеков, дастовардҳои бузурги варзишии хешро танҳо муваффақияти худ намедонад.

"Инҳо на танҳо дастоварди ману мураббиёни ман, балки аз тамоми мардуми тоҷик ҳастанд. Зеро медонам, чи қадар одамон маро ҳаводорӣ мекунанд. Ин хеле ҳарфи ҷиддӣ аст, аз мо фақат овардани натиҷа аст",- мегӯяд Сомон.

Аз ҷаҳонпаҳлавон дар бораи баъзе аз таҷрибаҳои шахсияш мепурсем:

-Шумо машқу хона бо мошини шахсӣ меравед?

-Бале ба мошини худам.

-Кормандони БДА манъ мекунанд?

-Ҳаст, манъ мекунанд, мешиносанд, салом мекунанд ва роҳи сафед мегӯянд.

- Мешиносанд, ки манъ мекунанд ё қоидаро вайрон мекунед?

-Лаҳзаҳое низ ҳаст, ки қоидашиканӣ мешавад, лекин мешиносанду ҳеҷ чиз намегӯянд. Ин бисёр гуворо аст.

Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков аз Бозиҳои олимпии Порис.
Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков аз Бозиҳои олимпии Порис.

-Ҳаводорие, ки дар Тоҷикистон мекунанд, дар кишварҳои дигар низ ҳаст?

-Не, дар ҳеч куҷо нест. Хуб, дар Фаронса варзишгоҳашон калон аст, қариб барои 30 000 нафар, лекин ин хел мухлисие, ки дар мо мекунанд, дар он ҷо нест, дар ҳеч ҷо надидаам. Вақте қарсак мезананд, дод мезананд, номи шуморо мегиранд, ангезаи бузург медиҳад, ки монда намешавӣ ва барои рақиб вазнинии дубора аст.

-Китоб мехонед?

-Бале.

-Тоҷикӣ ё русӣ? Китоби дустдошта доред?

-Тоҷикӣ ҳам мехонам, бештар русӣ. Писандидатаринам китоби Агата Кристи.

-Хӯроки писандидаатон кадом аст?

- Макарон паста. Пеш аз мусобиқа бештар ҳаминҳоро мехӯрам.

-Аз хӯрокҳои тоҷикӣ чиро дӯст медоред?

-Шӯрборо

-Палавро чӣ?

-Камтар.

Тахтӣ шоҳӣ ва тахти қаҳрамонӣ…

Сомон дар соли 2024 пас аз расидан ба тахти Бозиҳои олимпӣ, ба тахти шоҳӣ низ такя зад, ки масъулиятҳои хонаводагияшро бештар кард. Аммо азми росих дорад, ки ду рекорди дигаро дар ҷудои тоҷик бигузорад.

Тоҷикистон дар риштаи ҷудо то кунун қаҳрамони ҷаҳон ва олимӣ надорад. Сомон мехоҳад ин ифтихорро барои ватанаш ҳадя кунад. Ҳарчанд соли 2025 дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ноком шуд, вале инро ҷузъе аз пасту болошуданҳои варзиш медонад.

"Тоҷикистон ҳатман соҳиби медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон ва олимпӣ мешавад. Зеро дар чанд соли ахир имконоти зиёде федератсия дар ихтиёри варзишгарон гузоштааст ва ҷудои мо рушди босуръат дорад. Аммо боиси шодмонии ман хоҳад буд, ки агар ин ифтихорро ба ҳамватанонам ман ҳадя кунам",-мегӯяд Сомон.

"Орзу дорам, ки Сомонҷон ба ҳамаи муроду мақсадаш расад. Дар Олимпиадае, ки соли 2028 мешавад, медали тиллоро ба Тоҷикистон биёрад",-мегӯяд Моёншоҳ Маҳмадбеков, падари Сомон.

Падари Сомон, ки доктори улуми сиёсӣ аст, арзиши медалҳои ҷаҳонӣ ва олимпиро барои эътибори байналмилалии кишварҳо яке аз василаҳои пуртаъсир медонад.

"Дар солҳои 60-уми асри гузашта қудратҳои ҷаҳоние чун Амрико медали тилои олимпиро яке аз ҳадафҳои миллӣ эълон карда буданд. Ҳоло барои кишварҳое чун Тоҷикистон ин медалҳо баробари дигар ҳадафу стратегияҳои миллӣ арзиш доранд. Бовар дорам Сомон ва насли ӯ ин ҳадафҳоро яқин мекунанд",-мегӯяд Моёншоҳ Маҳмадбеков.

"Ҷопониҳо, аврупоиҳо, русиягиҳо ва ҳатто ҳамсояҳои мо дар Осиёи Марказӣ, ки тилои ҷаҳону Олимпиадаро соҳиб шудаанд, ки мисли мо одаманд, ягон қуваи мовароутабиие надоранд. Мо ҳам агар тамрини худро давом диҳем, ба ин натиҷаҳо мерасем ва барои солимии ҷисму рӯҳи наслҳои баъдӣ ангеза мебахшем ва роҳро ҳамвор мекунем", - бовармандона мегӯяд Сомон Маҳмадбеков.

XS
SM
MD
LG