Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се корманди шабакаҳои барқ дар Хатлон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳамагӣ се рӯз пас аз имзои иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии барқ, мақомот аз боздошти дастикам се нафар, хабар доданд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамаи боздоштшудаҳо кормандони шабакаҳои барқӣ ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел иловаҳоро ба Кодекси ҷиноӣ имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ду рӯз пас аз имзои ин фармон, барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди нав таъсис дода шуд. Тибқи фармони раисҷумҳур аз 17 апрел, Оҷонси назорати давлатии энергетика баъд аз як моҳ ба кор сар мекунад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18 апрел хабар дод, ки кормандони ин ниҳод, як сокини ноҳияи Кушониёнро ба гумони "азхудкунӣ ва исрофкорӣ" боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар хабари ВКД гуфта шудааст, ки ин фард аз соли 2022 ба ин тараф дар вазифаи нозири Шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кор карда, солҳои 2024-2025 аз 27 сокини яке аз деҳаҳои ҳамин ноҳия моҳона аз 50 то 300 сомонӣ, дар маҷмуъ, 58 ҳазору 750 сомонӣ гирифта, танҳо 8797 сомониро ба суратҳисоби ин ниҳод ворид карда, боқимондаро аз худ намудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин аз боздошти раҳбари тиҷоратии "Шабакаҳои барқ" ва нозири барқи ҳамин ниҳод дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод, ки давоми 15 моҳи ахир аз 68 нафар аз муштариён, дар маҷмӯъ беш аз 70 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуда, аз ин маблағ 38 ҳазору 366 сомониро ба суратҳисоби "Шабакаҳои тақсимот" гузаронида, боқимондаро ба ҷайб задаанд.

Вазорат гуфтааст, ки нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо тибқи моддаи 245 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ, парванда боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.

Назари ин афрод ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест. Ва низ гуфта нашудааст, ки онҳо кай ва таҳти чӣ шароите боздошт шуданд. Маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не.

Пешниҳоди ҷазо барои напардохтани пули барқ рӯзи 27-уми марти имсол дар ҷаласаи ҳукумат аз забони президент Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Баъди камтар аз як ҳафта, 2-юми апрел, Маҷлиси намояндагон пешниҳоди президентро ҷонибдорӣ ва ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард. Ҷазои ҷиноӣ барои дуздии барқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.

Бар пояи тарҳи қонуне, ки вакилони ҳарду палатаи порлумон қабул карданд, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ аз 27 то 41 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то се сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Агар дуздии барқ ба миқдори калон ва ё аз ҷониби шахси мансабдор анҷом шавад, гунаҳкор аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз се то шаш сол зиндонӣ мешавад. Муқаррароти нави қонун барои дуздии барқ ба миқдори махсусан калон ё аз сӯи гуруҳҳои муташаккил, аз шаш то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дуздӣ ё корбурди ғайриқонунии барқ то ин вақт гуноҳи маъмурӣ ба шумор рафта, ҷазояш то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима буд. Мақомот бовар доранд, ки бо сахттар кардани ҷазо, дуздии барқ камтар мешавад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 27-уми март дар ҷаласаи ҳукумат аз "истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар тирамоҳу зимистони 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард."

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз мардумро гунаҳкор мекунанд, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро намедиҳанд ва ё онро бидуни ҳисобкунак истифода мебаранд. Сокинон, баръакс, даъво доранд, ки ҳар моҳ нозирон пули барқро аз онҳо меситонанд, вагарна бе гармиву рӯшноӣ хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG