Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Чоркӯҳ мунтазири бозпас гирифтани заминаш аз Қирғизистон аст


Шавкат Раҷабов, сокини Чоркӯҳи Исфара.
Шавкат Раҷабов, сокини Чоркӯҳи Исфара.

Як сокини Исфара мехоҳад, ки ҳарчӣ зудтар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро муайян кунанд ва ӯ дигарбора соҳиби заминҳои кишоварзиаш шавад.

Шавкат Раҷабов иддао дорад, ки 20 сол пеш заминашро дар атрофи маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ "аз даст дод" ва наметавонад ба он ворид шавад. Мақомот борҳо барояш ваъда додаанд, ки масъаларо ҳал хоҳанд кард, аммо чизе тағйир наёфтааст.

Ӯ мегӯяд, ки сокинони Қирғизистон бештар аз 5 гектар замини кишоварзии ӯву як коршарикашро аз худ кардаанд ва дар баъзе қитъаҳояш хона бунёд намудаанд.

"Соли гузашта, 16-уми феврал Комиссияи делимитатсия ва деморкатсия омада буд. Бо камера гуфтушунид карданд ва ҳамаи ин ҷоро сабт намуданд. Ман низ ҳузур доштам ва суханҳоямро гуфтам. Вайҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки мо инро дида мебароем. Ҳам намояндагони қирғизҳо ва ҳам намояндагони тоҷикҳо гуфтанд, ки ҳарҷое хона бунёд шудааст, он баргардонида намешавад. Ман норозигӣ баён кардам. Баъд гуфтанд, ки ба ин масъала ду президент нуқта мегузоранд",-мегӯяд ин сокини Исфара.

Ба гуфтаи Раҷабов, бо вуҷуди имзои созишномаи марзӣ, тӯли тақрибан се моҳ боз аз намояндагони расмӣ ба ӯ ҳеҷ аломате аз таъини замини кишоварзиаш нарасидааст. Ӯ умедвор буд, ки ин баҳор заминҳояшро кишт мекунад ва ҳосили хуб гирифта, зиёни чандинсолаашро ҷуброн менамояд.

Чоркӯҳ мунтазири бозпас гирифтани замин аз Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Шавкат Раҷабов афзуд, ки солҳои 2007, 2008, 2009, 2011 ва 2018, аз президент то ба Маҷлиси Олӣ нома навишт ва мушкилашро дар миён гузошт. Мегӯяд, посух дарёфт кард, ки интизор бошад, то Комиссияи делимитатсия ва деморкатсия ояду масъаларо ҳал кунад. "Соли гузашта комиссия омад ва имсол моҳи май тамом шуду ниҳолҳои ман ҳамааш дар ҳоли хушк шудан ҳастанд. Ман ҳанӯз ҳам ба умед ҳастам".

Дурустии гуфтаҳои Шавкат Раҷабовро ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорад, таъйид менамояд. Ӯ ҳарчанд иддао дорад, ки заминҳои хоҷагии деҳқониаш ҳеч гоҳ баҳсӣ набуд, мақомот дар аксар ҷавобҳояшон зикр кардаанд, ки "ин ҳудуд минтақаи баҳсӣ аст ва комиссия барои муайян кардани он кор мекунад".

Дар гузашта ҷониби Қирғизистон ҳамвора азхудкунии заминҳоро рад ва баъзе аз қитъаҳоро дар марз бо Тоҷикистон, "баҳсӣ" арзёбӣ мекард.

Шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо ду ноҳияи вилояти Бодканди Қирғизистон чанд минтақаи баҳсӣ дорад ва сокинонаш борҳо бо ҳамдигар барои обу замину чарогоҳ муноқиша кардаанд.

Шавкат Раҷабов ҳам мегӯяд, мақомоти Қирғизистон борҳо ӯро аз дохили замини кишоварзиаш боздошт карда, "ҷинояткор" муаррифӣ карданд.

Ҳамакнун интизор дорад, ки ҳам "сафед" мешаваду ҳам заминҳояшро ҳарчӣ зудтар ба даст оварда, пайи дарёфти ризқу рӯзиаш мегардад.

Моҳи марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз баҳсҳои тӯлонӣ созиши марзиро имзо карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба ҳазор километр марзи муштарак доранд ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG