Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулҳои рақамӣ дар ниҳоят дар Тоҷикистон ҳам қабул мешаванд, ё не?


Криптовалюта ё пули рақамӣ дар Тоҷикистон расман эътироф нашудааст, вале суҳбатҳо аз зарурат ва бурду бохти истифодаи он дар кишвар садо медиҳад.

Ин навъи пул, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва олами маҷозӣ маъруф аст, бо усули рамзгузорӣ ва мустақил аз бонкҳои марказӣ амал мекунад. Ба гунаи мисол, агар интиқолу хариду фурӯш бо асъори сомонӣ нақдӣ, ба воситаи бонкҳо сурат гирад, тиҷорату муомилаҳо бо пули рақамӣ тариқи интернет виртуалӣ ё маҷозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамсуҳбатони мо бо зикри хатару бартариҳои пулҳои рақамӣ, бар зарурати истифодаи он таъкид мекунанд, ҳарчанд мақомот дар ин бора зиёд суҳбат кардан намехоҳанд.

Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, хариди пули рақамӣ аз биржаҳои махсус имконпазир аст, вале истихроҷ, ё истеҳсоли он марҳилаҳои гуногун дорад.

“Якум марҳила ин таъмин кардани таҷҳизот. Яъне он таҷҳизот аз протсессор, видеокарта, ҳаҷми қувваи куллер вобаста аст, ки ҳамаи он қувваи барқ истеъмол мекунад. Дуюм марҳила ин истеҳсоли алгоритм аст, яъне бо воситаи ҳамин алгоритм як рақами махсуси ғайриодӣ дар ҳамон IP адреси блокчейн истеҳсол мешавад. Хусусияти ҳамон рамзгузорӣ ба худ як қадру қимати пулӣ дорад ва сеюм марҳила ин марҳилаи номгузорӣ. Яъне шумо вақте кешро истеҳсол мекунед, бояд ба он ном гузоред, яъне номи он метавонад “биткойн” бошад, метавонад “додокойн” бошад”-, шарҳ дод ӯ.

Ба назари коршиноси дигари иқтисодӣ Абдулло Ашӯров, дар Тоҷикистон, ки иқтисодаш ба низоми бонкии анъанавӣ вобаста аст, пулҳои рақамӣ метавонад як алтернативаи ҷолиб бошад. Ӯ мегӯяд, пулҳои рақамӣ ба корбар имкон медиҳад, ки пули худро бидуни назорати бонкҳо ё мақомоти давлатӣ идора кунад, ки ин як навъ озодии молиявӣ ба ҳисоб меравад.

Кай дар Тоҷикистон меъёри гардиши пули рақамӣ муайян мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00

“Соҳибкорон метавонанд аз он ҳамчун воситаи пардохт дар муомилоти байналмилалӣ истифода баранд, хусусан вақте ки имконоти дигари пардохт маҳдуд аст. Бо вуҷуди ин, истифодаи пули рақамӣ дар Тоҷикистон як қатор хатарҳоро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи онро манъ кардааст ва истифодаи он метавонад бо масъулияти ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шавад. Илова бар ин, бинобар набудани танзим ва назорати давлатӣ, шаҳрвандон метавонанд, ба шабакаҳои қаллобӣ афтанд, ки пулҳои рақамиро ҳамчун роҳи сармоягузории зуди фоидаовар таблиғ мекунанд. Фаҳмиши пасти молиявии аҳолӣ низ як омилест, ки метавонад истифодаи нодурусти онро ба бор орад»-, афзуд, Абдулло Ашӯров.

Арзиши пулҳои рақамӣ метавонад зуд-зуд поин ё боло равад ва аз ин ҳисоб афроде, ки ба тиҷорати он машғуланд, зарар ё фоида мебинанд. Бархе онро ҳамчун “сармоягузорӣ” истифода мебаранд, барои ҳамин мехаранд ва интизори болоравии нарх мемонанд, то бифурӯшанд.

Мақомот дақиқ шарҳ намедиҳанд, ки барои истифода аз пулҳои рақамӣ чӣ нақшаву барномае доранд. Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол дар нишасти хабарии ахири худ ба пурсиши хабарнигорон посух дод, ки «пули рақамӣ дар қонунгузории Тоҷикистон айни ҳол пешбинӣ нашудааст». Вай афзуд, «бале баъзан давлатҳо истифода мебаранд, ки пули рақамӣ ин вобаста ба хавфу хамон ҳолате, ки ҳамон давлатҳо корбарӣ мекунанд. Маълум аст воситаи гардиш, воситаи пулии мо пули миллӣ сомонӣ аст, бояд ҳар пардохте, ки мешавад тавассути пули миллӣ ба роҳ монда шавад».

Коршиносони ҳамсуҳбатони мо бар инанд, ки то қонунгузории Тоҷикистон пулҳои рақамиро иҷоза надиҳад ва мардум маълумоти кофӣ дар бораи он пайдо накунанд, истифодаи васеи чунин асъор дар кишвар ғайриқонуниву хатарнок мемонад. Бо назардошти рушди ҷаҳонии пулҳои рақамӣ ва баъзе маҳдудиятҳои бонкӣ ба хулосаи иқтисоддонҳо, Тоҷикистон метавонад дар оянда зарурат пайдо кунад, ки мавқеашро нисбат ба криптовалюта бозбинӣ намояд.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон аз боздошти чанд нафар хабар дода буданд, ки дар "истихроҷ" ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли "Биткойн" даст доштанд. Вале мақомот ошкор нагуфтанд, ки онҳо ба надодани андоз аз даромади додуситад бо пули рақамӣ гунаҳкор мешаванд ё дуздии ҳазорон киловат/соат нерӯи барқ, ки компютерҳо барои ҳифзу рамзгузории пули рақамӣ истифода мебаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG