Бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расидааст. Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон маълумоти охирро дар бораи пайомади зилзилаи харобиовар дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод рӯзи 14-уми апрел дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.
Ба иттилои манбаъ, аз заминларзаи рӯзе пеш дар деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кул, Аскалон ва Хулаки ноҳияи Рашт 40 хона пурра, 5 хона қисман, 5 чойхона қисман ва як мактаб зарар дидаанд.
Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита мегӯяд, Абдуғанӣ Машрабови сесола, сокини деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт “зери девори хонаи истиқоматӣ монда ҷон бохт”.
Ҳамчунин тибқи маълумоти пешакӣ, ба асари ин зилзила дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар "маҷмуъ 54 хонаи истиқоматӣ пурра, 45 хонаи истиқоматӣ қисман, 61 хонаи истиқоматӣ сабук, 2 мактаб сабук, 196 иншооти ёрирасон пурра, 3 фароғатгоҳ (чойхона) ва 1 бунгоҳи тиббӣ қисман зарар дидаанд".
Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамзамон аз вуқӯи се пасларза дар қаламрави Тоҷикистон дар рӯзи 13-уми апрел хабар дод, ки маркази ҳамаи онҳо ноҳияи Рашт будааст.
КҲФ мегӯяд, ҳамакнун кумисюни ҳукуматӣ зарари расида аз зилзиларо ҳисоб дорад. Ба ин ҳайат муовини сарвазир, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, сардори Идораи геология, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дохиланд ва ба минтақа рафтаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел дар паёме хостааст, ки “ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад.”
Заминларза соати 9:24-и рӯзи 13-уми апрел рух дода, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод. Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ, маркази заминларза дар 21-километрии ноҳияи Рашт ва дар ҳудуди Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда буд. Аз ҷумла, соли 2021 бар асари зилзила панҷ сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд. Пеш аз он, дар моҳи июли соли 2020 наздик ба шаст хона дар чаҳор деҳаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб диданд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.