Дар овоздиҳие, ки ба навиштаи ин манбаъ пинҳонӣ барпо гардид, номзадии Рустам Эмомалӣ – раиси шаҳри Душанбе, Мунира Каримзода – сартабиби Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдакона, Нуриддини Муҳиддин – ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Қудрат Давлатзода– ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Қобилҷон Хушвахтзода – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба узвияти Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии порлумон интихоб шуданд.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барпо мешавад.
Аъзои ин палатаи болоии парлумон аз сӯи маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд. Палатаи болоии порлумон 33 узв дорад, ки 25 нафари он аз ҳисоби панҷ минтақаи кишвар ва 8 нафари он аз сӯи президент таъин мешаванд.
Аксар курсиҳои Маҷлиси миллӣ дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аст. Аз соли 2020 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент раиси Маҷлиси миллӣ аст. Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввуми Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо ё вафоти раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯ то интихобот ба уҳдаи роҳбари палатаи болоии порлумон мегузарад.
Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи палатаи болоии порлумон ба кор оғоз мекунанд.
Мунтақидон мегӯянд, Маҷлиси миллӣ тақрибан ҳама пешниҳодҳои ҳукуматро бидуни баҳсҳои сахт қабул мекунад.
Гуфтугӯ