Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтан гарон, бозгашт арзон. Муҳоҷирон аз болоравии нархи билетҳо нигаронанд


Бархе аз сокинони Тоҷикистон нигаронанд, ки бо оғози мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия, билети ҳавопаймо ба маротиб гаронтар шудааст.

Ҷамила Низомиддинова, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи билет назар ба як сол пеш хеле гарон шудааст.

Ӯ гуфт, "як сол пеш 2800 ё 2900 сомонӣ буд. Ҳозир наздики 4000 сомонӣ шудааст. Боз овозаҳое ҳастанд, ки гӯё пас аз 9 май 5000 ё 6000 сомонӣ мешавад. Ҳамин хел мегӯянд, боз намедонам",-изҳор дошт ӯ.

Дар нуқтаҳои билетфурӯшии назди бозори собиқи "Шоҳмансур"-и Душанбе афроде, ки билет мехаранд, чандон зиёд набуданд. Фурӯшандагон билет мегӯянд, бо вуҷуди талаботи кам, нархи он ба шаҳрҳои Русия гаронтар шудааст.

Корманди яке аз билетфурӯшиҳои пойтахт, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҳолатҳое низ ҳастанд, ки ҳавопаймоҳо бо курсиҳои холӣ парвоз мекунанд, вале бо ин вуҷуд, нарх поин намеравад. Ӯ як далели кам будани мусофиронро, сафари муҳоҷирон тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия номид.

Аммо Розиябону Эргашева, аз яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ рӯзи 30 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи билет ба он бастагӣ дорад, ки мусофир онро чанд рӯз пеш аз сафар мехарад.

"Масалан, шумо ду ҳафта пеш билетро харед, арзонтар мегиред. Агар рӯзи сафар наздиктар шавад, билет табиист, ки гаронтар мешавад. Дар ҳар класс 20 ҷой ҷудо карда мешавад ва барои ҳамин одамон онро мехаранд, нархи билет оҳиста-оҳиста қимат шудан мегирад. Аз ҳамин вобаста аст",-афзуд ӯ.

Нигаронӣ аз болоравии нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҳамчунин нархи билет дар мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия гаронтар шуда, ба кадом фурудгоҳи Русия парвоз кардани мусофирон ҳам бастагӣ дорад.

"Дар баҳор аз самти Душанбе ба Русия воқеан ҳам нархҳо қимат мешаванд. Вақте ки таътил сар мешавад, нархҳо арзон мешаванд. Баръакс он вақт нархҳо аз самти Русия ба Тоҷикистон қимат мешавад. Мисол, агар ҳозир барои 1 май ба фурудгоҳҳои Жуковский ё Домодедово билет харидорӣ кунед, қимати билет ба аввалӣ 3360 сомонӣ ва ба дувумӣ 3780 сомонӣ мебошад",- илова кард Эргашева.

Муҳоҷирони тоҷик дар фасли баҳор ба Русия мераванд ва дар охири тирамоҳ ва аввали зимистон ба ватан бармегарданд.

Хатсайри Маскав-Душанбе яке аз масирҳои асосии сафари муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Шабонарӯз дар ин масир то 7 парвоз сурат мегиранд.

Гаронии билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷиронро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ, аз ҷумла, бо автобус, ба Русия сафар кунанд.

Сафар бо нақлиёти заминӣ то 3-4 рӯз тӯл мекашад ва муҳоҷирон мегӯянд, дар роҳҳо, бахусус дар биёбонҳои Қазоқистон, азоб мекашанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Русия на ба ҳамаи онҳо иҷозаи вуруд медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG