Эътилофи бонувони журналист дар Тоҷикистон мегӯяд, ба онҳо иҷоза надодаанд, ки ҳамоиши дуввуми занони рӯзноманигор дар Осиёи Марказиро дар Душанбе баргузор кунанд.
Ҳанӯз мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодаанд.
Эътилофи мазкур рӯзи 2-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, дар меҳмонхонаҳои "Серена" ва сипас "Румӣ", ки омодаи мизбонии ҳамоиш буданд, нагузоштанд, ки бонувони журналисти аз минтақа ҷамъомада дар бораи озодии баён ва баробарии ҳуқуқ сӯҳбат кунанд.
Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин нишаст, масъулони меҳмонхонаҳо бидуни пеш овардани далели мушаххасе аз ширкатдорони ҳамоиш хостанд толорро тарк кунанд. Яке аз ташкилкунандагони ин чорабинӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то оғози нишаст ҳеч иттилое барои лағви чорабинӣ ба он онҳо нарасида буд.
“Дар аввал мо бо "Серена" мувофиқа карда будем ва толорро омода мекардем, ки онҳо бидуни шарҳ додани сабабе моро ронданд. Баъдан мо ба меҳмонхонаи "Румӣ" рафтем. Онҷо ба мувофиқа расидем, аммо рӯзи 1-уми май, замоне ки чорабинӣ аллакай сар шудаву меҳмонҳо ҳама расида буданд, ба мо хабар доданд, ки бояд ин ҷойро тарк кунем”, -хабар дод мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, масъулини меҳмонхона танҳо хабар доданд, ки ба онҳо дастур шудааст, то чорабиниро лағв кунанд ва онҳо то ҳол намедонанд, ки кӣ ба онҳо чунин дастур дода.
Дар изҳороте, ки Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон нашр кард, аз ҷумла, омадааст:
"Ин ҳодиса барои 50 бонуи хабарнигор ва ширкатдори конфронс аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин меҳмонҳои хориҷиву дипломатҳо, ки дар конфронс ҳузур доштанд, мояи ноумедии бузург шуд. Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки мақсади конфронс эҷоди фазои амн барои табодули касбӣ, муҳокимаи масоили занон дар матбуот... мебошад. Лағви чорабинӣ дар остонаи Рӯзи байналмилалии озодии матбуот рух дод".
Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки ба ин чорабинӣ даъватӣ буд, аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ дар вокуниш ба чунин ранг гирифтани кор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шоми 1 май гуфт:
“Беҳтарин бонувони журналистро аз Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи марказӣ бидуни пеш овардани сабаб хоҳиш карданд, ки толорро тарк кунанд. Новобаста ба он, ки дар ин маърака озодии баён гуфта мешуд. Тоҷикистон ҳамчун узви СММ уҳдадор аст риояти ҳуқуқи инсонро таъмин кунад. Ин уҳдадорӣ аст, интихоб не. Озодии баён ҷиноят нест».
Рӯзи 2 май масъулони меҳмонхонаҳои "Серена" ва "Румӣ" сабаби монеъ шудан ба баргузории ҳамоишро ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодии баён ва ба зиндон андохтани хабарнигорони мустақил ва ошкоргӯ пайваста танқид мешавад.
Яке аз танқидҳои ахир ба 8 соли зиндони Рухшона Ҳакимова дар соли ҷорӣ ва 20 соли ҳабси Улфатхоним Мамадшоева дар соли 2022 рабт дорад, ки аз забони созмонҳои ҳомии озодии баён садо медиҳад.
Ин дуюмин конфронси байналмиллалии занони рӯзноманигорон дар Душанбе буд. Соли гузашта он рӯзи 3-юми май дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар меҳмонхонаи "Ҳилтон" бо шуморе аз рӯзноманигорони зан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд.
Ташкилкунандагони конфронс – Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Лоиҳаи Интернюс CARAVAN, Сафорати Олмон ва Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон мебошанд.
Гуфтугӯ