Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаҳои мусобиқаро дар Ёвон паҳлавонони тоҷик соҳиб шуданд 


Мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Ҷашни байнулмилалии Наврӯз, ки 27-уми апрел дар ноҳияи Ёвон барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавонони тоҷик хотима ёфт.

Дар ин мусобиқаи гуштигирӣ, ки бо ҳузури беш аз 30 ҳазор тамошобин баргузор шуд, дар баробари паҳлавонони тоҷик меҳмонон аз Афғонистон, Италия, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Миср, Русия, Узбекистон ва Эрон иштирок карданд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои гуштии бостонии миллии тоҷикӣ, яъне бе маҳдудияти вақт ва вазни паҳлавон, бидуни гирифтани имтиёз ва додани муҷозот сурат гирифт. Ғолиб танҳо дар мавриди ба тахтапушт хобондани ҳариф муайян карда шуд.

Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои арзишманд, ба мисли мошинҳои сабукрав, қолин, яхдон, гов, уштур ва ғайра сарфароз гаштанд.

Барои шоҳҷоизаи аввали мусобиқа (мошини сабукрав) паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён бар Ҳусейн Холмурзоев аз Русия дастболо шуд.

Шоҳҷоизаи дуюми мусобиқа насиби гуштигири тоҷик Ғазалшои Давлатшо гардид. Вай дар қувваозмоии ҳалкунанда паҳлавони узбекистонӣ Бекмурод Олтибоевро шикаст дод.

Шоҳҷоизаи сеюмро паҳлавони дигари тоҷик Дадахон Қурбоналиев ба даст овард. Ӯ Шералӣ Ҷураевро аз Узбекистон мағлуб кард.

Шоҳҷоизаи чаҳорум низ ба паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров супурда шуд. Вай бар паҳлавони русиягӣ пирӯз гашт.

Барои шоҳҷоизаи панҷуми мусобиқа паҳлавони тоҷик Фирдавс Насимов бо Муҳсин Ҳисомиддинов аз Узбекистон давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.

Дар мусобиқаи гуштигирӣ дар Ёвон, инчунин паҳлавонони тоҷик Муллораҷаб Халифаев ва Абубакри Акобир хуб ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷоизаҳои олӣ – уштур – гардиданд.

Ба паҳлавони номдори русиягӣ Ҳасан Холмурзоев, барандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки дар мусобиқаи гуштигирӣ дар Ёвон ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат дошт, мошини сабукрав тақдим гардид.

XS
SM
MD
LG